Чаро шуморо ба кор нагирифтанд? Чанд сабаб.

Аксар вакт хамин гуна холат рух медихад, ки шумо аз сухбат бо мутахасиси кадрхо мегузаред, аллакай худро корманди он коргох тасаввур мекунед, ба хама дустонатон мегуед, ки шуморо ба кор кабул карданд, аммо….баъдтар шуморо даъват мекунанд ва ё зангатон зада мегуянд, ки «узр, шуморо ба кор гирифта наметавонем….»

Сабаби асосии ин холат хамин аст, ки нафари бехтар аз шуморо пайдо карданд, аммо инчо сабабхои дигаре хам чой дошта метавонад. Гайр аз тачрибаву диплому сифатхои кориатон боз омилхои дигаре хам хаст, ки барои  ба кор кабул нашуданатон сабаб мешавад. Чанд сабабро инчо барои мисол пешниход мекунем:

 

эълони чойи кор

  1. Бучаи коргох барои хамон вазифае, ки шумо довталаб будед, тасдик карда нашуд. Эълон додани коргох хануз маънии онро надорад, ки онхо фармони тасдики бучаи кориро интизор шудаву баъд озмун эълон кардаанд!
  1. Нафари дигаре, ки мувофиктар буд, ба чойи шумо ба кор кабул шуд. Новобаста ба тачрибаи кори ва хунармандии шумо баъзе кормандони идораи кадрхо аслан нафаронеро интихоб мекунанд, ки ба хамон маком сазовор нестанд. Онхо хам бечора номзадхоро чандин карат аз назари рохбарият мегузаронанд ва ками дар кам ба хулосаи худ истодагари мекунанд. Ва  вокеъан хам холатхое кам нест, ки номзадхои арзанда ва бехтар дар охирин лахзахо ба сухбату мулокот меоянд ва дархол интихоб мешаванд. Холатхое, ки номзади дигар, ки ба чойи шумо кабул шуд, шиноси касе буд, хамон донишгохеро хатм кардааст, ки рохбари он коргох хондаасту бо тавсияи «касе» омадааст….. низ кам нест.
  1. Баъди мулокоту сухбати шумо маълум мешавад, ки рохбарият хамон вазифаву макомро ихтисор кардани будааст. Аммо дар ин бора муттахасисони шуъбаи кадрхо намедонистанд. Ё холатхое хаст, ки баъди мулокоту хуччатсупории шумо рохбарият иваз мешавад ва рохбарияти нав ба хулосае меояд, ки озмунро баргузор ва чамъбаст накунад. Тамом!
  1. Мушкилоти дохилии ширкат. Ин мушкил хам баъзан боиси он мешавад, ки шумо чун кадри чавону боистеъдод курбони хамин гуна мунокишахои дохилии ширкату коргох шавед. Масалан, менечери калон бо корманди шуъбаи кадрхо ва ё менечери хурд он кадар муносибати хуб надорад ва албатта номзади пешниходкардаи менечери зинаи поёни ва ё корманди шуъбаи кадрхоро тасдик намекунад, ё тахмин мекунад, ки у пора гирифтаасту бояд таксим кунад ва ё сабабхои дигаре хам инчо буда метавонанд.
  1. Менечере, ки ба кабулу сухбат бо кормандони нав сару кор дорад, ё фаромуш мекунад, ки хуччатхои шуморо бинаду барои хулоса ба назди рохбарият дарорад ва ё интизор мешавад, ки кадоме аз номзадхо уро барои «маслихати хуб»-е даъват мекунаду чизе пешниход месозад?!
  1. Шумо аввалин номзад хастед, ки ба сухбат даъват шудаед. Дар аксарияти мавридхо хамин андеша рост аст, ки аввалин нафаронро дар мулокот барои коргири он кадар дар ёд нигох намедоранд. Агар аввалин хастед, дигаронро аввалтар аз хама бо шумо мукоиса мекунанд ва ё интизор мешаванд, ки дар идома каси аз шумо дида бокувваттаре пайдо шавад.
  1. Хамон вазифае, ки дар эълонашон буд, аз чониби корманди дигари ширкат ишгол карда шуд. Баъзан хамин гуна аст, ки эълони чойи кори холиро медиханд ва то пайдо шудани корманди нав каси дигарро вазифадор мекунанд, ки хамон корро анчом додан бигирад. Ва хамин тавр мешавад, ки у ба он кор одат мекунад ва ё пули хубро дида,  дигар намехохад ки онро аз даст бидихад.
  1. Кормандони идораи кадрхо дарк мекунанд, ки шумо хама диплому сертификату хуччатхои дигарро дошта бошед хам, саводи кофи надоред. Холо ин чиз пушида ва пинхон нест.
  1. Вакте ки шумо дар дигар чо кор карданатонро пинхон кардаеду кормандони идораи кадрхои ин ширкату коргох инро мустакилона мефахманд ва муайян мекунанд, эътимодашон албатта аз шумо мегардад .
  1. Вакте ки рохбарияти коргохи каблии шумо бо рохбарияти ширкат ва коргохе,  ки шумо ба кор даромадани хастед, шинос асту дар бораи шумо характеристикаи нохуб медихад. Ин акнун аз руйи адолат набошам хам, тачрибаест, ки аксарият аз он истифода мекунанд. Чаро аз шумо мепурсанд, ки сабаби аз кор рафтанатон чи буд? Мехоханд, ки шуморо санчанд, ки чи андоза дурусту рост гуфтед. Эхтимоли зиёд мавчуд аст, ки хамин маълумоти аз шумо гирифтаро бо чанд рох бисанчанд.
  1. Пештар аз шумо дар хамон маком намояндаи шахр ё нохияе буд, ки ба рохбарият писанд наомада буд. Ва шумо хам зодаи хамон минтака хастед. Ин хулосаи рохбариятро дигар карда метавонад. Дар аксарияти маврид корфармо фикр мекунад, ки шумо хам мисли нафари пештар аз шумо коркарда, ки хамшахрии шумо будааст,  одату хислати нохуб доред. Харчанд, ки дар асл шояд ин тавр  набошад!

Хатои зиёд дар резюме, дер омадан ба сухбату мулокот, буйи бади бадани шумо, фикратонро хуб байён карда натавонистан, бо гуруру вохима сухбат кардан, рохбарияти каблии худро дашному хакорат додан ва бад гуфтан, барои маком ва  вакансияе, ки ба ихтисоси шумо наздики надорад, талош кардан, эълони дуругакии чойи кор барои хисобот, факат дар бораи маошу кумакпуливу мукофотпули сухбат кардан дар вохуриии аввалатон, эхсоси нобовари ба худ ва имкониятхоятон, чавобхои дуру дарозу колабиву нофахмо ба саволхо, дар коргоху ширкатхои зиёд як моху ду мох кор карданатон ………..сабабхое хастанд, ки эхтимол боиси ба кор кабул нашуданатон мегардад.

Бо донистани ин сабабу омилхо  акнун шумо хуб медонед, ки чи кор кунед ва мухимтар аз хама чи корро накунед. Аз бекор монданатон сахт зик нашаведу нисбат ба ояндаатон бепарво хам набошед. Барори корро барои хамаатон орзу мекунам.

(мавод кисман аз Интернет тарчума шудааст. Аксхо аз Интернет)

Аз бекори....

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше