21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам.

  •        Николай Расторгуев –рохбари гурухи русии «Любэ» таваллуд шудааст. Аввалин таронаи ин гурух 14 январи соли 1989 дар студияи «Звук» сабт шуда будааст.

        Холо гумонам, ки сарояндахои мо на хама чиро дар мавриди ин гурух ва рохбари он медонад, вагарна хар 5 сол пас дар  варакахои овоздихи барои ворид шудан ба парлумон номи сад сарояндаро дидан мумкин мешуд. Росторгуев депутат аст ку…

 

  • Жанна Кальман  таваллуд шудааст (1875). У 122 сол умр дидааст, ки рекорд аст.

        Албатта!!! Агар момаи Жанна мисли момаи ман аз 2 км бо ду сатиле, ки хатто рахматии бобоям базур онхоро мебардошт, об меовард, агар дар бебаркиву торики сад бор сараш ба болодариву ба сутуни долонаш мезад, агар субху нимарузу шом гизои якранг ва якмазза мехурд, агар 11 фарзанд таваллуд мекарду як хаёт дар пушти дари райкому раиси Хукумати нохия дар навбати як пора замин меистод… ба гумон буд, ки 122 сол умр медид!!!

 

  • Михаил Бонч-Бруевич –радиотехники рус, асосгузори радиои шурави таваллуд шудааст (1888).

        Радиои шурави буд, «хаст»  ва ба гумонам , ки «мемонад!»  Чи хел фахмидед? Ягон чиз фахмидед?

 

  • Федор Хитров – таваллуд шудааст (1903). У чаррох ва асосгузори чарохии плостикии русси буд.

        Бале, дар кишвархое, ки чаррохону олимони варзида дорад, чаррохии плостикиро онхо ихтироъ мекунанду рушд медиханд, аммо дар бештари кишвархои кафомонда  «чаррохии плостики» ва дигаргун сохтани чехраи инсонхо ва хатто хулку атворашон ба души телевизионхо аст!!!

         

  • Мучассамаи Чорч Вашингтон дар шахри хамномаш кушода шудааст (1885). Он баландтарин дар дунё аст -169,3 метр, ки сохтмонаш 36 сол – аз соли 1848 то соли 1884 давом кардааст.

        Лекин ман нафахмидам – сохтмонаш бо сабаби мушкил будани лоиха 36 сол давом карда бошад ё барои он, ки онро ширкати «Мовароуннахр» месохт?

 

  • Дар ФР рекламаи тамоку ва машрубот ба воситаи ТВ манъ карда мешавад (1995)

        Ханузам ман  ба акидаи ким кадом донишманд рози хастам, ки «ягон чиро бояд пурра ичозат надод ва хам ягон чиро пурра бояд манъ  накард»

         

  • Бенедикт /Барух/ СПИНОЗА – файласуфи холанди вафот кардааст (1677)

        «Хама чиз дар натичаи зарурат ба миён меояд. Дар табиат неки ва бади худ ба худ вучуд надоранд!»

                                                                                                                                                                                               Спиноза

 

  • Баъди он, ки дигарон сагу маймунро ба кайхон фиристоданд, фаронсавихо бо ракетаи «Вероника» мушхоро ба кайхон равон карданд (1961)

        Олимон дар кайхон ва сайёрахои дигар нишонахои хаётро мечуянд. Ин корашон бошад, тамоман мукаррари аст – хар кучое, ки хаёт аст ва ё агар зиндаги огоз мегардад,  ончо хох нохох  маймун, саг, хирс, курбокка, мор ва хатто шаголу бузу муш хам хаст ва бояд бошад!

 

  • Бо ибтикори чаласаи 30-юми Конфронси Кулли Юнеско аз хамон сол 21 феврал чун рузи байналмилалии Забони Модари тачлил карда мешавад (2000)

        АЗ МИЛЛАТУ АЗ ЗАБОНИ ХУД ЁД КУНЕД,

        АРВОХИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕД.

        ХОХЕД, КИ БА ТОЧИКИ ХАРФ ЗАНАД ТИФЛИ ШУМО,

        ДУНЁИ ВАРО ТОЧИКИ БУНЁД КУНЕД!!!

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: