27 феврали соли 2011

   Нав як маросими дафнро тамошо кардам ва хам ба ёдам омад чанд хамин гуна маросим, ки ман ончо ширкат доштам. Барои ман ин гуна чамъомад чои фикр кардан, хулосабарори ва андешидан  аст. Бо вучуди гиряву фигон ороми ва сукут аст ончо! Холо фикр дорам, ки инсонхоро як чиз хавфноку дагалу берахм мекунад — дур шуданашон аз одату таомул ва решахои худ!!! Ба ёд оваред, ки аз донандагони одату урфи миллиамон, аз онхое, ки ба решахои милли, авлоди ва ачдодиашон эхтиром мегузоштанд, касе хавфнок буд, берахму дагал буд? Дар оянда хам касе, ки забони модарашро намедонад, ба урфу одату анъана ва фарханги миллаташ эхтиром надорад, нобигахои миллатро инкор мекунад  барои чомеъа бо вучуди аз  «бурун нарму бечозибаву ношунаво»  буданаш,  хавфнок хохад буд!

Имруз дар мавриди орзуи чавонони бе пул ва бе чойи кор, шахсони  «оддии вокеи», таваччух ва бетаваччухие, ки аз шуурноки вобаста аст, харидани тамошои марду зани бегона, 8 зина дар Шоу-Бизнес, мусофирнакхат ва борхалтаи раккосахои туйгард навиштаам!!! 

  • Челси Клинтон –духтари собик Президенти Амрико -Билл Клинтон таваллуд шудааст (1980)

 

Хохам, ки начот ёбаму обод шавам,

Аз гам бирахам, хурраму хам шод шавам.

Аз байни хазор чавон, эй тагаи Билл,

Хушбахт манам, гар ба ТУ домод шавам!

 

  • Дар Руссия бори аввал доштани телефонро барои шахсони вокеи хам ичозат доданд (1882)

        Асосан хама гуна вазнини ба души хамон шахсони «оддии вокеи» аст. Хам зарари телефони мобили, хам гум шудани телефони мобили ва хам «андоз аз аксиз». Бубинед, ки факат  шахсони оддии вокеи телефонхояшонро гум мекунанд, бубинед, ки андозро барои ширкатхои мобили 3% боло бурданду онхо хамон 3% ба руи мардум таксим карданд. Гуё хама рози аст ва хеч гап нашудааст.

Мухтарам «шахсони оддии вокеи!!!» Шумо осуда бошед, ки ягон вакт ягон чизеро, ки барои он пулхои доштаву  захираатонро медихед, барои шумо МАНЪ  НАМЕКУНАНД!

  

  • Хукумати Фаронса эълон кард, ки хамаи театрхо муваккатан баста мешаванд (1795)

               

Ба назари Шумо агар хамин тартиб дар Точикистон чори карда шавад, чанд фоизи мардум аз ин нигарон ва чанд фисад ба он комилан бетафовут хохад буд?

Хаёлам, ки аз ин хабар дида ба он, ки «дигар барои ба чои кор овардани раккосахо автобус чудо намешавад», бештар хангомаро ба бор хохад овард!

 

  • Дар Иерусалим аввалин хавзи шиноварии якчоя барои марду занхо ба истифода шуд, ки боиси бахсу эродхо хам шуд (1958)

        Яхудихо барои он, ки хавзи якчоя сохта шудааст, норози будаанд. Хайрон нашудед? Холо  риояи аркони дин хам ба вазъияти молияи вобаста шудааст: онхое, ки пули бехисоб доранд, дар Варзобу Ромит заминро харида, барои худашону ахли оилаашон бустонсаро бо хавз  месозанд, аммо онхое, ки пул  надоранд, вале хавои тоза нафас кашидану истирохат мехоханд, мачбуранд  дар хамон чойхо хам пул диханд ва  хам хамсарашонро ба тамошо гузоранд. Инро метавон  харидани тамошои марду зани бегона хам номид!

 

  • Элизабет ТЕЙЛОР /Elizabeth TAYLOR/ -ситораи синамои амрикои таваллуд шудааст (1932). У накши Клеопатраро ичро карда, ду маротиба чоизаи «Оскар» -ро ба даст овардааст. Рекорди дигараш хамин аст, ки у 8 маротиба ба шавхар баромада чудо шудааст.

        Шоу бизнес аз азал хамин гуна тартиб доштааст:  масалан, зан-овозхон барои шеъри хуб бо шоире бояд оила бунёд мекард, аз у чудо шуда бо охангсозе оиладор мешуд ва оханге «тухфа» мегирифт, баъд «аранжировщик» пайдо карда бо у оиладор мешуду он охангро банду баст мекард, баъди он клип сохтан даркор мешавад ва он вакт хам у бояд, ки ба ягон коргардони хуб оиладор шавад, ки барояш клип созад, баъди он, ки аз он коргардон чудо мешуд, клипи сохтаи уро ба ТВ мебурд. Ончо хам то замоне, ки уро зани дуюм накунанд, клипашро ба намоиш намегузоштанд. Баъди он, ки клип дар эфир пахш шуд, у мебоист аз пушти таронаи дигар шавад. Барои ин кор албатта кадом сарпарасте даркор аст. Сарпараст факат масъалаи «оиладори»-ро пеш мегузошт. Баъди ин овозхонро мебоист, ки барои дарёфти либосу костюмхои сахнави кадом таррохро ёфта ба завки худ мувофик либос дузад. Таррохони мард  хам он вакт кам набуданд ва хам як-ду оиларо метавонистанд, ки хурронанд.  Баъди он, ки пул меомаду либос хам дастрас мешуд, у аз он мард чудо гашта ба суроги шахсе мерафт, ки барои дар кадом тарабхонае шабона сурудхонии у кумак кунад ва ичозат дихад. Он нафар хам «просто так» ин корро намекард…

        Хулоса, ки ин формулаи тахминии ШОУ БИЗНЕС аст, ки баъзехоро мачбур мекунанд хатто 8 маротиба оиладор шаванду боз чудо гарданд!!!

  

  • КЕНЗО /KENZO/ таваллуд шудааст. Дизайнер, моделер ва аттори чопони (1939)

        Либосу чехра ва муд хуб аст. Аммо буй ва накхат мухимтар аст. Буй ва накхати хуш аз гулобу атр, ки хатто ба кафани майит пошидан хам тавсия мешавад, ба кас зебои ва тароват  меорад. Завки накхатдусти бояд дар шакли машгулияти алохида ба барномаи таълими ворид шавад -хам дар макотиби миёнаву махсус ва хам дар мактабхои оли! Шумо бо ман хатман хамакида мешавед, агар нимарузе дар фасли тобистон ба дохили автобуси 18 ва ё мусофиркаши хурди 19 ворид шавед!

 

  • Малика САБИРОВА — балеринаи точик вафот кардааст (1982)

        У замоне шухрат ёфта буд, ки ракосахо мисли имруз ба чанд гурух таксим намешуданд: туйгард, шабгард, хобгохи, фармоиши, мачбури, «давлати»,  ракоса-овозхон,  раккосаи тарабхона, раккоса барои дискоклубхо ва мисли инхо. Раккос –мардхо ку имруз тамоман ФОЧЕА хастанд!  Шумо ягон бор халтахои дасти ракосахои туйгардро кофтаед, ки чи дорад? «Хама чиз» дорад!!!

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: