Душанбе-Вашингтон (3)

Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз  ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст.  Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст.  

Мо бояд баъзе масъалахои маъмуриро вобаста ба барномаи сафар мухокима мекардем. Хамсухбати мо корманди Департаменти Давлатии Амрико хонум Наома Файгенбаум накл кард, ки хамасола аз руйи ин барнома худуди 5 хазор нафар ба Амрико меоянд. Ба мо ваъда карданд, ки хангоми сафар ба Портланд мо метавонем, ки чанд соате чун волонтёр фаъолият кунем. Дар ин лоиха Маркази байналмиллалии «Меридиан» низ накш дорад. Намояндаи ин созмони гайритичорати низ дар махфили мо сухбат дошт. Ин созмон тахминан 100 корманд доштааст ва дар як гушаи зебоманзари Вашингтон карор дорад (Ман аксхои ин марказ ва хотирахои сафарамонро ба ончо фардо инчо мегузорам).Сафари худуди 2000 мехмонони Департаменти Давлатии Амрико хама сола ба воситаи хамин марказ амали мешавад. Дар анчоми сухбат барои хар кадоми мо кортхои бонки такдим шуд, ки сарфи харрузаро мо метавонем ба воситаи он анчом бидихем! Интизор нашавед, ман намегуям, ки он чанд доллар маблаг дорад  !🙂

Вохурии дуюми мо тамоман шавковар буд. Барои он, ки мо бо яке аз машхуртарин журналистони Амрико Боб Вудворд вохури доштем ва сухбати хеле шавковари уро гуш кардем. У ёвари мухаррири «Вашингтон Пост» аст. У дар ин нашрия бештар аз 42 сол аст, кик ор мекунад. Самтхои асосие, ки у мавриди тахкик карор медихад, ин президенти ва президентони амрикои, Суди Олии Амрико, Конгресс, Департаменти Давлатии Амрико, Пентагон, Раёсати Марказии Чосуси ва Системаи федеролии захирави аст. Дар 36 соли охир у тавонистааст, ки (баъзан дар хаммуаллифи бо каси дигар)  16 китоб нависад. Кариб хамаи онхо хонандаи худро пайдо кардаанд ва машхур шудаанд. Китобхояш дар сархати китобхои илми-оммави карор доранд. Машхуртаринхояш ин китобхои «Одамони президент», «Буш дар холати чанг», «Накшаи хамла ва чанги Обама» ва «Арзиши сиёсат» (соли 2012) хастанд. У дар сухбаташ дар бораи проблемахои чиддие, ки пеши сарварони Амрико меистоду меистад, сухбат кард.Тачрибаи кории у барои  нафари дар толор нишаста сабаки хубе буд. Дар кисмати охири сухбат Боб Вудворд ба саволхои сершумори журналистон чавоб гуфт. Мо бо у акс хам гирифтем.

Чанд шом аст, ки аъзоёни гурухи мо кушиш мекунанд, ки тезтар аб хучрахои хуб бираванд ва бихобанд. Гумонам онхо низ мисли ман чараёни мутобикшавиро бо мушкили паси сар мекунанд. Факат ду духтар аз гурухи мо, ки мисли хама духтарони тамоми дунё «шопинг» -ро дуст медоранд, шабона ким кадом магоза рафтаанду ким чизе харидаанд. Ин мавзуъи ду сония баъди саломалейки сахарии онхо буд….

Фардо бошад, моро вохури дар Фридом Хауз (Хонаи Озоди), маркази байналмиллалии «Меридиан» ва Департаменти Давлатии Амрико интизор аст. Ман накша кашидам, ки вакте дигарон баъди вохурихо ба Осорхонаи санъати тасвирии Вашингтон мераванд, ман ба сафорати Точикистон дар Амрико биравам. Хам онхоро бубинам, хам худамро нишон бидихам ва хам каблан дар интихоботи Президенти Точикистон ширкат кунам!

Мебинем, ки фардо чи мешавад…..

DSC09542

DSC09544

 Бо Боб Вудворд

DSC09538ме

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: