Чи гуна кудаконро ба мутолиа ташвик кунем?

     Ахамияти китобхони назди хонаводахо чунон боло буда, ки мачолисе бо унвони чаласоти китобхони баркарор мешудааст ва зебо хондан, яке аз хунархои даврони гузашта махсуб мешудааст.

     Бо вуруди расонахои тасвири шояд арзиши мутолиа назди аксари мардум тагйир наёфт, аммо ба далели дар дастрас будани расонахои тасвири ва ба кавле хозир ва омода будани як василаи тафрехии доими, гироиш ба мутолиа камтар ва камтар шуд. Инсони огох, манбаи мутолиаи худро «интихоб» мекунад ва ичоза намедихад масъулини шабакахои телевизиони барои у тасмим бигирад.

Гуфтугу дар ин бора метавонад бисёр тулони шавад ва мо дар ин чо ба матлабе бисёр мухимтар мепардозем:

Чи гуна кудакони худро ба мутолиа ташвик кунем?

Роххое, ки дар ин чо пешниход шудааст, мумкин аст бисёр сода ва ибтидои бошанд ва теъдоде аз онхо низ идеяхое навтар махсуб мешаванд. Мухим ин аст, ки кадом равиш посухи муносибе ба дунбол дошта бошад ва фаромуш накунед, бузургтарин ташвик хамвора аз тарафи мо, бузургтархо ва волидайн ба вучуд меояд.

  • Китобро дар дастрас карор дихед

Аглаби кудакони китобхон аз хонаводахое хастанд, ки китоб ва хонданихои дигар дар он вучуд дорад. Китобхои кудаки худро дар чое карор надихед, ки аз диди у дур бошад ва натавонад худаш ба он дастраси дошта бошад. Ба хотир дошта бошед, ки атфол, кудакони навпо ва бачахои то мактаби кучаканд. Китобхоро дар наздики замин ва дар дастраси онхо карор дихед.   

  • Худатон китоб бихонед

Яке аз бехтарин равишхо барои интиколи одати мутолиа ин аст, ки худатон хам китоб бихонед. Агар кудаки шумо бубинад, ки китоб мехонед ва аз ин кор лаззат мебаред, эхтимол ин ки у хам чунин одатеро дунбол кунад, бисёр зиёд аст.

  • Хадя додани китобро фаромуш накунед  

Дар чашнхои таваллуд, идхо ва замонхои дигар китоб хадя бидихед. Китобхои арзишманд ва киматашон арзон фаровон хастанд ва гохе ба даст овардани китоб аз тарики хадя, онро бисёр арзишмандтар мекунад. Кудакон бо хадя гирифтани китоб аз касоне, ки дусташон доранд, арзиши бештаре барои он коил мешаванд.

  • Мутолиаро ба коре тафрехи мубадал кунед

Кори муфаррах хамеша махбубтар аст. Накши кахрамонони достонро бози кунед, аз садохои мухталиф дар хондани он истифода кунед ва аз хама мухимтар ин корро бо иштиёк анчом дихед. Эчоди эффектхои савти монанди дар задан, таклиди садои соат ва монанди инхо, китобхониро ба як тачрибаи бисёр чаззоб мубаддал мекунад. Фаромуш накунед, ки чи гуна амал кардан бисёр мухим аст. Як хонандаи хастакунанда, достонро хастакунанда чилва медихад, хол он ки мумкин аст достон бисёр пурхаячон ва чолиб бошад. Натичаи дигари шуру шавк дар хондан ин аст, ки худатон хам бисёр лаззат хохед бурд.

  • Китоб хонданро ба коре мудовим табдил кунед

Хар руз барои кудакони худ китоб бихонед ва хатто ин корро чанд мартаба дар руз анчом дихед. Кудакони бузургтар ва босаводро хам ба китоб хондан рузона ташвик кунед ва дар бораи китобхое, ки хондаед ба гуфтугу бипардозед.

  • Телевизионро хомуш кунед ва муддатеро бидуни сару садои он бигзаронед

Хомуш будани телевизион кудаконро мачбур мекунад, то «кори дигаре» анчом диханд. Тамошои беш аз хадди телевизион таъсири ногуворе бар парвариши кудакони хурдсолтар дорад, ба хусус замоне, ки касд доред китоб хонданро ба онхо биёмузед.

  • Бачахоро ба китобхона ва китобфуруши бибаред

Ин корро ба таври хафтаги ё мохиёна анчом дихед, то битавонанд китобхои мавриди алокаи худро интихоб кунанд. Кудакон дар китобхона эхсоси хубе доранд ва аз ин ки метавонанд китобхои мавриди назарашонро амонат бигиранд ва хар гохе китоби махбуби худро харидори намоянд лаззат мебаранд.

  • Китобхои тасвирдор ва мачаллотеро дасткам нагиред 

Онхо манобеи бисёр хубе барои ташвики кудак ба мутолиа хастанд ва барои омузиши хондан ба кудак бисёр муфиданд. Китобхое, ки ба сурати навори кисса ё CD арза мешаванд, низ барои таквияти алокаи кудакон ба шунидан ва хондани кисса бисёр муассиранд.

  • Китобхои муфассал ва чандкисматиро фаромуш накунед

Як китоби хуби муфассал метавонад хонандаро барои мутолиаи бештар чалб кунад, зеро достон дар муддати тулони идома дорад ва кудак барои донистани сарнавишти кахрамони достон пайгири мутолиаи он хохад шуд.

  • Аз алоики дигари кудак бахрачуи кунед

Агар кудаки шумо ба кахрамонони хосе дар филм алока дорад, аз ин алока истифода кунед ва китобхое дар бораи ин кахрамонон барояш тахия кунед. Пас аз ин ки алокаи у ба китоб хондан афзоиш ёфт, метавонед китобхои дигареро хам шуруъ кунед.

 

         http://madaraneh.mihanblog.com 

============================================================================== 

комментария 4

  1. Бисёр чолиб.
    Акаи Субхон аммо бигуед ки донишчуёнро чи гуна ба китобхони ташвик кардан даркор? Чи бояд кард ки донишчу ба хондан каме хам бошад шавк пайдо кунад? Ягон маслихат дода метавонед?

  2. Бисёр навиштаи зебо!

  3. Асалом акаи Субхон. Ин мавод барои модарон хуб будаст. Вале намедонам ки падарон хам бояд ба кудаконашон кисса хонанд ё не. Акаи Субхон шумо барои кудаконатон боре афсона ё достон хондаед?

    • Саломалейк….Ман на факат барои кудакони худам, балки барои хазор нафар кудаки дигар аз Чамъияти нобиноёни Точикистон афсона ва киссахоро хонда, ороиши мусики дода дар CD-хо сабт карда додаам. Ин дар доираи як лоихаи Чамъияти Нобиноён ва НАНСФТ буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: