Чумлахое, ки шумо бояд хатман ба кудакатон бигуед.

Равоншинос Елена Макаренко руйхати чанд чумлаеро ки мо бояд хатман ба кудаконамон бигуем, тартиб додаст. Ба кавли у ин чумлахо барои рушди солими кудак таъсири хуб мерасонад. Кудак бо шунидани он худро дустдоштани, махбуб, устувор дониста,аз буданаш рози мешавад ва ба кадри шумову атрофиён мерасад. 

Эхсон, Форис ва Аличон

Эхсон, Форис ва Аличон

Бигуед:

  • Ман туро дуст медорам;
  • Бе гараз ман туро дуст медорам;
  • Туро хатто замони газаболудагият дуст медорам;
  • Туро хатто замоне, ки ба газаб меориям, дуст медорам;
  • Туро замони дурият дуст медорам;
  • Агар имкони интихоби дубораи кудакон бошад, ман албатта туро интихоб мекардам;
  • Ташаккур;
  • Бо ту бози кардан бароям писанд аст;
  • Машгулияти дустдоштаи ман тули руз, бози бо ту аст;

Накл кунед:

  • Дар бораи таърихи таваллуд ва зода шудани у;
  • Чи гуна шумо уро бузург кардеду чи хотироти ширине доред;
  • Чи тавр ба онхо ва ё ба у ном фикр кардед ва чаро махз хамин номро ба у гузоштаед;
  • Дар бораи худатон дар сину соли вай;
  • Чи тавр бобою бибии у бо хам вохурдаанд;
  • Рангхои дустдоштаи шумо;
  • Чи гуна барои шумо хам баъзан мушкил аст ё мушкил буд;
  • Дар ояндаи наздик чи гуна накшахои чолиб доред;
  • Кору вазифаи шумо аз чии борат аст?

Гуш кунед:

  • ки фарзанди шумо дар мошин дар чи бора гап мезанад ва мепурсад?
  • у дар бораи бозичахои худаш чи фикр дорад?
  • ки дар кадом мавзуъ у ба кумаки шумо ниёзи бештар дорад?
  • як сония аз ток шудани токататон бештар уро гуш кунед ва ба саволхояш чавоб гардонед;
  • Аз суханхояш дар бораи эхсосоти у маълумот дарёбед;

Пурсед, ки:

  • Чаро фалон ходиса рух дод?
  • Агар фалон кор намешуд, чи холат рух медод;
  • У дар хамон холат чи кор мекард?
  • У вакти хомушиаш дар кадом бора фикр мекунад ё карда истодааст?
  • Тули хамин руз ходисаи аз хама гуворо кадом ходиса буд?
  • Дар бораи маззаи хама хурданихо  пурсед?

Нишон бидихед:

  • Чи корро шумо ва у  метавонистед, ки якчоя бикунанд?
  • Чи гуна аз когаз чизеро бояд сохт?
  • Чи гуна бояд гизо хурд ва чиро бо чи намехуранд?
  • Чи гуна бояд чойхобро партофту чамъу гир кард?
  • Барои ба кадом саволи худ чавоб ёфтан, чи кор бояд кард? Аз ки пурсид? Аз кучо чавоб пайдо кард?
  • Чи гуна бояд бо хамсарон рафтору  муносибат кард?
  • Ки то чи андоза ба худ ахамият додан мухим аст?

Барои кадом кор бояд вакт чудо кунед?:

  • Барои тамошои корхои сохтмони ва ободкори;
  • Барои наззораи парвози паррандахо;
  • Барои омода кардани ин ё он гизо;
  • Барои ба сафар баромадан, куху дашту сахро рафтан;
  • Барои тамошои дастачамъона;
  • Барои машгулиятхои мактаби, дарс ва супоришхои устодон;
  • Барои тамошои бозии кудакатон;

Чи гуна бояд кудакатонро хурсанд кунед:

  • Барояш ягон сюрприз ё тухфаи ногахони кунед;
  • Дар сумкааш ширини пинхон созеду амалкарди уро назора кунед;
  • Гизоии уро эчодкорона тайёр кунед;
  • Хамрохи онхо бози кунед;

Баъзе чизхоро сарфи назар кунед:

  • Баъзе камиву нофахмихоро;
  • Талаботи хеле чидди ва ичронашавандаро;
  • Хамеша худро хак нашуморед;

Дарег надоред:

  • Нигохи самимонаро;
  • Табассуми бесохтакориро;
  • Вактро барои чавоб ба саволхои у;
  • Насихат кардану рохи дурустро нишон доданро;
  • Барои у чихати ислох шудан вакт ё мухлат доданро;
  • Шароит ва имконоти оббози, дарстайёркуни, истирохат ва фарогатро;
  • Пулро барои саводноки, саломати ва зебоии у;

==================================================================================

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: