17 ноябри соли 2010

            Агар  ба андозаи хамон  тарсе, ки дар майнаву дили мост мо чуръат ва саъй медоштем, холо на он касоне будем, ки хастем! Холо хам бад нестем, аммо дар хама амалу харакатамон хамон эхсоси тарс чо шудааст ва ба назари баъзехо  чунин мерасад, ки он на тарс, балки кадом эхсоси ба масъулияту эхтиёткори ва санчидан вобастае  аст. Бубинед, ки мо хангоми замин харидан метарсем, ки мабодо баъди хона сохтан моро аз инчо мекучонанд, ёхангоми харидории хавли низ,  хангоми мошинрони хатто дар холи дурустии хучатхоямон хам, метарсем, ки нозирони рох моро нигох медоранд, замоне, ки  ба мачлис даъват мешавем, аз натичаи он метарсем, ки мабодо ба газаби раис ё рохбар гирифтор нашавем…Хулоса, ин гуна холат кам нест. Ин андешаро як мехмони радиои мо хам, ки аз Шветсария буд, баён кард. Гуфт, ки «ман вакте ки ба назди гуштфуруш меравам, фикр намекунам, ки у маро фиреб мекунад, ё чи хел карда гушти хуб бигирам…..Ман дар ин бора умуман фикр намекунам, зеро медонам, ки у ба ман факат гушти хубро медихад». Аммо инчо мо бояд бо хар чизи нодаркору камахамият майнаамонро пур кунем, зеро хамон гуштфуруш, хамон раис, хамон ронанда ва хамон…хамватани мо холо тамоман дигаргуна фикр мекунанд ва фахмиши фарккунандае доранд….

          Имруз дар мавриди мошин ва ронанда, нозирони минтакавии милиса, киссаи чияни ким кадом ректор, гапи зан ва сирри чехраи кушодаи зан навиштаам!

  • Соихиро Хонда –точири чопони, асосгузори ширкати мошинсозии ХОНДА таваллуд шудааст (1906) 

         Як хабар:

-Кормандони БДА ба барррасии намояндагои мардум дар Парлумон лоихаи конунеро пешниход карданд, ки мувофики он бояд чарима аз ронандагони  мошинхои хоричи  ба андозаи баробар ба маоши як корманди хамон заводе, ки он мошинро сохтааст, ситонида шавад!

 

  •   Дар СССР хадамоти нозирони минтакави таъсис дода шудааст (1923)  

Нозир, нозир, доди худои, нозир,

Лекин ту  бигу, ки дар кучои, нозир?

Пур шуд куча аз хангиву бангиву гаранг,

Чун хоб бие, кучо бачои, нозир  

Навиштае дар сахифаи эълонхои ким кадом газетае: 

«02 –агар шахс ба кадом холати нохуб афтида бошад»

«03 – агар шахс ба 02 афтида бошад» 

Ё худ латифаи дигар: Нозири солхурда ва тачрибадори минтакави ба шогирди чавонаш мегуяд:

         -Ёб, кани дар кори мо чи чиз аз хама мухим аст, ки бо харфи «Н» сар мешавад?

Чавобхои пешниходкардаи у –нигох, назорат, неки, накукори, наручник ва назаданро устодаш кабул намекунад ва мегуяд:

-Фаромуш накун, шогирд, дар кори мо чизи аз хама мухим, ки бо харфи «Н» сар мешавад, ин «Нтелект» аст, «нтелект».  Фахмиди, бесавод???

 

  • Аз чониби хукуматдорони олмони макотиби олии Чехия баста шуда, чанд тан аз донишчуён парронда мешаванд. Аз хамин сана Рузи байналмилалии донишчуён кайд карда мешавад (1939)

         «Ректор пеш аз имтихони дохилшави хама аъзоёни комиссияи кабул ва имтихониро даъват карда мегуяд, ки як чиянаш бо фалон ному насаб имсол хуччат супоридааст ва у хатман бояд дохил шавад. Баъди имтихон хангоми тафтиши варакахо имтихони мебинанд, ки хамон чияни ректор дар миёнаи варака бе он ки онро пур кунад,  навиштааст, ки «Ман хондан намехохам!!!» Аъзоёни комиссия хайрон мешаванд ва намедонанд, ки чи кор кунанд. Пештар аз чамъбасти натичахои имтихони дохилшави дар поени  хамон навиштаи чияни ректор менависанд, ки : «Мембриву мехони! 5 !!!»    

 

  • Хамсари Чан Кайши президенти хамонвактаи Амрико Ф.Рузвельтро аз раъйи хамла ба Бирма баргардонд (1942)

Агар чунин аст, пас маълум мешавад, ки дар катори баргардонидан аз рохи чанг занхо шояд ба воситаи шавхарони сарвару гаправи худ дар ташкилу доман пахн сохтан сад  бахсу чанги дигар хам накш доранд! Мард агар як гапи заро гирифта аз чанг даст кашида бошад, пас мушаххас аст, ки бо ним гапи зан ба кишвари дигар лашкар мекашад. Боз ки медонад?

  

  • Беназир Бхутто ба макоми Сарвазири Покистон мерасад (1988)

У аввалин зан буд, ки сарвари хукумати як  кишвари мусулмони интихоб шуда буд.

Гар шавад сарвазиру ё  «ба фалак хайма занад»,

Дасти мард нест агар, зан хама сард асту ях аст!!!

 

Один ответ

  1. тарс ин як холати равонии инсонхост. хадду андозаи онро тафаккури мо муаян мекунад ва шояд тахдиде, ки мо интизорем ба хамон хад набошад. Шаш сяи тарс дар як асаи Наполеон Хилл шархи хуб ёфтааст. амсоли тарс аз нобовари, аз камбагали,..ва г.
    Аммо Чон Кехо дар асари худ «Подсознание может всё» гуфтааст, ки байни шуури одамон ва тамоми коинот таъсири мутакобилае хаст. Аз ин ру он чи мо дар зехнамон мепарварем хосилашро аз коинот мегирем.
    Донишманди эрони Алиризо Озмандиён, ки дуктури улуми тикники афкор (техникаи афкор) ва муассиси созмони «Падидаи фикр» дар Техрон аст, у низ хамин анзарияро дастгири мекунад.
    Умуман мардуми Амрико низ мусбатандешанд. дар бадтарин холат мусбатандеши мекунанд…хамон гушхар хам аз зумраи чунин одамон аст. У бо зехнаш пешаки гушти нагзро ба коинот фармоиш медихед. ва чунин гушт насибаш мешавад.
    Ин конунро бовар кунед Рози аксарияти одамони муваффак хамин аст!

    Нравится

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше