25 феврали соли 2011

Ин фикр ба сари ман имруз ва ё дируз наомадааст. Ман чанд вакт кабл ба хамин андеша омадам.  Чаро мо ин кадар навгониро бо душвори кабул мекунем? Чаро ба хама чизи нав бояд факат бо интикод нигарем? Чаро ин кадар ба якдигар бахили мекунем? Мешавад, ки як нафар комилан ба хама чиз рози набошад? Ин мисли он аст, ки мо  хам кудак орзу мекунему хам вазниниро тахаммул карда натавониста,  чанинро афтонидан  мехохем.

Биёед, ба хама навгони бо фахм муносибат кунем, чои интикод ва тарзи баёни таъсирбахши онро ёд бигирем ва аз «букка шир талаб накунем!»

Имруз дар мавриди «бангдонаи даст ба даст», ТВ — и хусуси, сухтор ва тугмахои оханин,  «зани дар сари мард зур»  ва «чирки даст» навиштаам.    

  •         Пауль Юлиус РОЙТЕР –асосгузори агентии бузургтарини иттилоотии Рейтер (Англия) вафот мекунад (1899)

Агар дар хоричи давлати сохибистиклоли мо агентихои иттилооти ва нашрияхоро ро аз руи параметри дигаре шиносанд, инчо агентихо ва газетахои моро аз руи сарлавхаи  мусохибаву хабархояшон шинохтан мумкин аст. Намунаи сарлавхахо аз сахифахои агенти ва хафтаномахои  точики:

        ОҒОЗИ СОЛИ 2011 ҲАМ БЕ ҶИНОЯТ НАШУД»,  «НАФАҚАГИРОН ШИКОЯТ НАДОРАНД»,  «БАНГДОНА – АЗ ДАСТ БА ДАСТ»,  «То мурданам ошиқ мемонам», «Нозия: Мунаққиди сурудҳои худ ҳастам», «Мо чанд дадо дорем?» ва мисли инхо…

  

  • Лабораторияи  Чарльз  ДЖЕНКИНС  дар  Вашингтон аввалин мучаввиз (литсензия)-ро барои телевизион дастрас мекунад (1928)

Аввалин литсензия барои телевизиони  тичорати соли 1941 дода шудааст.

        Ин мисрахо баъди назораи холати нафаре, ки мехост ТВ-и хусуси таъсиси бидихад, иншо шудааст: 

Аз дав-даву интизори афтода шави,

Гох дусти Худову гох аз бода шави.

Фарёд зани ба масчиду майхона:

-«ТВ-и хусусиам, ту кай зода шави?»

  

  • Дар мехмонхонаи «Россия»  (Маскав) сухтор сар зад. Дар хомуш кардани он 143 мошини сухторхомушкуни ва 1400 нафар ширкат карда буданд. Он вакт 42 нафар ба халокат расида буд, ки аз он миён 13 нафар корманди идорахои сухторнишони буд (1977)

        «Буд набуд як бозор буд.  Дар он чандин нуктаи тичорати ва анбор чойгир буд. Як шаб он оташ гирифт. Сохибонаш сахт андухгин шуданд.  Аввал аз он, ки манбаи даромадашон сухта буд ва баъд аз он, ки тугмахои охании либосу пушоки худро, ки дар анбор буд ва бояд баъди сухтор боки мемонд, аз миёни хокистартудахо ёфта натавонистанд….»

Ин афсонаро барои кудаконатон накл накунед. Холо барвакт аст … 

  

  • Александра Бирюкова –ягона зан-номзад ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ХКИШ таваллуд шудааст  (1929)

Аз хар чизи хуб андуху гам дур меша,

Чун хуби надонист касе, кур меша.

Ё раб, Ту наёр замонаеро, ки дар он,

Як зан ба сари хазор мард зур меша!

  

  • Чорч Вашингтон Бонки Миллии ИМА-ро асос гузоштааст (1791)

        Пул (махсусан пули амрикоихо!) чирки даст аст, ки хангоми саломкуни (пеш аз гирифтани билети харби, дохил шудан ба кадом мактаби оли, сохиби замин шудан…) ба дасти каси дигар мегузарад!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: