20 тавсия барои мардхои оиладор аз ….

Ин маводи ачоибро ман аз Интерент  ёфтам. Онро марде, ки аз хамсараш чудо шудааст, барои мардхои дигари оиладор навиштааст. У ки  Джеральд Роджерс ному насаб дорад,  баъди 20 хатои худаш замони оиладори барои гурухи мардхои оиладор 20 тавсияро овардааст, ки фикр мекунам фахмиданаш  аз манфиат холи нест. Мардхои точик хам зиёд аз хамсарони худ чудо мешаванд, аммо ман боре хам нашудаам, ки онхо тавсияву китобу дастуре навишта бошанд. Махз аз хамин чихат ин мавод барои ман ачиб буд… Роджерс навиштааст: «Албатта ман мутахасиси сохаи муносиботи махрамона ё муносибот миёни марду зан нестам, вале тачрибаи ман,  махсусан баъди чудошавиам боиси таваччух аст. Ман агар як шонси дигар медоштам, он вакт дигар хел зиндаги мекардам. Ман занеро аз даст додам, ки бо у 16 сол зиндаги карда будам. Ман намехостам, ки шумо камбудихои маро такрор кунед»

Бо Хам

  1. Дустдори ва мехрубониро бо у кам накунед.

Ман аввал, яъне рузхои аввали оиладори мегуфтам ки уро хамеша хифз мекунаму нисбаташ мехрубон мемонам, аммо бо гузашти солхо ин ваъдаи худро фаромуш кардам. Хамсари шумо дар зиндагиатон ганчест, ки шумо худатон онро ёфтед ва интихоб кардед. Инро фаромуш накунед ва хамеша мухаббати худро хифз  кунед.

  1. Дилро барои хар зан макон насоед.

Мухаббати шумо бояд вохид бошад. Дилро барои хар зан шояд зебои дигар накушоед. Худатонро хам дуст дореду уро хам. Дар дилатон бояд факат мухаббати у бошад. Дар у низ хамин гуна якка дустдориро парвариш кунед.

  1. Ошик шавед, имруз ва хамеша…

Шумо бо гузашти сину сол иваз мешавед, дигар мегардед. Шумо аллакай писараки 18 сола нестед. Шумо акнун ба хамаи ин бояд мутобик шавед. Мисли рузхои аввали шиносшави мухаббати худро нагузоред, ки хомуш шавад. Гузашта аз ин зан дар пири бештар ба шумо зарур аст, он вакт ба такягоху хамдам ва хамсухбати ошно ниёзи бештар  пайдо хохед кард.

  1. Хамеша дар у пахлухои бехтаринро чуставу пайдо кунед, на камбудиашро.

Инсон бе камиву кости нест. Аммо бартарихои беше хам дорад. Шумо дар хамсаратон факат хамон бехтарин одату хулку хислат ва пахлуи шоистаашро ёбед. Мухаббататон он вакт бештар мешавад, агар у хам хамин гуна рафтор кунад. Хамеша бо ёди хамон лахзахое бошед, ки шумо худро комилан хушбахт хис мекардед.

  1. Шумо уро то он дарачае, ки худатон мехохед, иваз карда наметавонед. Кушиш накунед.

Шумо уро аввалтар аз хама чун зан, чун модари фарандонатон дуст доред. Уро шумо мисли худатон карда наметавонед. Уро дуст доред ва дар муносибот чидди бошед, у худаш худро ба талаботи шумо мувофик мекунонад. Мачбуркуни – мухаббатро коста мекунад.

  1. Шумо аксарияти масъулиятро дар хона ба души худ бигиред.

Ин чо хамзамон масъулияти идораи эхсосхо хам дар назар дошта шудааст. Шумо якдигарро то он вакте ки худатон нахохед, хушбахт карда наметавонед. Аммо шумо барои хушбахт шудани аъзоёни дигари оила вазифадор хастед. Онхо хамон вакте хушбахту осуда хоханд буд, ки шумо хушбахтеду тинч ва оромона зиндаги мекунед.

  1. Шумо барои нокомиии худатон ва мушкил дар оила уро гунахкор накунед.

Эхсосхои худро шумо бояд як илоч карда худатон идора кунед. Агар зарур шавад, як муддат дар танхои ба сар баред, фикр кунед, ором шавед ва баъд ба оила бупайвандед. Коре кунед, ки дар вактхои мушкили равони у шуморо дастгири кунад.

  1. Хамсари шумо хукук дорад, ки мисли инсон зиндаги кунад.

Шумо хам холатхои мушкили равонии уро фахмед, инсон наметавонад хамеша хандаду бегам бошад. Дар ин вакт шумо уро фавран аз он холат бароварда хам наметавонед. Мачбур накунед уро. Коре кунед, ки у ба шумо бовар кунад, ки хамеша дар пахлуяш хастед, дастгириаш мекунед, метавонад ба шумо бовар кунад. Вакте ки у норохату ноором ва асаби аст, аз хона баромада наравед, пахлуяш бошед ва ба у барои пушти сар кардани он холат  халал нарасонед.

  1. Кушиш кунед, ки зиндагиатон бештар бо вакти хуш бигзарад

Баъзан холатхое хам зарур аст, ки чиддияту сахтгириро як су гузошта, одди шавед, шухи кунед, хандед. Содда ва табии будан хамеша гуворо аст.  

  1. Ба дили у наздиктар бошад.

У бояд чизеро пинхон накунад, сири дилашро бе мачбуркуни кушояд, хохишхояшро гуяд, пурсад ва натарсад аз шумо. Имкон дихед, ки у худро бо шумо рохату осуда ва бехтарин зан хис кунад.

  1. Аз хаёти вай гайб назанед

Баъзан мо барои мехрубони ва хамрахи бо хамсарон кариб ки фурсат намеёбем. Бо у сухбат кунед, кушода бошед. Дастнорас набошед.

  1. Намуди зохирии уро айб накунеду таъна назанед.

Шумо нишон дихед, ки бо хама чизе, ки ба у Худованд лоик дидааст, шумо уро дуст медоред, бигзор у хис кунад, ки барои шумо ягона ва бехтарин зан аст. Зан агар боакл бошад, аз ин сатхи мехрубони ва таваччух хеч вакт аз худ намеравад. Бигзор у ба шумо дар хама чойи зиндаги ва дар хама холат 100% бовар дошта бошад.

  1. Аз амалу харакат ва рафтору андешаи беаклона дур бошед.

Шумо хам албатта бе хато буда наметавонед, аммо кушиш кунед, ки хатову камбудихои шумо аблахона набошанд. Мардонаги ва мард буданро фаромуш накунед.

  1. Барои машгул шудан бо худ хам ба у имкон ва шароит бидихед.

У бигзор худро озод хис кунад. Гуфтем, ки агар боаклу покиза аст, чизе хилофи талаботу коидаву фармудахо намекунад. Шояд у хам кадом машгулияти дустдошта ва ё хобби дорад. Имкониятро барои у махдуд накунед. У хам хукук ба истирохат дорад.  Шумо хам дар тарбияи кудакон муваззаф хастед. Бояд пайваста бо кудакон бошед,  онхоро хобонед, афсона гуед, хурок дихед, ба берун ба тамошову хавохури баред ва мисли ин…

  1. Вокеъи бошед.

Шумо хам бо у эхсосу накша ва орзуи худро таксим кунед. Аз хама мухим-ба хатои худ икрор шавед. Инкор накунед ва хама чиро ба души у бор накунед.  

  1. Кушиш кунед худатон адолатро чори кунеду тоза бошеду ростгу.

Барои он ки ба шумо бовар кунанд, шумо исбот кунед, ки адолатхоху ростгу ва хакикатпарастед. Сирреро ба у гуед, ки бо касе дигар таксим намекунед. Ростгу ки бошед, дигар зарурати пинхонкориву дуруг фикр кардан намемонад. Дар берун шояд баъзан зарур бошад, ки дигархелтар бошед, аммо вакте ки ба хона даромадед, бояд вокеъи, самими, ростгу, покиза ва одил бошед.

  1. Дар баробари инкишофи худатон, ба у хам имконият бидихеду дастгири кунед, ки рушд ёбад.

Обе, ки як чо меистад, гандаву бугин мешавад. Хайёт хам аз харакат, такмилёби ва инкишоф иборат аст. Дар баробари худатон бигзор у хам пеш равад, омузад, маълумот гирад, хонаду донад. Пеши худ максади ягона гузоред ва барои расидан ба он кушиш кунед. Якчоя кушиш кунед. Накшаи муштарак бикашед ва барои амали шудани онхо кушиш кунед.

  1. Коре кунед, ки пул асоси зиндагиатон нашавад.

Пул – воситаи бехтар сохтани зиндаги аст. Пулхои хонаро шумо бояд дуруст идора карда тавонед. Ба якдигар бовар кардан даркор аст. Пулхоятонро аз хамсаратон пинхон накунед. Ба хар сурат,  вакте ки онро аз зану кудаконатон пинхон мекунед, баракат аз онхо аллакай мепарад.

  1. Кобилияти фаромушкуни ва бахшидан дошта бошед.

Хафагии дурудароз даркор нест. Окибати нохуб дошта метавонад. Дархол хамдигарро бубахшед. Кохи кухнаро бод накунед. Барои ислохи хатои худ кушиш кунед. Ва хам «у маро мебахшад» гуфта, ба доимо хато кардан одат накунед.

  1. Мухаббатро хамеша ноолуда нигох доред.

Эхсоси бовари ва одаткуни бо хамдигар, дустдории хамсар ва дар макоми аввал гузоштани оила шуморо хатман муваффак мекунад. Нагузоред, ки хушбахтии шуморо касеву чизе халадор кунад, ба баъзе камбуди ва нокоми токат кунеду сабр ва шукр.  Бо хам зистан — хамеша мубориза, мутобик сохтани хохишу талаб ва гузаштан аз имтихонхо аст. Барои хамсари худ хамин гуна шавхаре шавед, ки у бо будани шумо фахр кунад, шуморо аз хама боло донад, ба шумо хиёнат накунад ва хатман ба шумо бовари дошта бошад.!!!!

Бо хаму бе ту

Ин тавсияхои нафарест, ки шояд фархангу урфу одат ва хатто динаш аз мо фарк дорад. Шумо ба ин тавсияхо рози хастед? Чиро метавон инчо илова кард? Назари худро дар поёни ин мавод бинависед. Он хатман барои касе даркор мешавад…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: