«Гуфтугу»-и боакида!!!

Ба назари шумо оё инсон метавонад махоратхои гуфтори ва муховарахои худро иртико дихад? Дар чавоб бояд хидмататон арз кунем, ки албатта ки метавонад, аммо мумкин аст тагйири баъзе аз одатхои гуфтори ва муховараии мо, ки дар тули зиндагиамон ба вучуд омада ва шакл гирифта, каме душвор бошад, аммо тардиде вучуд надорад, ки ин амр имконпазир аст.

Ин чо ба суроги чанде аз намунахои иштибохоти роиче, ки бисёре аз мо дар муколамотамон муртакиби онхо мешавем, меравем ва зимни баёни онхо ба тархи рохи халли онхо мепардозем. 

1. Гуш надодан:

Эрнест Хемингуэй мегўяд: «Дуст дорам гуш кунам. Чизхои хеле зиёдеро аз гуш кардани дакик ёд гирифтаам. Бештари мардум хеч вакт гуш намекунанд». Шумо мисли хамаи мардум набошед. Муштокона мунтазири навбати харф задани худатон наистед. Нафси худатонро каме акиб нигах доред. Ёд бигиред, ки чи тавр вокеан ба харфхое, ки мардум мезананд гуш дихед. 

Вакте шуруъ ба гуш додан кунед, бахшхои мухталифе аз муколамаро бояд дар дасти худ бигиред. Аммо, масъалаи мухим ин аст, ки бояд аз чавобхои кутохи «оре» ва «на» ба шиддат худдори кунед, чун дар ин сурат тарафи мукобилатон иттилооти зиёде нахохад дод. Масалан, агар дусте барои шумо таъриф мекард, ки хафтаи гузашта бо чанд нафар аз дустонаш ба мохигири рафтааст, масалан метавонед аз у бипурсед: «барои мохигири кучо рафтед?», «чи чизи мохигириро аз хама бештар дуст дори?», «ба чуз мохигири чи корхои дигаре кардед» ва… ба ин равиш фард чараёнро амиктар таъриф мекунад ва иттилооти бештаре дар ихтиёратон мегузорад ва шумо метавонед аз миёни ин иттилоот масирхои баъдитонро хам барои сухбат кардан интихоб кунед. Агар тарафи мукобилатон масалан ибтидо гуфт: «намедонам», таслим нашавед. Каме бештар таргибаш кунед. Дубора суол кунед. Онхо медонанд, факат бояд каме бештар дар мавриди он фикр кунанд, он вакт муколама чолибтар хохад шуд.

2. Суоли беш аз хад:

Агар беш аз хад савол кунед, муколама шакли бозчуи ба худ мегирад, ё мумкин аст ин тавр ба назар бирасад, ки шумо чизи зиёде барои дар миён гузоштан бо тарафи сухбататон надоред. Бехтар аст суолхоятонро бо чанд чумлаи тавзехи махлут кунед. Бо идома ёфтани муколама ва пеш рафтани он метавонед саволхоро нодида гирифта ва бигуед: «Оре», хеле хуб аст, ки одам охири хафта бо дустонаш ба кучое биравад ва хуб истирохат кунад. Ва аз хамин чо муколамаатон густариш пайдо мекунад ва мавзуоти дигаре мавриди алокаатон вориди бахс мешавад.     

3. Сукути нохушоянд:     

Дар муколама бо касе, ки тоза бо у мулокот кардаед ё вакте мавзуоти хамешаги тамом шуда бошад, сукути баде хукмфармо мешавад. Ё мумкин аст аз ин ки намедонед ин сукут чи далеле метавонад дошта бошад, асаби шавед. Хеч вакт бидуни хондани рузнома аз хона хорич нашавед.

Вакте дар муколамае мавзуи кам овардед, метавонед дар мавриди ахбори руз сухбат кунед. Метавонед дар мавриди иттифокоте, ки дар мехмони, ки дар он хастед, назар дихед. Мутмаинан хамеша дар атрофатон мавзуе барои сухбат кардан дар мавриди он хаст. Вакте фарди чадидеро мулокот мекунед, яке аз бехтарин равишхое, ки метавонед бо кумаки он аз сард шудани муколама чилавгири кунед ин аст, ки эхсоси худатонро вакте бо яке аз бехтарин дустонатон мулокот мекунед, ба хотир оваред ва тасаввур кунед, ки ин фарди чадид хам яке аз бехтарин дустони шумост. Албатта, ёдатон бошад, ки зиёдарави накунед, чун мумкин аст ин фарди чадид алока надошта бошад, ки дар хамон бархурди аввал дар огушаш бигиред ва бусааш кунед. Дар иваз бо лабханд ва рафторе дустона ва гарм бо у бархурд кунед.

4. Тарики баёни номуносиб:

Яке аз мухимтарин масоили муколама ин аст, ки чи тавр он харфро бар забон меоваред. Тагйир дар ин рафторхо тафовути умдае эчод мекунад чун садо ва забони бадани (вазъият ва харакот) шумо бахши мухиме аз муколамаро ташкил медихад.

Каме оромтар. Вакте аз чизе хаячонзада мешавед, маъмулан харф заданатон тундтар ва тундтар мешавад. Саъй кунед каме оромтар шавед. Ба ин тарик, гуш додан барои мухотабатон осонтар шуда ва рохаттар сухбатхоятонро мутаваччех мешаванд.

Садоятонро боло бибаред. Натарсед ва он кадар харф бизанед, ки тарафи мукобилатон битавонад ба рохати харфхои шуморо бишнавад.

Равшан ва возех харф бизанед. Зери лаб ман-ман накунед. Бо эхсос сухбат кунед. Агар бо лахне якнавохт харф бизанед касе алокаи ба дунбол кардани харфи шуморо нахохад дошт.  

→ Тавре сухбат бикунед, ки эхсосатон дар садоятон мунъакис шавад.

Байни сухбатхоятон таваккуф кунед. Ин кор боис мешавад мухотаб дакиктар ба сухбатхоятон гуш дихад.

→ Мавкеи харф задан каме ба самти тарафи мукобилатон хам шавед. Ин кор таъсири харфхоятонро бештар мекунад, аммо диккат кунед, ки дар ин кор низ зиёдарави накунед.

5. Катъ кардани харфи дигарон:

Хама касоне, ки дар як муколама ширкат мекунанд бояд ба як мизон фурсати харфи задан дошта бошанд. Ба хеч унвон байни сухбати касе, харфи уро катъ накунед, то таваччухи мухотибинро ба худ чалб кунед. Бояд битавонед байни харф задан ва гуш кардани худ тавозун эчод кунед.

6. Хамеша хак бо шумо нест:    

Ба хеч вачх саъй накунед хамеша ва дар мавриди хар мавзуе хакро ба чониби худатон бидонед. Маъмулан, муколамот вокеан як бахс нест ва бехтар аст ичоза бидихед холу хавои хуб ва дустонае дар он чараён дошта бошад. Агар карор бошад, ки дар хама бахсхо шумо баранда бошед, касе чандон хушхол нахохад шуд. Пас ба чои ин кор каме акиб биншинед ва талош кунед то холу хавои хубе дар гуфтугуятон чараён ёбад.

7. Сухбат кардан дар мавриди як мавзуи ачиб ё манфи:

Агар дар як мехмони ё чое хастед, ки бо касе тоза ру ба ру шудаед, бехтар аст аз пеш кашидани баъзе мавзуот худдори кунед.

Сухбат кардан дар мавриди вазъияти бади саломатиатон ё робитаи бадатон бо касе, шугли бад ва раиси бадахлокатон, катлхои занчираи, ё хар чизи дигаре, ки энержии мусбатчуро аз байн мебарад, мавзуоте хастанд, ки бояд аз онхо ичтиноб кунед. Хамчунин бехтар аст харф задан дар мавриди сиёсат ва мазхабро хам барои гуфтугухои дустонатон бигзоред.

8. Хастакунанда будан:    

Бидуни таваччух ба атрофиён, 10 дакика беист харф задан дар мавриди мошини чадидатон аслан хушоянд ба назар намерасад. Вакте мебинед, ки мухотибинатон аз шунидани он хушаш намеояд, бояд омода бошед, ки зудтар мавзуъро иваз кунед.   

Як рохи хуб барои ин ки хамеша мавзуоте чолиб барои сухбат кардан дар мавриди он бо дигарон дошта бошед, ин аст, ки зиндагии чолиб дошта бошед ва руи масоили мусбати зиндаги мутамарказ шавед. Шуруъ накунед дар мавриди шуглатон ё раисатон гур-гур кунед, хеч кас дуст надорад ин чизхоро бишнавад. Дар иваз, дар мавриди охирин мусофирататон, як хотираи чолиб, ки як руз мавкеи харид бароятон иттифок афтодааст, барномахоятон барои иде, ки дар пеш аст ё хар чизи чолиб сухбат кунед. 

Коре, ки бояд бикунед ин аст, ки дигарон мачзубатон шаванд. Бо ин равиш хеле рохат метавонед дуст пайдо кунед. Пас, ба чои ин ки дар муколамаатон бо дигарон факат ба як мавзуъ бичаспед ва мудом такрораш кунед, доираи мавзуатонро каме васеътар кунед ва дар мавриди масоили мухталиф ва чолиб бо мухотабатон гуфтугу кунед.

9. Мутакобил рафтор накардан:

Хар чи фирк мекунед ба забон биёваред ва эхсосатонро матрах кунед. Вакте касе тачрибаеро бо касе дар миён мегузорад, шумо хам бояд дар ивази яке аз тачриботи худатон бо у шарик шавед. Факат ру ба руи мухотабатон наистед ва саратонро такон дихед, ё чавобхои кутох бидихед.

10. Харфе барои гуфтан надоштан:

Мумкин аст эхсос кунед, ки харфи зиёде барои гуфтан надоред. Аммо, бояд саъй кунед. Хуб ба харфхои тарафи мукобил гуш кунед ва ба харфхое, ки мезанад алокаманд бошед. Савол кунед ва чавобхои марбут ва муносиб бидихед. Чашмхоятонро хам боз кунед. Аз махоратхои биноиятон истифода карда ва мавзуоти чолиберо дар атрофатон барои харф задан пайдо кунед.

Хар руз рузнома бихонед ва мавзуоти чолиб ва муфид барои харф задан пайдо кунед. Руи забони баданатон (харакатхоятон) ва нахваи харф заданатон кор кунед ва махоратхои муховараии худро иртико дихед.   

  • Осон бигиред

Лозим нест хамаи ин корхоро якчо ёд бигиред ва анчом дихед. Ду-се маврид аз ин махоратхоро интихоб карда ва хар бор дар муколамотатон истифода кунед. Хеле зуд хохед дид, ки ба таври автомати ва нохудогох хамаи ин рафторхо ва махоратхоро дар муколамотатон истифода мекунед.         

             Баргардон аз хатти форси — http://vista.ir        

комментариев 5

  1. Салому дуруд ба ахли корсозони расонаи мазкур.
    Мо аз Субхон Чалилов (муаллиф) як гурух коргарони телевизиони махаллии тобеъи маркази Чумхури эхтиромона хохиш ва дархост мекардем ки барои яке аз барномаи навтаъсиси мо ки бахше бо номи «ЯК СУОЛ»- дорад суолхои интеллектуали бо чавобхои тайёрашон пешниход мекардед. Харчикадар бисёр бошад ба мо хамон кадар лозим ва хуб аст….
    Муаллифи барномаи Телевизионии «Рози номахо»
    Умед Халимов
    Чавоби Шуморо ТАЪЧИЛАН интизорем…

  2. салом хамватанон!!!!
    Ман Хасан Гадоев дар шахри маскав…
    Саломи гарми гариб бачахо ба
    шумо

  3. Салом. Бехтарин!… Шумо хам акаи Субхон мавзухои хубро менависед. Саломат бошед!

  4. Бозам салом! Маводи хуб будааст..! акаи Субхон барои чи тарз сухбат кардани шунавандахо дар радио ягон чи нависед?

    • Салом…Мавзуъи хубро ба миён гузоштед, фикр мекунам. Шояд ягон чи навишта тавонам🙂

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: