Занхо аз мардхо чи мехоханд?

  Гумонам маколи «Занхо чизи зиёде намехоханд: аввал шавхари хуб мехоханд ва баъд хама чиз» дуруст аст. Агар дуруст хам набошад, хаёлам, ки дуруг нест. Бубинед, ки бо дигар шудани тасаввурот ва фахмиш, ки то чое ба рафтани сину сол хам вобаста аст, талаб, хохиш ва пешниходашон комилан тагир мехурад. Ин акнун аз кисмату такдиру насиби  марди пахлуяш вобаста аст, ки ба кадом самт тагир мехурад. Аз ин нуктаи назар на хамаи чудошавихои хамсарон  боиси  таассуф аст. Зеро тачриба нишон медихад, ки дар мавридхои чудогона, ки он мавридхо хам кам нестанд, никоххои дуюм бобарор ва бардавом хастанд. Марду зан хамеша — хох  дар алохидаги ва хох дар вакти зиндагии якчоя, дар талоши фарохамсозии иконоти хосса ва хубе барои худ хастанд.  Инчо маводе дар мавриди хохишхои зан аз форси баргардон шудааст, ки хаёлам шавковар аст! 

Шуруи ошнои:

1. Хушандом ва кашанг бошад.

2. Чаззоб бошад.

3. Дорои мавкеияти шугли бошад.

4. Шунавандаи хубе бошад.

5. Шух ва базлагу бошад.

6. Комати барозанда дошта бошад.

7. Хушлибос бошад.

8. Кадршинос бошад.

9. Дар зехнаш андешахои хайратангез ва шигифтовар вучуд дошта бошад.

10. Ошики хубе бошад. 

Дар 24-солаги:

1. Хеле зишт набошад.

2. Кабл аз омадани ман, бо мошин ба рох наяфтад.

3. Як кори собит дошта бошад ва битавонад хадди акал як бор дар сол харчи шоми берун аз хонаро бипардозад.

4. Вакте ман харф мезанам битавонад сарашро такон бидихад.

5. Латифахои кухна ва кадимиро ба хотир дошта бошад.

6. Ба кадри кофи тавонои дошта бошад то битавонад дар чо ба чо кардани мебеламон кумак кунад.

7. Пирохане бипушад, ки баромадагии шикамашро бипушонад.

8. Охири хар хафта сураташро ислох кунад.

Дар 32-солаги:

1. Киёфааш хуб бошад.

2. Дари мошинро барои хонум боз кунад ва сандалиро барои хонум аз пушти миз берун кашад.

3. Ба кадри кофи барои хурдани як шоми гаронкимат дар хорич аз манзил пул дошта бошад.

4. Пеш аз он чи харф мезанад, гуш кунад.

5. Ба латифахои хонум бихандад.

6. Дар киболи хурдани як гизои хуби хонаги ташаккур кунад.

7. Таърихи таваллуд ва солрузи издивочро ба хотир дошта бошад.

8. Хадди акал як бор дар хафта харфхои ошикона бизанад.

Дар 52-солаги:

1. Муйхои гуш ва биниашро кутох кунад.

2. Дар чойхои чамъияти оруг назанад.

3. Хеле зиёд пул карз нагирад.

4. Вакте ман ибрози мухаббат мекунам, ба хоб наравад.

5. Латифахои такрориро хафтае чанд бор нагуяд.

6. Зохираш ба кадре муносиб бошад, ки гохе охири хафтахо бишавад бо у ба пикник рафт ва албатта хавсалаи берун рафтанро дошта бошад.

7. Исм ва адресашро ба хотир дошта бошад.

Дар 62-солаги:   

1. Аз бачаи кучак натарсад.

2. Ба хотир дошта бошад хаммохона кучост.

3. Барои муназзам ва бо коида будани у, ниёз ба харч кардани пули зиёде набошад.

4. Факат хангоми хоб ба ороми хир-хир кунад.

5. Ба хотир дошта бошад, ки чаро механдад.

6. Он кадар тавонои дошта бошад, ки бидуни кумак кодир ба истодан бошад.  

7. Маъмулан битавонад баъзе аз либосхояшро бидуни кумаки дигарон бишуяд.

8. Гизохои сабукро дуст дошта бошад.

9. Ба ёд биёварад, ки дандонхои маснуияшро кучо гузоштааст.

10. Ба хотир дошта бошад, ки чи вакт охири хафта аст.

Дар 72-солаги:

1. Нафас бикашад.

2. Контрол…худашро аз даст надода бошад.

Манбаъ:   http://shz.ir

комментариев 8

  1. Акаи Субхон баракси ин мавзу гирем агар, Мардхо аз занхо чи мехоханд? Ягон мавод ё маълумот надоред?

    • Салом….Маълумот дар ин мавзуъ хам гирд овардан мумкин аст, аммо аз суи дигар ин маълум аст, ку мардхо аз занхо чи мехоханд…Хамин хел не ?🙂

  2. Илова:
    Дар 72 солаги:-Бисёр гап назанад, тезтар мурад!)))

    • Бояд гуям, ки занхо хар вакте ки мо бо онхо рози нестему онхоро «тарбия» кардани мешвем, гумонам хамин фикри овардаи Шуморо доранд….Новобаста ба чанд солагии мо🙂 Мегуянд, ки хамсарони мардхои сарватманд хамеша дар кунчи дилашон хамин «орзу»-ро доштаанд🙂

  3. Хело оли

  4. Асалом. Дар бораи хохишхои занхо навиштед, агар барои чи гуна дар сухбат занро фахмидан мумкин? вариантхояшро меовардед хуб мебуд.

  5. Салом Акаи Субхон.
    Бисёр маводи хуб, аммо агар шеваи гуфторро низ точики мекардед, хеле хонданитар мешуд….ба фикри ман))))

    • Саломалейк….Тавре Шумо аллакай фахмидед, ин баргардон аз хуруфи форси аст ва ман ба хотири халал наёфтани маънихо ва хам риояи пурраи хукуки муаллифи забони асли маводро нигох доштам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: