2 марти соли 2011

 Имруз дустам Фируз Хакимов (DJ Fire) навишт, ки «дилам барои модарам танг аст, хотирахо аз уву аз замони  буданаш  маро мекушанд»…  Баъди пагох  Фируз зодруз дорад ва ин аввалин зодрузи у БЕ модари азизаш хохад буд. Дигар  факат хотирахо  мемонад,  ки  ширину  ширинтар мешаванд, дил ба ёди  накхати дасту руи МОДАР  гум мезанад ва хам дар андух гум мешавад…ТУ дигар чуз сабр чора надори, дустам! Бозгашти мо ба суи Худост, ба суи Худост  бозгашти  МО!!!

  • Михаил Сергеевич ГОРБАЧЁВ –аввалин ва охирин Президенти СССР таваллуд шудааст (1931)

Мо калон хам шудем,

Посбон хам шудем.

Дар низоъ байни худ,
«Кахрамон» хам шудем.
 

Ку дигар СССР? 

Дил дар ин бахру бар,
Худ гариб, дар ба дар,

Байни мост симу хор,

Чашми мост сурху тар. 

Ку дигар СССР?

 

  • Ба Василий Сталин, ки 24 сол дошт,  рутбаи генерал-майор дода мешавад (1946)

         Ман чонибдори  хамин усули кадршиносии чавонон хастам. Харчанд, ки аксарият ба ин назар хастанд, ки ба чавонон додани хама гуна чоизаву  инъому унвон нодуруст аст. Баъзехо хамин гуна фикр доранд, ки ин корро бояд дар пири ва замони  «5 дакика мондан то  марг»  анчом дод…

Акнун дар бораи он, ки баъди чоизаи ба номи А. Лохутиро гирифтани ровии барномаи  «Субхи Ватан»  кадом нафар кариб буд,  ки «худро овезад»,  ягон вакти дигар хохам гуфт!!!    

 

  • Табибони яхуди хамин руз дастачамъона корпартои кардаанд (1983)

Онхо аз табобат ва чаррохии беморони вазнин даст кашида буданд. Он амалашон боиси марги чандин нафар шуда буд.

         Кадом вакте намояндахои тиб озмуни бехтарин шиорро барои худашон эълон мекунанд. Ба озмун нафаре чумлаи тахрифшудаи ким кадом шоирро мефиристад. Онро албатта табибон кабул накарданд, аммо дар бораи ба озмун омадани он шиор акнун хама хохад фахмид. Он шиор чунуин буд:

         -Эй мардуми беМор, панохтон ба Худо!…

Один ответ

  1. «Дигар факат хотирахо мемонад, ки ширину ширинтар мешаванд, дил ба ёди накхати дасту руи МОДАР гум мезанад ва хам дар андух гум мешавад…»
    Суханони оли! Ба Худо дилам гум зад. 11 сол аст ба ёди модарам…
    Нисбати «СССР»-и гуфтаи Шумо дигар чои гап нест.
    Агар даврони устод Лохути бо Шумо меафтод, устод аз Шумо унвонбардорашон шод мегаштанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: