Радиои «Ватан» ва лоихахои ичтимои

Дар чомеаи муосир ва шароите, ки  мо зиндаги дорем, накши радио дар тахрики андешаи мардум, дигар шудани чахонбини ва тафаккури онхо ва ба миён овардани афкори ахли чомеъа хеле мухим аст. Эхсос мешавад, ки имруз мардум ба радио бештар аз  телевизион бовари ва эътимод дорад ва дар холи зарурат ба ин дастгохи пуркуввати таблиготи ру меорад. Мо аслан ба ин назар нестем, ки радио бояд хатман ба минбари насихату маслихату ошноии марду зан табдил биёбад, вале чонибдори он хастем, ки радио барои бехтар сохтани зиндагии мардум хатман бояд мусоидат кунад. Бо кадом рох? Бо рохи пешниходи ахбори саривакти ва мухим, бо рохи, сохтани барномахои гуногуни омузиши ва маърифати, бо рохи муаррифии имкониятхо ва иктидори мавчуда дар самтхои гуногуни кишвар, бо  рохи хамкори дар лоихахои муштарак бо муассисот ва  ташкилоти байналмиллали дар амали сохтани ин ё он тарх  ва мисли инхо.   Радиои «Ватан» дар самти дастгирии ичтимоии мардум, фарохам овардани имконияти рушд барои сокинони кишвар баъзе лоиха ва тарху накшахоро хам амали кардааст ва мекунад. Дар бораи баъзеи онхо дар ин макола муфассалтар хохем навишт.

Аввалин намоишгох-фуруши хайрияви 

Холо ширкату ташкилот ва чамъиятхои зиёде пайдо шудааст, ки ба чамъоварии маблагхо барои корхои хайр машгул аст, барномахои консертиро ташкил карда, маблагашро ба суратхисоби касе ва ё барои табобати касе сарф мекунад, дар рузи иду чашнхо барои баргузории чорабинихои идона барои ятимону мухточон мусоидат мекунад. Радиои «Ватан» икдоми каме фарккунандаеро аввалин шуда дар кишвар пиёда  кард: мо молу ашёи гуногунро аз нафарони машхур ва хохишмандон чамъ карда, онхоро дар богчаи канори Театри Опера ва Балет ба фуруш гузоштем. Нархи кимматтарин 20 сомони буд. Он молу ашё истифода шуда хам буду нав хам. Нафарони машхур аз кабили сарояндахо, сиёсатмадорон, рассомон молу ашёеро ба намоишгохи мо оварданд, ки арзиши баланд доштанд. Мо онхоро тарики музояда (аукцион) фурухтем. Факат дар як руз бештар аз 1000 доллари амрикои ба даст омад, ки он барои гузаронидани иди соли нав барои ятимон ва тарбиятгирандагони чанд хонаи кудакон, богчахои бачагона ва беморхонахо сарф шуд. Ин идея аз чониби мардум хеле хуб кабул карда шуд. Тасаввур кунед, ки мо дар ин икдом як бастаи китобхоро тарики музояда бештар аз 200 сомони фурухтем. Нафаре, ки харидори кард, медонист, ки маблаги у барои дастгирии ятиме сарф мешавад ва бо камоли майл нархро боло мебардошту мехост харчи бештар сахгузори кунад. Ин гуна намоишгох-фурушро мо ният дорем, ки дар як сол ду маротиба –дар бахор ва тирамох баргузор кунем.

Аввалин клуби ихтиёриён (волонтёрхо)

Радиои «Ватан» дар доираи як лоихаи худ бо дастгирии Сафорати Амрико дар кишвари мо бори аввал миёни хама воситахои ахбори оммаи Точикистон Клуби ихтиёриён (волонтёрхо)-ро ташкил кард. Мо дар ин лоиха чавонони фаъол ва ихтиёриро аз Кулоб-8 нафар, Кургонтеппа-5, навохии атрофи Душанбе ва албатта аз пойтахт-кариб 20 нафар  гирди хам овардем. Хамаи онхо, ки  хохиши кумакрасони, эчодкори ва неки кардан доштанд, аз курси якмохаи махсус гузашта, сохиби Сертификат шуданд. Ихтиёриёни мо аз Кулоб баъди бозгашт ба зодгохашон тавонистанд, ки шумораи ихтиёриёнро ба гурухи худ, ду маротиба бештар кунанд. Холо акнун онхо зери номи «Гурухи Мадад» дар Кулоб чорабинихои идона, маърифати ва хайриявиро анчом медиханд. Дар доираи фаъолити худ Клуб  дар баргузории идхои гуногун барои бачахо мусоидат кардааст. Мо дар беморхонахо барои кудаконе, ки табобат мегирифтанд, бо ширкати кахрамонхои афсонави чорабинихои идона баргузор кардем, ба хона-интернати дехаи Чорбоги нохияи Варзоб рафта, барои кудакон тухфахо бурдем,  мо ба чандин хонахои ятимон рафта, тухфахои идона, ширини ва маводи дигари гизо бурдем ва хар гуна бозихоро барои онхо ташкил намудем. Имруз низ ин клуб фаъолият дорад ва сари чанд вакт дар чорабинихои радиои аъзоёни он , ки хамзамон дар чамъияту ташкилоти дигари хайрияви фаъолият мекунанд, гирди хам меоянд.

Лоихаи «Дармонгохи хукуки»-ёрии ройгон ва махфии хукуки барои занхо

Ин лоиха чанд сол кабл бо дастгирии сафорати Норвегия пешниход шуда буд. Механизми ин лоиха хамин гуна аст, ки мардум, махсусан занхо ба раками  телефони хатти фаъол занг зада, хатто бе гуфтани ному насаб ва маълумоти бештаре дар бораи худ, саволи худро пешниход мекунад. Хукукшиносони мо, ки хамзамон ровии барнома хастанд, аввал ба воситаи телефон ва баъд дар вакти пахши барнома ба он саволхо чавоб мегардонанд. Мохона шояд бештар аз 100 нафар ба раками 989107272 занг мезананд ва кумаки хукукии ройгон мегиранд.

Соли 2014 ин лоиха бо дастгирии Сафорати ИМА дар Точикистон баргузор шуд. Занхо имкон доштанд, ки хатто адвокатро бепул (аз хисоби ин лоиха) ба мурофиахои суди баранд то хукуки онхоро химоя кунад. Чанде пештар гурухи занхо аз минтакаи Кургонтеппа ба телефони бовари тамос гирифта, хостгори сухбати ру ба ру бо адвокат аз барномаи «Дармонгохи хукуки» шуданд. Муаллифи ин барнома адвокат Чахонгир Шодиев ва Директори барномахои Радиои «Ватан» — Субхон Чалилов ба он деха рафта, бе восита бо мардум, махсусан бо занхо дар хонаи як сокини хамон деха чамъ омада, сухбат карданд. Мушкилоти гуногун доштанд онхо: якеро хамсараш партофта рафта буд, шавхари дигари дар Русия бедарак шуда буд, часади хамсари якеашро бе чону бе сар аз мухочират оварда буданд, яке масъалаи маскункуниро ба миён гузошта буд….

Дар кисмати нихоии ин лоиха мо семинарии якрузаро бо ширкати намояндахои макомоти давлати ва гайридавлати, намояндагони сафорату ташкилоти хоричии мукими Точикистон ва доираи васеъи хабарнигорон дар Маркази Тадкикоти Стратегии Точикистон баргузор кардем. Чихати фаркунандаи ин семинар тачрибаи нахустини Радиои «Ватан» бо истифода аз хизмати актёрони касби буд. Идея чунин буд:

-Мо ду актёр-марду занро, ки гуё бо хамдигар чанчол карда истодаанд,  дар кучахои серодами Душанбе гузошта, аз дур пинхони онхоро сабт кардем. Зан дар холе, ки гиря мекард, аз рохгузарон имдод металабид. Ачоибат ва чизи гайриинтизор барои   мо хамин буд, ки касе ба у намехост кумак кунад. Аз бари у мусафедон, галстукдорон, либоси низоми пушидахо, занхо, донишчуён ….мегузаштанд. Хама бетараф ва бепарво буд. Максади мо хам аз ин тачриба — то чи андоза бетафовут набудани мардумро фахмидан буд. Аммо афсус, ки  тачриба нишон дод, ки мардум кариб ки ба мушкилоти як оилаи чавон комилан беахамият асту намехохад, ки кумак кунад: яек барои он, ки либосхои он зан (актрисаи мо) аврупои буд, як кас барои он, ки худаш ба занхо бовари надорад, каси дигар барои он, ки ба чанчоли бегона хамрох шуданро хуб намешуморад…..

Дар ин семинар мо хамон расмхо ва наворхои дар чараёни сафари кориамон ба шахри Кургонтеппа ва нохияи Чалолиддини Руми бардоштаамонро хам ба намоиш гузоштем. Семинарии амали барои иштирокдорон хеле писанд омада буд.

Татбики лоихахои  радиои тарики шабакахои ичтимои (махсусан Фейсбук)

Холо Фейсбук ба  кароргох, утоки кори ва хатто хонаи баъзехо табдил ёфтааст. Хама чизи шавковар –хох пайём бошаду хох сурат ва хатто хох як чумла шархихоли дар ин сахифа вокуниш ба амал меораду барои пешниходи назари дигарон сабаб мешавад. Бо назардошти он ки аксарияти барномахои мо тарики ин шабака муаррифи мешаванд, мо баъзе накшаву тарххои худро махсус ба фейсбук мутобик мекунем. Масалан, хатто волидони хушсаликаро барои Чоизаи харсолаи ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе ба воситаи Фейсбук интихоб мекунанд. Озмунхои «Гулхои Ватан», «Хотироти аскари», «Дав бо туфлихои пошнадори занона барои мардхо», «Караоке», озмунхои кудакона, чамъоварии тухфа барои кудакони ятимхонахо, чамъоварии китоб барои шогирдони яке аз мактабхои нохияи Рудаки бо хохиши муаллиамаи фанни забони русии хамон мактаб….ва боз чандин озмуну тарххои ичтимои ва шавковар ба воситаи Фейсбук баргузор шудаву тарики Радиои «Ватан» таблиг ва инъикос шудаанд.

Махсулоти радио ва инъикоси мавзуъоти мубрами руз

Тачрибаи дигаре, ки мо намунаи онро дар радиои дигари кишвар  нашунидаем, сохтану пахш кардани роликхои ичтимои дар мавзуъоти гуногун аст. Масалан, дар мавзуъи хомуш кардани чарогхо дар Рузи чахони Замин (День земли), сохтани роликхои огохкунанда дар мавзуъхои истифодаи окилонаи об, барк ва хифзи мухити зист, риоя кардани коидахои харакат дар роххо ва мисли ин аз махсулоти радиои аст, ки ба хотири савоб ва хам боло бурдани маърифати мардуми шахр, сокинони кишвар ва доираи васеъи шунавандахои радиои тахияи ва пешниход шудаанд ва феълан дар мавзуъи хифзи молу чон хангоми обхези, заминларза ва селу сухтор дар эфир пахш шуда истодаанд.  Мавзуъи барномахои мо «Бе тахрир», «Репортёр», «Чашмандоз», «Алифбои тандурусти», «Помогиня», «Экоквартира», «Мама, папа, я», «Чойхона», «Пайрохаи зиндаги», «Гуфтумон», «Имруз», «Пайгоми рушнои», «Хафтавранг» (барномаи динни) аслан ба ичтимоиёт, фарханг ва болобурди сатхи маънавиёту чахонбинии мардум равона шуда буд.

Хамкории Радиои «Ватан» бо ташкилоти байналмиллали

Навтарин лоихаи мо ва Созмони Чахонии Мухочират барномаи «Дур аз Ватан…» аст, ки агар то хафтаи гузашта, факат дар 12 руз як маротиба ва дар доираи як соат баргузор мешуд, акнун рузхои чоршанбе аз соати 10:10 то 12:00 мустакиман бо ширкати хукукшиносон ва  мутахасисон аз он созмони чахони ва хам аз макомоти дахлдори давлатии ватани баргузор мегардад.  Бо хамкори ва мусоидати созмону ташкилоти чахони, сафоратхонаи кишвархои гуногун мо чандин марафону рузхои махсусро – мисли рузи чахонии мубориза алайхи СПИД, Рузи пешгирии мехнати кудакон, Рузи чахонии духтарон, маъракахои гуногунуи эмгузарони, рузи мубориза бо варача, бо бемории сил, рузи дастгирии кудакони дорои аутизм ва чандин рузу махфилу марафонро тарики эфир ва дар кучахои Душанбе бо инъикоси онхо дар эфир баргузор кардаем, ки хамаги хотирмону таъсирбахш буданд. Дар самти хамкори бо ташкилоти Окфам хам натичахо каноатбахш хастанд. Лоиха бо ин ташкилот то охири мохи марти соли равон бо номи «Зан. Замин ва Замон»  идома меёбад.

Хамкории мо бо Сафорати Амрико, Британия, Фаронса, Русия, Норвегия, Озорбойчон, Белорусия, Маркази фархангии «Бактрия» ва мисли инхо дар сатхи хеле хуб ба рох монда шудааст ва лоихахои муштараки мо хамеша шавковару натичабахш хастанд.

Радиои «Ватан» -садои «Ватан» дар фазои Ватан

Радиои «Ватан» 7 майи соли 2003 ташкил шуда, аввалин радиои мустакили шабонарузи дар Душанбе аст. Мо 80% барномахои худро бо забони точики ва факат 20% барномахоро бо забони руси пешниход мекунем. «Ватан» — аввалин радиои хусуси аст, ки дар тамоми каламрави кишвар  кобили шунидан аст: моро дар Душанбе ва атрофи он дар мавчи 106, дар Кургонтеппа ва перомуни он шахр дар мавчи 102,4, дар Хоруг дар мавчи 105 ва дар Хучанду атрофи он шахр дар мавчи 103,3 FM шунидан мумкин аст. Сиёсати мусики мо ба завки шунавандаи имруза мувофик аст: мо таронахои руси, точики, гарби ва шаркиро пай дар хам –шабонарузи  пахш мекунем. Дар Радиои «Ватан» худуди 20 нафар штати фаъолият доштаву нафарони зиёде тарики шартнома ва гайриштати машгули кору эчод хастанд. Овозхонони имруз машхури кишвар-Зайнура Пулодова, Тахмина Ниёзова, Фарид Мухаммад, Абдукарим Машрабов ва боз чанд нафари дигар махз ба воситаи лоихаи мусики «Ситорахои асри нав», ки онро Радиои «Ватан» баргузор карда буд, ба сахнаи калон ворид шудаву аввалин бор дар Кохи Борбад дар барномаи дастачамъонаи консерти ширкат намудаанд. Бори аввал ба Точикистон овардани ситорахои эстрадаи чахони –мисли Ингрид, Фируза Чумъаниёзова, Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Катя Лель ва чанд нафари дигар  дар якчояги ва хамдасти бо Радиои «Ватан»сурат гирифтааст.

Давраи фаъолияти босамар ва инкишофи комили журналистони имруз хеле машхури кишвар мисли Рустами Чони (газетаи Имруз нюс), Фируз Хакимов (Dj Fire, Радиои Ориёно), Зеваршо Махмадов (радиои БИБИСИ), Наргис Косимова (ТВ Сафина), Дилафруз Комилова (ТВ Сафина), Аъзам Насриддинов (Радио 201), Хуршед Исмоилов (Радиои Точикистон, ТВ Пойтахт), Аличон Чураев (газетаи Минбари халк), Ворис (Симои Мустакили Точикистон), Исмоил Пирмухаммадзода (рухони), Зарина Эргашева (журналист), Тахмина Охонвалиева (ТВ Чахоннамо), Баха84 ва Мастер Исмайл (рэперони машхур) махз ба замони фаъолияти онхо дар Ширкати ТВ ва Радиои «ВАТАН» рост омадааст.

 Директори кулли Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» феълан Кулакова-Браннеруд Вера Владимировна аст. 

Нишонии мо: шахри Душанбе, хиёбони С. Шерози 16, бинои нашриёти «Шарки Озод», ошёнаи 12. Тамос: 2385106.

Садои «Ватан» дар фазои Ватан !!!

"Ватан"- зидди хушунат аст!!!

«Ватан»- зидди хушунат аст!!!

Икдоми шоколадии "Ватан"

Икдоми шоколадии «Ватан»

Мехмонони амрикоии "Ватан"

Мехмонони амрикоии «Ватан»

Театри Лухтак. Дуругхои боваркардани.

Театри Лухтак. Дуругхои боваркардани.

Насли оянда бояд солим бошаду зиндагии шоиста дошта бошад!

Насли оянда бояд солим бошаду зиндагии шоиста дошта бошад!

Ихтиёриёни Ватан

Ихтиёриёни Ватан

Як ханда кун, эй гул...

Як ханда кун, эй гул…

Модар ва писари маъюбаш

Модар ва писари маъюбаш

"Дармонгохи хукуки" дар  Хатлон

«Дармонгохи хукуки» дар Хатлон

Тачрибаи нигохдории ширинкорон барои табобат дар Точикистон  холо вучуд надорад

Тачрибаи нигохдории ширинкорон барои табобат дар Точикистон холо вучуд надорад

Хушсаликахои Душанбе

Хушсаликахои Душанбе

Дар хамоиши сарварони чавон

Дар хамоиши сарварони чавон

Дар маросими Чоизаи ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе

Дар маросими Чоизаи ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе

Кудакон -имруз ва ояндаи моанд!!!

Кудакон -имруз ва ояндаи моанд!!!

Дил-рамзи мухаббат ва мехрубони!

Дил-рамзи мухаббат ва мехрубони!

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше