5 гапи хафта (Нигох)

   Ин мавод дар шумораи хамин хафтаи газетаи «НИГОХ»  нашр шудааст. Ба худ фикр кардам, ки аз  холи будани ин сахифа бехтар аст, ки хамин маводро гузорам ва  «нишон»  дихам, ки ман хастам, блог дорам…Холо дар хама чо хамин «холат»  хаст ку!  «Хоча бог дори-ДОРАМ…»

Ташвиш аз афв 

  • Мухимтарин гапи хафта гапи АФВ буд. Конунро дар ин маврид Президенти Точикистон имзо кард. Он ба 15 хазор кас дахл дошта, худуди 4 хазорро аз зиндонхо берун меорад. Баъди он, ки мо дар хамин маврид дар куча сухбат мекардем, посбони нуктаи нигохдории мошинхо, ки дар канори хонаи мо аст, гуфт: «он дафъа баъди афв дуздии кисмхои мошинхо зиёд шуда буд… Боз хаму корхо сар мешавад!»  Баъди афв чи зиёду чи кам мешавад, инро вакт нишон хохад дод!

 

Боз хам даври хам!!!

  • Фарзонаи Хуршед — овозхони точик, ки соли гузашта 2 сол ба зиндон хукм шуда буд, баъди конуни афв ба озоди баромад. Холо хам пешгуи кардан душвор аст, ки ин «нишастан» ба овозхонияш чи гуна таъсир мерасонад? Мушкили пахши таронахои хамшираи у — Шабнам дар ТВ, овозахо сари бемори ва рухафтодагии модари у — Сурайё Косимова ва доге, ки Фарзона ба худ гирифт, эхтимол дилашро ба овозхониву  эчод сардтар кунад. Вале аз суи дигар, боз ки медонад, шояд баъди махбуси ва  расидан ба озоди Фарзона таронахои пурсузтареро эчод ва сабт кунад.

«Боло ба боло» меБаРем…!!!

  • Гапи мухими дигар дар хафтаи рафта – аввал боло рафтан ва баъд бо доллар таъин кардани маблаги сафари хач буд. Ин маблаг аз 3191 то 3348 доллари амрикои баланд карда шуд. Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, Мавлон Мухторов дар як сухбаташ гуфтааст, ки ин ба 3 сабаб вобастаги дорад: болоравии нархи салярка, эхтимоли бекурбшавии сомони ва хоричи будани ширкатхое, ки бо кумитаи дини Точикистон хамкори доранд.  Хочиёни гироми! Акнун дар охири хар намозатон дуо кунед, ки салярка арзон шаваду курби сомони ночиз нашавад ва ширкатхои точики ва ё ба точикон мехрубонтаре  хам пайдо гарданд, ки масъулияти ба хач бурдани шуморо  ба душ гиранд. (Дар мавриди салярка бошад, шумо  «салярка»-и хавопаймохоро аз саляркаи мошинхо чудо кунед! )

Пахта барои гушхо!!!

  • Ихтироъи навъхои нави пахта — «20 соли Истиклол» ва «Авесто» аз чониби гурӯҳи донишмандони Пажуҳишгоҳи замини Академияи кишоварзи дар Точикистон гапи дигари мухими хафта буд, ки  он кадар хангома нашуд. Сабаб шояд он буд, ки расонахое, ки «хангомасоз» хастанд, он кадар хохиши ба чахониён гуфтани  дастоварду комёбихои  точиконро надоранд. Вагарна ихтироъи пахтае, ки гулаш кушода несту аз боду борону хашароту хар офати дигар эмин аст, хангома нест?

ГОЛ!!!

  • Гапи мухими дигар ин интихоби Рустами Эмомали — ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба макоми  масъули асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста  таъин намудани  мутахассиси маъруф —  Олимҷон Рафиков буд. Акнун умед хаст, ки бехтарин фарзандони Точикистон, ки дар беруни марз –дар клубхо ва давлатхои пешрафта кору машк мекунанд, барои бозихои халкунанда чалб карда мешаванд ва нуфузи кишвар бо ин рох боло бурда мешавад. Зеро маълум аст, ки футбол кайхо боз факат футбол нест, он бештар аз футбол аст!!!       

                                     

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: