16 майи соли 2011

  Имруз ман имтихон месупорам. Имтихон дар БДА! Имруз маълум мешавад, ки баъди  кариб ду мохи тахсил  ман хукук  ва ё ичозати  рондани мошинро дарёфт карда метавонам ё не? Вале новобаста ба ин ман чонибдори он хастам, ки махз дар кишвари мо барои ронандахои бадрафтор чазои «якумри махрум кардан аз хукуки ронандаги» чори карда шавад.  Шумо хам баъди 18-20 «вождение» дар кучахои ин шахр бо мошини дар болояш харфи «Т» дошта хатман ба хамин гуна хулоса меоед!

         Имруз дар мавриди инсонхое, ки дар таърих ва хотираи инсонхо боки мемонанд, зиндагии «сервитамин» ва сари баланди мардуми точику  точикистони навиштаам! 

Имруз Падари ман -Чурабек  ЧАЛИЛОВ зодруз дорад (1952)

Аз мехри Ту аст обу гилу донаи Мо,

Аз файзи дуои Ту бачо лонаи Мо.

Зодрузи Ту, эй падар,  муборак бошад,

Дар шонаи Ту бори гами хонаи МО!!!

 

  • Ольга Федоровна БЕРГГОЛЬЦ-шоир, муаллифи чумлаи «Хеч кас ва хеч чиз фаромуш нашудааст!» (Никто не забыт и ничто не забыто) (1910)

         Ду гурух инсонхо човидонанд:  гурухи аввал, онхое, ки мардум онхоро фаромуш карда наметавонад, харчанд шояд зиёд мехохад,  гурухи дуюм бошанд,  онхое, ки вокеан  хам фаромуш намешаванд!

 

  • Фредерик Гоуленд ХОПКИНС  — биохимики англис вафот кардааст (1947)

Махз у витаминхои А ва D-ро ихтироъ кардааст. Соли 1929 у  сазовори Чоизаи Нобель гашта буд.

         Чанд чизе мавчуд аст, ки аксарият умуман дар бораи он 1. Фикр намекунанд 2. Фикр кардан намехоханд 3. Фикр карда наметавонанд 4. Дигар фикр намекунанд 5. Вакти фикр кардан надоранд. Намунаи  хамон чанд чиз метавон сабади истеъмолии мардум, сифати хама гуна молу махсулоту хизматрасони  ва ояндаи зиндагии «сервитамин»-ро гуфт!!!

 

  • Мархилаи  аввали  сохтмони сарбанди Асуан (Миср) бо дастгириии мутахассисони Шурави ба охир расидааст (1964)

         Аммо гумонам мардуми мо сарбаландии вокеиро  баъди сар баланд кардани сарбанди РОГУН интизоранд.

Рогун, хама гирад ба забон номи туро,

Рогун, ба хирад кунун пазем хоми туро.

Эй точики дар торики чун ангури маст,

Аз бодаи нур пур кунем чоми туро.

комментария 2

  1. Ман хам падари шуморо бо рузи зодрузаш табрик мегуям ва ба у саломати мехохам!

  2. Субхон ба ту дар супоридани имтихон бурдбори хохонам.
    Ва ба фикрат нисбати якумра ронандагони ноухдабароро аз хукуки ронандаги рахо намуданашон рози хастам. Гарчанде, ки худ хуччати ронандаги дорам аз хисоби ана хамин гуна ронандагон наметавонам бо дили пур ронандаги намоя. Чунонеки ба ман ин кор хеле ва хеле писанд аст.
    Боз як бори дигар бурдбори дар имтихон.
    Хамчунон Падари азизатро бо рузи мавлуд табрик намуда тамоми хушихои хайётро таманно дорам ба ахли оилаат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: