19 майи соли 2011

  Дунё танг аст. Одамон дида ба дида мезананд. Нафароне, ки намехостанд ру ба руи хам оянд, боз дар тангкучае ба хам меоянд. Дунё кушод аст. Дар он хам хиёнаткор мегунчад хам вафодор ва хам бечораву хам чорагар!  Одамон шояд айнан такрор нашаванд. Аммо хислатхо, такдирхо ва амалкардхо хатман такрор мешаванд…

Имруз дар мавриди ояндаи синамои точик, галстуки пионери ва сад намуд гизо, микрофони чосусиву  микрофони туйи ва аввалин озмуни «Маликаи зебои»  навиштам.

  •   Микеле ПЛАЧИДО актёри синамои итолиёи таваллуд шудааст (1946).  Миёни мо у  бо номи комиссар Каттани машхур аст.

Аммо чанд муддати охир аст, ки дар Точикистон комиссар Йигит, Начибсардор ва гурухи онхо рейтинги хамааз он чумла Комиссар Каттаниро хам шикастаанд. Як  «коргардон»-и мо баъди тамошои ин сериал гуфтааст, ки  «хамааш дуруг аст. Ман Йигитро шинохтам –у Ортик Кодиров аст!»

  • Хамин руз рузи таъсисёбии ташкилоти пионери буд (1922)

Дар гардани мо галстук,

Дар дил гами кам доштем.

Сад хели гизо, ки буд,

Ду лунчаки дам доштем.

 

  • Дипломатхои амрикои  аз бинои сафорати худ дар Маскав кариб 40 микрофони пинхон  ёфтанд, ки барои гуш кардани сухбати онхо насб шуда будааст (1964)

         Микрофон чозиба ва тарс дорад. На хама метавонад, ки дар назди он ё хангоми ба даст гирифтани он худро орому озод эхсос кунад. Масалан, як нафар дар туйе онро ба даст гирифта, аввал  домодро каме таъриф карда, баъд мегуяд:

         -Ин аруси мо духтар нест….

Хама хайрон мешаванд. У ором меистад…Баъди он, ки кариб талхаи хама кафид, у ки  аз тарси микрофон худро гум карда буд, ба худ омада, ба суханаш идома медихад:

-ин аруси мо фаришта аст !

 

  • Аз 19 то 21 май аввалин  озмуни «Маликаи зебои-89» баргузор шудааст. (1989). Ончо хонандаи синфи 10-и яке аз мактабхои Маскав  Юлия СУХАНОВА (172, 55, 91—59—90) голиб омада буд.

         Ман дигар  дар бораи он духтари зебо маълумоти бештареро аз Интернет начустам, ки баъд зиндагии у чи гуна сурат гирифтааст. Вале гумон мекунам, ки уро хам шояд ба ягон ансамбли эстради ё мардуми шомил карда, барояш  мошин харидаанду хона такдим кардаанд ва ё пардохти маблаги манзили ичораашро дар маркази Маскав ба души ким кадом коргохи давлати ва буччави гузоштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: