Ман ронанда мешавам! (2)

 Ман ба худам ваъда додаам, ки то хадде мумкин аст, ба машгулиятхо дар курси омузиши ронандаги бе таъхир меравам. Имруз хам ним соат пештар аз огози дарсхо ба синфхона расидам, харчанд, ки машгулияти мо ним соат дертар огоз гашт. Дар ин мактаб шогирд бо муаллим то ин дарача «наздик» аст, ки метавонад, замони дар гурухи дигар дарс гузаштани устодаш  хам дари он синфхонаро кушода  «маълим, номри телефонта те, бегони зангут мезанем»  гуяд! Агар дируз 14 нафар будем, имруз хамаги 8 кас дар синфхона менишастем. Дарс сар шуд…

Мавзуи мо имруз «Ухдадорихои умумии ронада» буд. Ба мо устод аввал коидахои асосиро дар ин самт дикта карду баъдтар боз  фахмонд. Мо сари мавзуъи сугуртаи ронанда ва воситаи наклиёт, куттии дорухои ронанда бахс хам кардем. Ман мисол овардам, ки як замон дар эфир ман хостам лоакал як касе занг бизанад, ки баъди ба садама дучор шуданаш аз макомоти сугурта маблаге чуброн гирифтааст. Касеро тули чанд муддати пахши ин сахифа он вакт нашунида будам. Ё шояд хамон вакт аз миёни онхое, ки баъди садамахо ба идорахои сугурта мурочиат карданду маблаги сугуртаро гирифтанд, радиохои дигарро гуш мекарданд? Намедонам!

Имруз устод ва «хамкурсон» -и ман дар мавзуъоти гуногун, аз чумла дар мавриди бархурди кормандони БДА бо ронандахо, бахси тасмаи бехатариву куттии дорухо, сугуртахои хатми, ташхиси компютерии мошинхо ва мисли ин бахсу андешарони карданд. Чанд нафар аз   «хозирчавоб» -он  имруз набуданд, аммо бонуе, ки аз хамон гурух буд, баъди гирифтани номи хар кадом аз он нафарон чизе мегуфт ва хам хангоми пурсидани касе кушиш мекард, ки «уро аз вазъияти ногувор» берун кунад: тавсия медод, ки натарсад, фикри худашро баён кунад, хомуш наистад…

Имруз дар синфи мо фазо нисбатан точики буд. Ман имруз чанд маълумоти заруро дар дафтарчаам кайд кардам, тавонистам, ки на мисли тартиби каблан гуфтаи муаллим (яъне саволхо факат дар охири дарс!) балки дар хар кучое, ки мехостам, ба у савол дода,  чавобашро шунидам.  Таачубовар хамон сухбати шунавандахо аз гурухи дигар бо муаллими мо  буд, ки комилан  «ШУМО»  надошт. Харчанд, ки ин он кадар мухим ва аз хама асоси нест, аммо хаёл мекунам, ки муносибату муоширатро надонистан хам хеле бад аст ва табъи касро хира мекунад.

Боз пагох агар насиб бошад  ба дарс меравам ва мушохидахоямро дар хамин чо мехонед.

комментария 4

  1. Субхонт ту то мошин нахари ронанда шудан наметавони ……………….. бад ун карзои мана кай бар мегардони ………………….ман дар Киёмат вая намебахшум

  2. Асалом акаи Субхон. Аз навиштахоятон фахмида мешавад, ки хотираи мустахкам доред ))) ва забони точики худро хеле дуст медоред. Саломат бошед!

  3. Салом акаи Субхон.
    Ман низ дар курси ронандаги тахсил дорам. Аллакай мохи дуюм. Аммо фазои дарсии мо аз дарси Шумо куллан фарк мекунад

    • Саломалейк…Рости гап сарпарасти хамин мавзуъи блоги ман хамон мактаби ронандагии Шумо аст🙂 Лекин инро бояд ягон кас нафахмад🙂

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: