Чанд фараху халовати бепул дар зиндаги

    Мо аксаран чизхои сода ва фарахбахшро ё эхсос намекунем ва ё ба кадри онхо намерасем. Хатто чизхои содаву бепул хам метавонанд, ки бехтарин эхсосу халоватро оварда бошанд. Хулоса, чанд чизи содаву фарахбахшро, ки хамзамон бепул  ба даст меояд, бароятон пешниход мекунам:

Хушбахтии оилави

  • Рузхои борони хоб кунед, дам гиред. Резиши борон асабатонро ором мекунаду хотироти ширинеро ба ёд меорад;
  • Бо пайдо кардани чанд сомоние, ки як вакт ё шояд чанд сол пештар дар кунчи кадом киссаатон гузошта будед, хурсанд мешавед. Албатта  бо он  бой намешавед, вале ин як эхсоси гуворое аст, хатто барои нафари пулдор хам;
  • Чашматон дар рох ба чашми нафаре бармехурад, ки пур аз мехр аст, пури гарми ва рушнои аст.. Чи кадар гуворо аст холате, ки бархурди нигоххо бо як табассуми малехе ба поён меоянд;
  • Оббози дар оби сарди дарёчаи шухи канори деха чи кадар халоват дорад. Озоди, фарах аз об, поки…;
  • Ба воситаи почта номаи когази ва ё тухфа гирифтан чи кадар гуворо аст. Як вакт ба ёд доред, ки куттии почтаи шумо пур аз номахо буд. Имруз хама чи электрони, сунъи ва камтаъсиру  бетаъсир аст;
  • Хануз ки ранги сурхи чарогак фурузон нашудааст, гузаштан аз чорроха. Бубинед, ки мошинхои дигар аллакай дар кафоанд, вакт барои онхо нарасид, аммо шумо…..;
  • Накл кардани киссае, ки барои дигарон шавковару омузанда буд. Киссахои хубро хам шуниданаш халоват дораду хам накл карданаш;
  • Шунидани суруде, ки ба хамон холати шумо иртибот дорад, наздик буду мувофикат кард.Ё таронае, ки дар чавони онро бенихоят дуст медоштед. Гуворо аст баргашта шуниданаш;
  • Аввалин катраи оби соф вакте ки сахт ташна хастед, чи кадар халоват дорад. Тасаввур кунед, баъди алафдарави, дар кухистон вакти молчарони — оби хунук, нон…хавои тоза;
  • Баъди хомуши шумо ва хамсухбататон якбора хамон як чумла ва ё саволро ба забон меоред. Чизи содае, аммо гуворо, ки боиси шакл гирифтани табассум дар лабонатон мегардад;
  • Пайдо кардани чойи мувофик, соя, кушод ва бехатар барои мошин хам чизи содае аст, аммо рухро болида мекунад. Дар берун овардани мошин азоб намекашед, мошини касеро намехарошед, дар таваккуфгох банд намешавед. Ин албатта хуб аст ку;
  • Шумо ними шаб бедор мешавед ва фикр мекунед, ки дер кардед, аммо чун ба соат назар мекунед, холо вакти зиёде доред. Вакт барои дам гирифтан, хобидан, фикр кардан…. Чи халовате дорад ин;
  • Наззораи одамон. Дар курсие дар бог ва рохраве бишинеду ба мардуми атроф назар кунед. Онхо хар хелаанд, аз хамдигар фарк доранд, гуногунанд. Ба чехрахо назар кунед, дигаргунаанд. Аз харакату сухбату киёфаи онхо бисёр чиро фахмидан мумкин аст;
  • Либоси хуб шусташуда, тоза ва босифат чи кадар халоват дорад. Накхати хуш, мулоим, шинам…;
  • Накхати хонаи модар, гаражи даврони кудаки, осиёбхона ва масчиди деха…; Суратхои кухнаи худатону наздиконатон. Шумо чи кадар онхоро пазмон шудаед. Бозгашт ба хонаи кудаки, хавлии модар ва боги бобои чи кадар халовату фарогате дорад!!!;
  • Мебинед, ки идеяи шумо ба кор меравад, маслихату пешниходи шумо кабул мешавад. Ё баъди чанд рохи нокоми варианти охирин дуруст меояду коратон анчом меёбад. Магар бехтар аз ин халовате хаст?
  • Дароз кашидан руйи рахти хоби нарму нафис, тоза ва покиза. Офтоб нурхои худро ба руйи шумо мерезад. Фикр мекунед, ки ягон мушкил ва проблема надоред; Курпаву болиштатон буйи шиносу рохатборе доранд;
  • Назораи табиати зебо ва сабз. Дар миёни кухсор дари мошинро кушода хавои тоза ва накхати гулу гиёхро ба мошин рох медихед. Хамон суратхоеро зинда мебинед, ки дар Интернет ва ё дар ТВ дида будед;
  • Даврони бегаши ва осудагии кудаки ва наврасии худро ба ёд оварда, дилатон гум мезанад. Дидори хамсинфон, аёдати онхо, ёди лахзахои гуворо чи кадар хуш аст???;
  • Як гапу як чумлаи хандаовар чи кадар рухро болида мекунад, гамро дур мегардонад;
  • Баъди аз толори варзиши баромадан чи хел худро сабуку чолок ва бардам эхсос мекунед. Фардояш мушакхои чисми шумо дард мекунанд, вале чи кадар дарди ширин…;
  • Дар руйи сабзахои хавли ва ё дами дарвоза нишастану назорраи бозии фарзандону наберахо чи кадар халоват дорад. Хониши паррандахо, хонаи обод, писару духтарон, наберахо….;
  • Хар руз кабул кардани ванна, оббози кардан, маводи хушбуйи пошидан. Хамаи ин рухи шуморо болидаву сихатии шуморо устувор мекунад; Сауна ва буг хатман, ки бароятон эхсоси гуворо хадя мекунанд;
  • Вакте  ба касе бе он ки у аз шумо кумак пурсад, кумак мерасонеду дар чехраи у табассум ва каноатмандиро эхсос мекунед, худатон хам рози                             ва хушнуд мешавед. Чи кадар гуворо аст, агар дасти касеро мегиреду ба касе одитарин кумакро мерасонед?!;
  • Ба охир расонидани кору накша ва нияти неке хам ба кас рохат мебахшад. Анчом додани кори огозкарда хамеша гуворо аст. Махсусан агар он кор ба манфиати чомеъа бошад;….

Ин руйхатро метавонед, ки давом бидихед. Агар вокеъан хам назар нек бошаду андеша солим — хатман аз бисер чизхову холатхо халоват гирифтан мумкин аст.  Орзу мекунам, ки хар чизи содаи зебо ва гувороро дар зиндаги дидан тавонеду эхсос кардан хам!!!

(мавод бо баъзе иловахо аз Интернет тарчума шудааст!)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: