Ман ронанда мешавам! (1)

     Ман ният карда будам, ки ба ягон курс ё мактаби  тайёркунии ронандахо меравам. Ба яке аз чунин мактаби ронадаги хуччат супоридам,  маблаги тахсилро хам пардохт кардам ва ман акнун шунавандаи хамин гуна курси кутохмуддати омодасозии ронандахо хастам. Имруз дар машгулияти аввал ба хулосае омадам, ки хар чизе, ки дар дарсхо мушохида мекунам, барои худам ва барои шумо менависам.  Аммо факат рузи хатми ин курс хохам гуфт, ки он кадом мактаб буд ва муаллими мо ки буд. Номи  ин бахшро хам дар блогам дар чараёни дарси аввал фикр кардам: «Ман ронанда мешавам!(1, 2,3 ва хоказо)»  Имруз мушохидаи худро аз чараёни дарси аввал навиштам.

        

Ман  10 дакика пештар аз огози дарсхо омадам. Чанд тан зери назорати муаллим девори беруни мактабро ранг мекарданд. Онхо ба гумонам аз гурухи нимарузи буданд. Баъдтар хамон рангу  асбобу анчомро дар синфхонаи дарсии мо муаллим нишон дода, гуфт, ки «агар онхоро дар берун мегузоштам, мебурданд ва дуздро ёфтан душвор аст…». Ворид шудам ба синфхона. Якчо бо бонуе, ки каме дертар ба дарс омад,  мо 14 нафар шудем. Муаллим барои хама хам бо забони точики ва хам бо забони тамоман хароби руси кушиш мекард, ки тартиби омузиш ва ронандагиро баён кунад. Ними шунавандахои ин курс точикони русзабон хастанд. Вакте ки муаллим дар мавриди бо забони точики сурат гирифтани имтихон дар БДА барои гирифтани хуччати ронандаги гуфт, хамин ними гурух нигарон шуданд. Баъд муаллим рохи халро хам гуфт: «барои он ки бо забони руси имтихон супоред, шумо бояд ариза нависед ва мутасаддии мактаб онхоро дар ин бора огох мекунад…» Ба дилам гуфтам, ки агар ман муаллими ин гурух мебудам, бо хамон забони шикастаи руси тамоман харф намезадам, зеро дар гурух хамаги точик хастанд. Бояд акалан точики харф заданро аз точики шунидан омузанд!!! (Аз руи мушохидахои ман дар ин мактаб курсхо бо забонхо чудо намешавад.) Хулоса, ки дар вараке бо супориши устод хама нафарони имруз ба дарс омада ному насаб ва телефони худро навиштанд. Ба хусни хати «хамкурсон»-ам нигариста, хазор бори дигар шукри будани модарамро кардам, ки дар даврони мактаби барои зебо навиштанам, чи кадар кушиш мекарду тавсия медод, хатто бо химча ба ангуштонам мезад. Муаллим сабаби гирифтани раками телефонхои хонаги ва мобилии моро фахмонд: «вакте ки комиссия меояд, ман бояд шуморо аз таги замин хам ёбам…». У  як нусхаи шартномаро барои мо хонд. Дар он факат вазифахои шунавандагони курс омада буд. Ман ки токати камтар дорам, дархол пурсидам, ки «устод, чаро инчо дар баробари вазифахои мо вазифахои мактаби ронандагии Шумо нест?».  Он шартнома вокеан хам яктарафа буд. Устод бо чанд чумла фахмонд, ки «хамин синфхона, асбобхои аёни барои шумо аз чониби мактаб аст-ку!»  Дар мавриди адабиёт бошад, гуфт, ки «агар пулатон бошад, мархамат, харед…».  Гап сари шиноснома омад. Мо бояд онро ба мактаб месупоридаем то бо будани он  мо хамчун шунавандаи ин курс  дар макоми дахлдор  ба кайд гирифта шавем. Ман шиносномаи худро як руз пештар супорида будам. Аммо зани точике, ки бо точики хеле шикаста харф мезад, шубха мекард ва ба ин мактаб гуё тамоман бовар надошт. Хатто телефонашро гирифта ба ким кадом «полковники шинос» -аш занг зада, сабаби гирифтани шиносномахои шунавандахои курсро фахмидан мехост. Каме пештар у хамчунин «ишора» карда буд, ки  корманди ким кадом бонк аст ва миёни милисахову кормандони БДА шиносхои кам надорад. Зане, ки ман уро хануз дар овони донишчуиям дида будаму у имруз худашро тамоман барои ман ношиносу барои хама «замонави» муаррифи мекард ва як карат «я русскоязычная» гуфт, хамчунин намехост, ки шиносномаи худро барои чанд руз ба маъмурияти ин мактаб биорад. Чавонписаре, ки пештар аз ин ду бону менишаст, ба назарам «ким чи хел» тофт. Харакату суханрониаш он кадар ба ман писанд наомад. Хис мешуд, ки бо як руз пештар аз мо ба дарс омаданаш, фахр дорад, аммо он «фахраш»  ким чи хел  мардона набуд!  Ё ба назари ман чунин намуд? Намедонам!

Аммо бештар маро нафаре, ки пахлуи худам буд ба газаб меовард. Тасаввур кунед, ки у ва нафари дигари пештар аз мо нишаста ба дохили кутии партовхо, ки дар пахлуи онхо гузошта шуда буд, бонавбат «туф» мекарданд (!) Имруз замони тайёри барои радиомарафон бахшида ба Рузи мубориза бо бемории сил (ки рузи 24 май дар Радиои «Ватан» баргузор мешавад,) ман хамин чиро хонда, рости гап бо дидани ин манзара каме норохат хам шудам, ки наход дар дохили синфхона чавоне, ки кариб 30 сола аст, «аху туфу уху-уху» карда, онро ба куттти партовхо андозад?

Хулоса, ки «хамкурсон»-и ман  хар кадом бо таври худ мехост нишон бидихад, ки бо точики харф назаданашон онхо «замонави» хастанду серкоранд ва андешахои хеле «пешрафта» доранд! Хатто як бону коидахои омузиш, дигаргунихо дар ин бахш ва  дар мачмуъ -гирифтани хуччати ронандаги, чараен ва тартибро дар хамин самт ва дар хамин мактаб  шунида, онро «тупизм»  хам унвон кард. Агар чанд карат берун рафтани муаллим, «туф»-и нафарони пахлуям, «русси-вохима»-и чанд бону ва пешниход нашудани ягон мавзуъро барои имруз ба назар нагирам, дигар хама чи хуб буд!

Хулоса, ки имруз ман «хамкурсон» -и худро дар накши РОНАНДАе, ки ба тамоми коидахои харакат дар рох риоя мекунаду фахмиши замонави дорад, тамоман тасаввур карда натавонистам.  Ва хам намедонам, ки онхо дар бораи ман чи фикр карданд. Пагох, агар насиб бошад, мушохидахои худро аз рузи дуюми тахсилам дар курси ронандаги менависам. Интизор шавед!

комментариев 6

  1. Субхон, агар мактаб маъкул нашавад, биеёд баъди Навруз рафики ман мактаби нави ронандаги мекушояд, шояд бехтар бошад… 🙂

    • Саломат бошед! Медонед, агар рафикатон колабшикан бошад ва усулхои наву замонави ва гайриоддии ронандаги ва таълими ронандахои ояндаро чори кунад, бехтарин кооро мекунад. Масалан, ман мехостам, ки дар хар синфхона комп. ва интернет бошад, экран барои тамошои роликхои махсус бошад, дар машгулиятхо ходисахои вокеи, яъне садама ва холатхои садамавии бахсангез, ки онро хадамоти матбуоти ВКД ва ё БДА сабт кардааст, нишон дода шавад….🙂 Хулоса, ки вариантхои тамоман шавковар ва нави омузишро чори кардан мумкин аст. Хаёлбофи кардан лозим аст факат, дигар мардум хар маблагро метавонад, ки пардохт кунад! Хаёлбофи ва эъчодкори лозим аст ….🙂 Ба хар сурат ТАШАККУР барои пешниход!

  2. Акаи Субхон ин мактаб дар рузхои Навруз истирохат мекарда бошад? Мушохида бисёр чолиб гашт, ба хамин хотир пурсидам, ки чад руз пас давомашро мехонам (гайр аз пагох).)))))

    • Cалом…Гумонам, ки ончо рузхои 21 ва 22 истирохат аст, рузхои дигар машгулиятхо давом мекунанд! Вале холо мушаххас намедонам, ки барои мо чанд руз истирохат медиханд. Аммо дар ин сахифа бе ин мактаб хам хар руз «як чиз ним чиз» хаст🙂 натарсида ворид шавед🙂

  3. Мушохидахои чолиб…аммо агар дар огоз аз аз «мактаби ронандатайёркни» будани он макон ёдовар намешудеду….кучо будани он чоро ба ихтиёри хонандахо мегузоштед…хама бешакк чойи номукаллафон мегумоштанд.. ;))

  4. Худованд, мо пиёда гардонро аз инхел ронандахо нигох дорад., -туф- кардан аломати аз табъаи дигар будани ин одамон хаст ба фикрам, забонро, ки гум карди Худо ба -туф-кардан оварда мерасонидаст да:).
    Аллох ба хар нияти некатон баракат дихад, саломат бошен.
    Хуччати ронандагиро хатман гирен!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: