Душанбе-Дубай-Куала Лумпур (2)

Субхи Куала Лумпур аз субхи Душанбе тамоман фарк дорад. Инчо хавои гарму дамгир аст. Худро факат бо рохи нишастан дар хонае, ки кондитсионер дорад, метавони аз ин норохати начот бидихи. Бо сабаби гарми дар кучахои ин шахр мисли шахрхои мо анбухи одамонро хатто субху шом хам дидан мумкин нест. Манорахои дугоник ва хиёбони пурдарахти атрофии он яке аз чойхои сайру гашту истирохати шомгохии мардуми Куала Лумпур аст. Ачоибат барои ман дар ин шахр –омезиши ду фарханг буд: зиёданд онхое, ки сатру фаранчи доранд ва аз суйи дигар кам нестанд, нафароне, ки домани кутох мепушанд ва сарпуше ба сар намегиранд. Яъне намояндахои равияву мазхабу хизбу харакатхои гуногун бар ба бари хам озодона кору истирохату зиндаги мекунанд.   Кучахои Куала Лумпур пур аз мошинхои гуногунтамгаи хоричи ва махалли хастанд. Нархашон хеле гарон аст, масалан Тайота агар дар Душанбе 15 хазор доллар бошад, инчо бештар аз 35 хазор доллар аст. Опели дар Душанбе хеле машхур инчо кариб, ки ба чашмам нарасид… Вохурии мо имруз дар бинои ширкати «Qi» сурат мегирад. Ман имруз ба саволхои зиёде, ки мардуми оддиро дар Точикистон ба ташвиш меорад, бевосита аз рохбарияти он чавоб мепурсам, ман ба ширкати «Q-net», ки назархо дар борраш якранг нест, амиктар ва аз наздик назар мекунам. Ширкати «Qi», ки соли 1998 таъсис ёфтааст, холдинги бузургеаст, дар сохтори худ ширкату бунёди гуногунро муттахид мекунад. Идорахои ин ширкат дар Гонконг, Сингапур, Малайзия, Тайланд ва Филиппин фаъолият мекунанд. Ин ширкат асосан дар 6 самт кор мекунад:

  • Фуруши молу махсулоти эксклюзиви ва хизматрасони
  • Омузиш ва таълим
  • Рушди тичорат
  • Идораи лоихахо
  • Логистика
  • Тичорати шабакави,  фуруши чакана

Ширкати мазкур  самтхои телекоммуникатсия, барномахои ТВ ва Радио, бонкдори, тичорат, фарогат ва мехмондориро низ сармоягузори мекунад. Дар доираи як лоиха бори охир бо Донишгохи Малайзия хамкори кардаанд. Кори асосии ин ширкат ба воситаи Интернет аст, яъне тичорати шабакави аст. Мизоч аз дилхох нуктаи Замин ба воситаи Интернет-магозаи ин ширкат молу махсулоти эксклюзивии ширкатро харидори мекунад. Дастраскуни бошад, ба воситаи маркази логистики ширкат сурат мегирад, ки дар бораи он ман рузи дигар менависам.  Имруз хам мардум дар бораи ин намуди тичорат маълумоти кам дорад ва умедворам, ки баъди хондани сафаргуфтахо аз ин блог шумо маълумоти бештаре мегиред.  Он чизеро, ки ман аз рохбарияти ин корпоратсия шунидам, менависам.

Тартиби кори ширкати «Qnet» чи гуна аст?

  1. Шумо барои он ки ба тичорати шабакави машгул шавед, бе кумаки кадом намояндаи тичорати ба сомонаи ширкат ворид шуда, бо сарфи хамаги 30 доллар сабти ном шавед ва раками мушаххас бигиред. Хатто харидани чизе низ хатми нест. Шумо раками мушаххас мегиреду барои таргиби махсулот ва чалби имзочон ва бо ин рох ба даст овардани фоизи муайяне кор мекунед.  (Аммо хаминро шояд дар Душанбе намояндахои тичорати ба мизочон намегуянд ё шояд нодурусту нофахмо гуянд!)
  2. Агар сабти ном шудан намехохед, бояд аз кумаки касе, ки аллакай сабти ном шудаву ин гуна ракам дорад, истифода баред. Зеро дар интернет –магоза шумо бояд кайд кунед, ки он молу махсулотро бо тавсияи ки мехаред?
  3. Касеро, ки ба шумо ин ё он молу махсулотро  тавсия додаст, баъди хариди шумо BV интизор аст, яъне агар шартхои муайяне ичро шавад, он намояндаи мустакил сохиби як микдор ё фоизи  муаяйни пул мешавад.
  4. Шумо бояд мушаххас донед, ки чи мехаред! Яъне бояд ин тавр набошад, ки аз шумо чанд сад доллар гирифта, бар ивазаш молеро медиханд, ки ба назаратон камарзиш аст.
  5. Агар намояндаи тичоратии «Q-net» ба шумо гуяд, ки «маблаг мон ва баъди муддате фоизашро мегири» бовар накунед. Ин дуруг аст ва ин тавр нест!
  6. Тичораи шабакавиро агар хеле сода гуем, хамин аст, ки  шумо барои он ки пул кор кунед, бояд молу махсулотеро ки ба мардум даркор аст ва дар интернет-магозаи ин ширкат хаст,  муаррифи кунед ва вакте ки онхо мехаранд, фоизи муайяни худро бигиред.  Ин монанд аст ба тичорате, ки масалан ширкати Орифлейм дорад. Фарк хамин аст, ки дар Орифлейм хамсояи шумо атру гулобро дар халтае гирифта пеши шумо меорад ва мефурушад, аммо дар «Q-net» он молу махсулот аввал ин ки дар магозаву бозорхои дунё нест, баъд, ин ки факат бо рохи шабакави фурухта мешавад — яъне ба воситаи Интернет. Тамом! «Маблаги шумо фоиз меорад, бояд ду касу чанд каси дигарро биёред…..» ва боз хазор гапу шарти дигар ДУРУГ аст. Шумо агар тавонистед ба ин тичорат машгул шуда (яъне молу махсулотеро таргиб карда, ба каси дигар фурухта),  фоиз  мегиред, агар натавонистед, чизеро интизор нашавед.
  7. Боз як бори дигар хонед: дар инчо барои он ки пул ба даст биёред, бояд худатон кор кунед, аммо на мисли он нафаре, ки касеро барои харидории чизе мачбур мекунад, намегуяд, ки чи лозим аст, намефахмонад, ки кадом махсулот чи кадар нарх дорад ва мисли инхо. Шумо аз интернет-магоза чизе мехаред ва ширкат онро ба шумо фурухта, то хонаатон дастрас мекунад. Халос. Шумо хеч вакт ба гуштфуруши назди хонатон мурочиат намекунед, ку ки «ман аз ту чанд мох пеш бо 100 ва ё 200 сомони гушт харида будаму акнун ту аз хамон пул барои ман фоиз дех!» Хамин тавр не?
  8. Фаромуш накунед, ки намояндахои тичорати (яъне,хамон марду занхое, ки шуморо барои ба ин ширкат пул гузоштан ва ё харидани чизе даъват мекунанд), мустакил хастанд —  онхо корманди ширкати «Qi» ва ё ширкати зертобеи он — «Q-net» хисоб намешаванд. Вале новобаста ба ин рохбарияти ин ширкат ваъда кард, ки агар онхо ба кавоиди чории хамон кишваре ки кор мекунанд ва тартибу коидахои дохилии ширкат риоя накунанд, хатман аз аз хукуки намояндаги махрум мешаванд (гуфтем, ку онхо раками мушаххас доранд) ва хатто ба макомот супурда мешаванд.

Акнун ба маврид аст, ки баъзе мушохида ва тартиби дигарро, ки фикр мекунам донистанаш аз манфиат холи нест, инчо бинависам:

  • Чаро махсулоти дар интернет-магозаи ин ширкат буда, бо назардошти маошу даромади аксарияти мардуми мо нархи гарон дорад? Барои он, ки он дар дигар чо нест, ширкатхои истехсолкунанда онро факат барои хамин ширкат (яъне «Qi») истехсол ва тайёр мекунанд ва дар ин бора шартномаву карордод доштаанд.
  • Хамон молу махсулотеро ки шумо мехаред, дар ягон чо реклама намешавад ва гайри хамин ширкат дар чойи дигар нест.
  • Барои он ки мардум дар дохили кишвари худ ба тичорати шабакави машгул шудаву пул ба даст биёрад, усули «пешниходи ру ба ру» инчо чори шудааст. Яъне, масалан шумо дар дасти касе аз дустону наздиконатон соати зебоеро мебинед. Мехохед, ки соате мисли харидори кунед. Вай низ мехохад, ки шумо онро хареду у сохиби bv шавад, яъне фоизи муайяне ба даст биорад. Ё намоянда  номгуйи молу махсулотро бароятон пешниход мекунад ва шумо тарики интернет-магоза чизи барои худатон даркориро харидори мекунед, боз хам агар пулатон барои он расад.
  • дар ин ширкат баъзе молу махсулоте мавчуд аст, ки хеле кам истехсол мешавад — масалан, факат 199 то.
  • Тартиби ба даст овардани фоизхо хам ба назари ман печида намуд. Намояндаи тичорати ончо «дасти росту дасти чап» доштааст, ки бо риояи хамаи тартиби мавчуда баъд у сохиби фоиз мешудааст.
  • Бо маошу даромади каме,  ки мо дорем, на хама метавонад, аз ин интернет-магоза молу махсулот харидори кунад
  • Вакте ки кадом когазпораеро барои имзо пешатон мегузоранд, хатман онро то ба охир хонед, он чизеро, ки нафахмидед, аз намояндаи мустакили тичорати пурсед.
  • Намояндаи мустакили тичорати бояд хазор бор ба шумо занг задаву ба хонаатон наояд ва шуморо мачбур накунад, ки «500-600 доллар биёру аъзои ин ташкилот шав….».  Агар чунин мекунад, пас у чизеро аз Шумо пинхон мекунад.
  • Шумо худатон бубинед, ки агар ба он молу махсулоти эксклюзиви ниёз доред, имкониятатон даст медихад,  харидори кунед. Дар акси хол ба умеди фоиз, даромад ва маблагхои калон нашавед! Шумо аллакай медонед, ку фоида хамон вакте ба даст меояд, ки шумо худатон ба таблиги он молу махсулот сар кунеду харидор ёбед ва аз хисоби хамин гуна чанд мизоч сохиби фоизи муайян шавед. Дар акси хол шумо хамон махлуоту моли харидаатонро —  мисли он ки аз бозор мехаред, факат истифода мебареду халос.
  • Фикр накунед, ки фоидаи шумо аз хисоби баргашта фурухтани молу махсулоти харидатон таъмин мешавад. Шояд шумо он чизеро, ки ба воситаи Интернет харидори кардед, бо он нарх фурухта натавонед. Инчо гунохи кормандони ин интернет-магоза нест.
  • Дар холатхои зарури метавонед бо ин ракамхо ба идораи ин ширкат дар Куала Лумпур занг бизанед: +603 7967 9898 Факс: +603 7958 2899. Инчо операторон бо тамоми забонхо –аз он чумла бо форси-точики хам бо шумо сухбат мекунанд. (Ширкати «Qi» дар Гонконг сабти ном шудааст. Тел дар Гонконг: +852 2 263 9010)
  • Чизи мухимеро, ки ман дар чараёни ин сафар хис кардам, хамин аст, ки баъзе намояндахои мустакили тичорати дар кишвари мо  аз маълумоти кам доштани мардум, аз соддагии онхо истифода карда, шояд баъзе чизхоеро ваъда медиханд, ки аслан ба низомномаву тартиби тичорати шабакави мувофикат намекунанд.
  • Ва мухимтар аз хама – худатон пештар аз он ки ба дилхох кор машгул мешавед, махсусан агар он ба молия ва пулу дорои иртибот дорад, махсусан вакте ки маошатон барои таъмини оилаатон намерасад — факат аз аклу фаросату тачрибаатон кор бигиред….

Шаб фаро расид. Ачобат хамин аст, ки дар Куала Лумпур на шаб, на субх ва на баъди боронхо низ хаво салкин намешавад. Хамеша хамин гуна гарму дамгир аст. Мо ба гумонам кам-кам ба ин гуна вазъи хаво одат мекунем. Дишаб ба мехмонии мо як донишчу аз Точикистон омад, ки мухассили Донишгохи Байналмиллалии Исломии Малайзия аст (Мо дар доираи хамин сафар ба ин Донишгох низ меравем).  Гумонам, ки хучраи донишчуии акнун у то тамом шудани хамон 1 нони танурии точики, ки хамгуруххои мо  барояш савго оварда буданд,  буйи Точикистон мекунад…   Мо фардо чанд вохури дорем – ба хонаи бачахои маъюб бояд равем, аз ширкати «Q-Ех», ки ба интиколи молу колои ба воситаи Интернет-магоза харидори шуда машгул аст, дидан кунем ва ба сайри шабонаи Куала Лумпур бароем. Умедворам, ки шавковар хохад буд…

Махатма Ганди

Рохбарият ва кормандони Q net

IMG_1726

 Дипломхо IMG_1748 махсулот, ки ба воситаи интернет-магоза фурухта мешавад равган барои илова кардан ба равгани мошин

ракамхои махсус

шуъбаи кабули зангхои телефони ва мурочиатхо

Куала Лумпур

IMG_7116

Пойтахти малайзия

Баландошёнае дар Куала Лумпур

 

комментария 2

  1. салом акаи Субхон дар суратхо сурати бинои Qi, ки дар сухбати радиои 15 ошёна гуфтенша намондай ку?

    • Салом…Ин сафаргуфтахо бояд 6 то бошанд, ман онхоро хам навишта сурати гуфтаи шуморо хам хатман мегузорам…..Интизор шавед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: