Чанд сабаби хиёнаткории занхо!

  Сабабхои хиёнаткории занхо метавонанд, гуногун бошад. Инчо мо чанд сабабро оварда, хеч гох намехохем, ки шумо баъди ошнои бо  он ба хамсарони боаклу донои худ, ки кучое кор хам  мекунанд бо шубха назар кунед. Муносибатхо метавонанд комилан гуногун, фарккунанда ва фиребанда бошанд!  Кадом сабабхо боиси хиёнати зан мешаванд? (Бояд гуфт, ки мо аксаран бевафои ва хиёнаткории мардхоро чидди кабул намекунем ва ё баъзан чун кадом «кахрамони» кабул мекунем. Дар мавриди хиёнаткорихои мардхо  ва окибати он ягон вакти дигар хохем гуфт! )

  1. Факат як шанс

Бо фарохам омадани имкон ё шанси мусоид мувофики хисоби коршиносон 40% занхо даст ба хиёнат мезадаанд. Аламовар ин аст, ки ба ин кор занхои оиладор хам даст мезадаанд. Факат як шанс!!!

     2. Коргох

Занхое, ки дар коргоххои бузург кор мекунанд, бештар бо холатхое ру ба ру   мешаванд, ки ба хиёнаткори поён меёбад, ин корро онхо то дергох метавонанд бо пардаи хамкорихояшон дар корхона пушонанд. Аз руи хисобхо дар ин самт хам занхои оиладор «пешсаф» будаанд. Хар сеюмин зани оиладор бо шахси дигар махз дар коргохаш шинос мешудааст.

   3   Тачрибаи волидон

Аз руи хулосаи равоншиносон, физиологхо, рухшиносон кудакон бо бузург шуданашон хиёнати волидонашонро худ такрор мекардаанд. Дар миёни мо хам хамин гуна макол хаст: ки  «аз зани хиёнаткор-хиёнаткор пайдо мешавад».

    4. Занхои муассиси лахзахои хассос

Сотсиологхо ба ин назар будаанд, ки агар зан дар хона талабгору муассиси лахзахои хассосу ошикона бошад, пас у ба хиёнат моил аст. Махсусан, ин ба занхои баъди 40 сола мувофикат мекардааст. Онхо интизориро он кадар хуш надоранд ва хам тачрибаи кофии хаёти доранд.

   5. Хиёнаткории бо асос

Агар мард он занро таъмину хушбахт карда натавонад, ба болои бечораги ва бепули боз шаробнушиву хиёнаткори кунад, ба хамсараш таваччухи зарури накунад, зан хамаи инро асос барои хиёнат ба у кабул мекунад. Агар ба болои хамаи ин мард боз дагал бошаду «футбол»-ро дуст дорад, зан бо рохи хиёнат гуё уро  «чазо» медихад.

  6. Намунаи ибрат

Омили сахттаъсири дигар барои хиёнаткори амалу харакати дугонаи он зан аст. Робита, рафтуо, ёру шиноси зиёди зан боиси хамранги миёни онхо мегардад.

  7. Шахрхои калон-имконоти васеъ

Барои хиёнаткор шахрхои калон кулай аст, то уро нашиносанду хабарашро пахн накунанд.

  8. Зан-сарвари оила

Зане, ки шавхарашро мутеъ кардааст, имкон ва эхтимоли бештари хиёнаткори дорад. У метавонад бе пурсиши шавхараш ба икдоме даст занад, ки занхои худотарс ва эхтироми шавхарро ба чо оваранда, онро анчом намедиханд.

  9. Агар мард зиёдтар ва яктарафа дуст медорад

Партнёре, ки камтар дуст медорад, ё умуман дуст намедорад, бештар ба хиёнаткори моил аст, аз пошхурии оила парво надораду наметарсад. Ин махсусан дахл дорад ба хамон гурухи занхое, ки шавхарони худро тамоман дуст намедоранд ва факат аз руи маколи «хоча бог дори, дорум» ва ё «курбока шу дорад, обуру дорад» зиндаги доранд.

  10. Чавонон бештар ба хиёнат моиланд

Занхои калонсол хам дигар мурги дили бедор надоранд ва хам шарму тарс онхоро аз хиёнат нигох медорад. Сотсиологхо муайян карданд, ки аксарияти занхое, ки ба шавхарашон хиёнат кардаанд ё мекунанд аз 25 то 35 солаанд. Ва хам онхо хисоб кардаанд, ки занхои чавон бештар аз мардхои чавон хиёнаткори мекардаанд.

   11. Робитахои зиёд, тачрибаву вохурихои бисёри то никохи зан

То шавхардори агар зан ё духтар хазор дусту шиинос дошта бошад, эхтимоли хиёнаткории у баъди никох зиё хохад буд. Ин хулосаи коршиносон аст

   12. Маълумотноки

Хисобхо нишон додаст, ки занхое, ки аз шавхари худ донову босаводтаранд,  эхтимоли бештари хиёнат ба шавхари нодону бесаводи худро доранд. Ин холат гох аз магрури мешавад ва гох аз руи партнёри баробарвазн бо худ надоштани зан!

  13. Давраи бухрони ё соя дар муносибатхо

Баъзан холате ба миён меояд, ки шахс навгони мехохад, диграгуниро ёд мекунад. Баъзехо муи сар, либос, имичро дигар мекунанд, аммо баъзехо хамболини худро. Мард бояд хамин гуна лахзаро дарёфта, занро бо чизи дигару шавковаре саргарм кунад, вагарна у метавонад даст ба хиёнат занад.

  14. Дурии зиёд аз бари хамдигар

Сафархои зиёди мард, речаи номураттаби кории у, навбатдорихои доими имкони пайдошавии мухаббати пинхониро зиёд мекунад. Коршиносон муаяйн кардаанд, ки хамсароне, ки хатто рухсатии худро алохида мегузаронанд, 20 % бештар моил ба хиёнаткорианд.

 15. Каноатманд нашудан дар хама самтхои оиладори

Мард агар хама гуна адолату каноатмандиро барои хамсари худ таъмин карда натавонад, эхтимоли иваз шуданаш аз чониби хамсараш хеле зиёд аст.

 16 Дустии зиёдсола бо мардхо

Зиёданд холатхое, ки як дусти ва унсгирии марду зан ба хиёнаткори мерасад. 82% занхое, ки дар чои корашон дустдошта доранд, аз руи пурсиши мачаллаи «Вумэн» гуфтаанд, ки он мардхо аввал факат дусташон буд, баъд муносибаташон «дур»-тар рафт.

         Худованд ба хама — хам марду хам зан тавфик, имон, хирад ва шуури созанда ато кунад. Он вакт шояд навиштани хамин гуна мавод дар блог тамоман зарур нашавад!!

комментария 2

  1. Барои хатохои грамматики бахшиш.

  2. Шумо шахси шинохтаи дил мардуми радиогушкуни Точикистон хастед. Барои хама мехнатоятон ва хабархоятон сар мефурорем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: