Издивочи занон бо хурдтар аз худ!

  Нуктае, ки ба он бояд таваччух дошт, ин аст ки дар мавриди ихтилофи синну сол наметавон бо котеият назар дод ва ин матлаб, ки хатман зан бояд аз мард хурдтар бошад, катъи ва хатми намебошад, зеро тачриба нишон додааст, ки бисёре аз занон ва мардон будаанд, ки бо ихтилофи синни зиёд (хатто гохе занони бузургтар аз мардон) бо якдигар издивоч кардаанд ва солхои сол бо камоли оромиш дар канори якдигар зиндаги карда ва хеч гуна мушкили хам надоштаанд, пас ин масъала хатми ва катъи набуда ва бо таваччух ба масоили печидаи зиндаги нисби мебошад.

Равонпизишкони бисёре муътакиданд  «он чи равобити зан ва мардро пойдор мекунад, хамхонии рухиёт ва акоид аст, на ихтилофи синни онхо».

Дар бораи издивочи заноне, ки чанд сол аз хамсарони худ бузургтаранд назароти зид ва накизи бисёре матрах шудааст. Иддае онро ба кулли нодуруст ва номуваффак медонанд ва иддае дигар онро ба унвони яке аз падидахои мудерни (замонави) руз, ки хамгом бо бисёре аз тагйироти чомеаи навин пеш меравад, пазируфтаанд. Аммо аз он чо ки хар фард меъёрхои хосе барои издивоч дар зехни худ дорад, шояд «дуруст ё нодуруст» донистани ин масъала ба таври ом чандон мантики набошад. Дар ин макола кушиш кардаем бидуни чихатгири ва самту суи хос ба баррасии назароти мухолифон ва мувофикони ин мавзуъ бипардозем.

 Пур аз стресс

 Заноне ки бо мардони чавонтар издивоч мекунанд, умри камтар мебинанд. Мухаккикони олмони дарёфтанд, дар заноне, ки 7 то 9 сол бузургтар аз хамсаронашон хастанд, эхтимол марги 20 дар сад афзоиш меёбад. Албатта, издивоч бо мардоне, ки аз занонашон хеле бузургтаранд хам, умри занонро кутох мекунад. Дарвокеъ мухаккикон дарёфтанд, ки бехтарин навъи издивоч аз лихози саломат ва тули умри занон ин аст, ки зану мард хамсин бошанд.

Аз он чо ки издивочи занон бо мардони чавонтар чандон мутобики меъёрхои чомеа нест, вале аксари заноне, ки ба ин шакл издивоч мекунанд, дар маърази мушкилоти ичтимои хастанд, камтар дар чомеа пазируфта мешаванд ва зиндагии пурстрессе доранд. Ба хамин далел саломатишон дар маърази хатар аст.

Зиндагии чавонтар

Мухаккикони амрикои хам дарёфтанд, эхтимолан, марг дар мардоне, ки бо занони бузургтар аз худ издивоч мекунанд, афзоиш меёбад ва баръакс дар мардоне, ки бо занони 7 то 9 сол кучактар аз худ издивоч мекунанд, эхтимоли марг 11 дар сад кохиш меёбад.

Аз забони мухолифон

Гарчи равонпизишкони бисёре муътакиданд «он чи равобити зан ва мардро пойдор мекунад, хамхонии рухиёт ва акоид аст, на ихтилофи синни онхо», аммо мухолифон далоили зерро барои мухолифат бо издивочи занони бузургтар бо мардони чавонтарро унвон мекунанд:

1. Билохира у шуморо тарк хохад кард: мухаккикон муътакиданд, мардони чавонтар билохира рузе хамсари бузургтари худро тарк хоханд кард, то бо фарде чавонтар издивоч кунанд. Махсусан агар зан дар синне бошад, ки натавонад бордор шавад.    

2. Давоми чандоне надорад: харчанд мумкин аст ин издивочхо ибтидо бо ишк огоз шаванд, вале тибки тахкикот он издивочхо бисёр кам ва беш аз 13 сол хохад буд.

3. Мардон комилтар мешаванд: дар огоз мумкин аст, рафтори як зани комил ва ботачриба барои мард чаззоб бошад, вале тадричан, ки синни мардон болотар меравад, хохони истиклол ва аъмоли кудрати бештаре хастанд ва пазириши рафторхои модаронаро нахоханд дошт.

Нигариши нав

Бар асоси мутолиоти анчомшуда дар Амрико, як савуми занон байни 40 то 69 сола бо мардони 10 сол (ва бештар) чавонтар аз худ издивоч мекунанд. Ин барраси далоили зерро барои ин раванди тоза матрах кардааст:

  • Бо боло рафтани синну сол, занони мучаррад бештар ба саломати ва зохири худ мепардозанд ва аз режимхои гизоии хосе пайрави мекунанд. Шояд боло рафтани синну сол дар занон дар хукми як хушдор бошад. Ба хамин далел онхо дар хифзи саломати ва шодобии худ нисбат ба занони чавонтар, ки бо такя бар чавонии худ камтар ба зохири худ таваччух мекунанд, бештар мекушанд.
  • Ба далели доштани тачрибаи бештар ва мувочех шудан бо масоили мухталифи зиндаги, алока ба хифз ва пойдории зиндагии муштарак дар онхо бештар аз занони чавонтар аст. Занони чавонтар рохаттар тан ба талок ва чудои медиханд, дар холе ки бо боло рафтани синну сол, занон ба хифзи тадовими зиндагии муштарак бештар ахамият медиханд.
  • Занон дар ин синну сол, бештар хохони як хамрох, хамсафар ва дусти хуб хастанд. Занон дар ин син рочеъ ба омол ва орзухои зиндагии муштарак вокеъбинонатар ва мантикитар фикр мекунанд ва таваккуоти камтаре доранд.
  • Онхо моиланд, то мардон камтар кор кунанд ва бештар дар канори хонавода ва фарзандон бимонанд. Ин занон таваккуи кори сахт ва токатфарсо аз хамсарони худ надоранд ва ба хузури онхо дар хона бештар алока нишон медиханд.
  • Мардоне, ки бо занони дар ин радаи синни издивоч мекунанд, муътакиданд ин занон ботачриба, фахмида ва окилтар хастанд ва мавзуоти бисёре барои хамсухбати доранд, шунавандахои хубе хастанд ва рохаттар метавон бо онхо дарди дил кард.

 Зани бузургтар аз шавхар айбе дорад?  

 Доктор Амон Кароии Мукаддам, мухаккик ва устоди донишгох дар ин хусус мегуяд: «Ба назари ман ин тафовути синни манфи аст, зеро бо тахкикоте, ки руи ду хазор ва 167 парвандаи талок анчом додаем, ба ин натича расидаем, ки яке аз мухимтарин далоили талок дар миёни завчайн, тафовути синни аст. Яъне бузургтар будани зан аз мард, зеро ин падида чи аз назари фарханги ва чи аз назари ичтимои дар чомеаи мо пазируфта нашудааст».

Чомеашиносон далоили гуногунеро дар ин хусус бармешуморанд. Онон муътакиданд рушди илми ва фархангии занон ва ба даст гирифтани бозори кор ва касбу дигар муваффакиятхои ичтимои дар рушди онон накш доштааст.

Доктор Навиди Иронпур, пажухишгари масоили хонавода дар ин хусус мегуяд:

«Бо таваччух ба навъи чигунагии издивоч, мусалламан рафторхои мутафовите низ пайдо мекунад. Дар издивоче, ки мард бар пояи ишк ва ё сарват худро рози кардааст, ки бо зане бузургтар аз худ издивоч кунад ду холат пеш меояд: ё зан хокими хонавода мешавад ва ё ин мард аст, ки аз кудрат бархурдор аст. Зеро марде, ки бо таваччух ба шароити иктисодии зан издивоч кардааст, барномарези мекунад, ки чи гуна аз он истифода кунад. Дар чунин шароите маъмулан чавон будани худро бахона карор медихад».

Гайр аз ин издивоче, ки бар пояи зур ва ичбор аст дар навъи худ бадтарин вокунишро дорост, зеро зан ва мард бештарин танишхоро дар худ хоханд дошт. Дар чунин хонаводахое бештарини таниш бар сари ин мавзуъ аст, ки чи касе кудратро дар даст бигирад, мард ё зан? Мард ба далели нигариши суннати мехохад мардонаги нишон дихад ва хокими хона бошад ва зан ба иллати бузургтар будан наметавонад ин нуктаро тахаммул кунад ва таниш бар сари кудрат метавонад ниходи хонаводаро дучори мушкил кунад.  

Аз назари равоншиноси занхо зудтар аз мардхо нисбат ба масоили зиндаги окилтар мешаванд ва даркашон аз масоили даруни хонавода ва зиндаги амиктар аст. Бинобар ин масъулиятпазиранд ва ё бештар дар ин заминахо фикр мекунанд. Холо агар зане чанд сол бузургтар бошад, ба таври нохудогох интизор дорад, ки мард хам хамонанди у фикр кунад ва масоилро бисанчад. Барои хамин замоне ки интизораш бароварда намешавад, ин тасаввур сабаби даъво кардани онхо бо якдигар мешавад, ки мард нисбат ба хона ва хонавода бемасъулият аст.

Аз суи дигар, марде, ки бо зани бузургтар аз худаш издивоч мекунад, мумкин аст, пас аз чанд соли зиндаги, бо афсурда шудани чисми зан эхтимолан ба фикри чудои ва ё издивочи дувум биафтад ва… 

Домоди хурдтар аз арус 

Шояд 20-30 сол пеш, бештари издивочхо бо тафовути синни зиёд миёни занон ва мардон сурат мегирифт. Таачубовар набуд, ки масалан як мард, 10-15 сол аз хамсараш бузургтар бошад. Дар ин мавкеият мусалламан издивочхои бо хамсарони хамсин ва ё баръакс (марди хурдтар аз зан) ё сурат намегирифт ва ё ин ки бисёр кам ва дар шароити хос сурат мепазируфт.

Аммо бо гузари замон, эчоди тагйирот дар шароити фарханги ва ичтимоии чомеа, хузури бештари занхо дар ичтимоъ ва тагйири нигариши афрод боис шуд, ки теъдоди писархое, ки бо духтароне бузургтар аз худ издивоч мекунанд, бештар шавад ва ин дар холе аст, ки дар фарханг ва урфу одати мо то ба хол расм бар ин буда, ки писархо бо духтароне камсинтар аз худ издивоч кунанд.

Шояд яке аз мухимтарин иллатхои ин масъала ин бошад, ки равобити кори ва ичтимоии занон ва мардон бештар шуда ва аз тарафи дигар хузури бештари духтарон дар донишгох мучиб гардида, эхтимоли ошноии писарон бо духтарони бузургтар аз худашон афзоиш ёбад. Дар ин шароит хонаводахо нигаронихои зиёде пайдо карда ва аз як тараф нигарони ояндаи издивочи фарзандашон хастанд ва аз тарафи дигар нигарони харфхои тамомнашудании атрофиён ва дар натича бештари бархурд бо ин масъала бо ифрот хамрох аст.

Аз тарафи дигар ба духтарон ва писароне, ки касди чунин издивочхоро доранд тавсия мегардад, ки кабл аз хар чиз каме бештар дар мавриди интихоби худ фикр кунанд. Барои мисол барраси кунанд ва бубинанд, ки оё бо ин тафовути синни мушкили надоранд? Оё имкон дорад, ки чанд сол баъд аз ин издивоч, мард ба ин фикр биафтад, ки: «Ман мавкеиятхои бисёр бехтаре доштам, чаро бо як зани бузургтар аз худам издивоч кардам?» ва ё ин ки зан ба ин натича бирасад, ки: «Эй кош бо марде пухтатар ва муктадиртар издивоч карда будам ва…»

Аз назари ислом издивоч кардан бо тафовути синни зиёд, амри номашруе нест ва он чи дар суннати паёмбар (с) дида мешавад, хикоят аз машруияти ин навъ издивоч дорад (дар хангоми издивоч бо пайгамбар (с) умри шарифи он хазрат 25 сол ва умри Хадича 40 сол буд). Камолоти паёмбар ба унвони инсоне комил ба хадде буд, ки ба хуби бо хазрати Хадича (а) зиндагони кард ва тафовути синну сол дида намешуд ва аз суи дигар Хадича (а) низ зане бокамол ва беназир буд. Тамоми сарвати фаровони худро дар рохи таблиги ислом сарф намуд ва аввалин зане буд, ки ба паёмбар эмон овард, ба далели алокае, ки ба ислом ва паёмбар дошт, хамаи онхоро тахаммул кард. Паёмбар низ ба унвони хамсаре бовафо хар гох, ки номи Хадича (а)-ро мешунид, ашк дар чашмони муборакаш халка мезад, ба нахве, ки атрофиёни он хазрат таъсири уро ба хуби хис мекарданд. Натича он ки факат касоне метавонанд дар ин навъ издивочхо муваффак бошанд, ки аз рафтори паёмбар (с) ва Хадича (а) ба хуби мутаассир бошанд.

       http://socialsciences.blogfa.com

   http://4ezdevaj2.blogspot.com  

http://zanefarda.ir

 http://good4good.persianblog.ir  

http://www.wayoflife.blogfa.com

 

комментария 3

  1. Бисёр ачиб.

  2. Шоматон ба хайр. Акаи Субхон, барои чи чанд вакт мешад ки дигар чизе наменависед дар блог? Бисёр дердер менависед. Шасти пештаратон нест чи хел ки?

  3. Салом акаи Субхон. Чи мешуд ки ин мавзу ё монанд ба хамин мавзуро фардо дар Субхи ватан мавриди пурсиши шунавандагон карор медодед?Мехостам фахмам ки чавонони мо яъне мардхо дар ин хусус чи назар доранд. Ва чавонон сабаби инро дар чи мебинанд. (албатта агар ин мавзуро дар эфир гуфтан мумкин бошад). Интихоб аз чониби шумост.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: