Чанд коида барои мардон-2

Коидахои умумие хастанд, ки онро хама бояд риоя кунад, аммо боз коидахое хастанд,ки риоя нагаштани онхо барои мардхо айб аст.  Имруз чанд тои онро ёдрас мешавем:

  1. Бе даъват ва бе огохи ба мехмони наравед;
  2. Хар касе, ки набошед, вакти ба кучое ворид шудан аввалтар аз хама шумо салому алейк кунед;
  3. Ба суйи зан аввалин шуда даст дароз накунед, вале агар у даст дароз мекунад, салом кунед;
  4. Агар шумо касеро ба ресторан даъват кардед, бояд пули хурокро шумо дихед. Агар бо маслихати дучониба меравед, пулро таксим кунед;
  5. Чатрро ягон вакт кушода хушк намекунанд-онро факат баста хушк мекунанд ва дар чойи махсус нигох медоранд;
  6. Сумкаатонро сари зону ва ё дар болои мизи хурокхури нагузоред. Агар калон аст, дар замин монед. Баъзан пешхизмат барои сумкаи миёнахачми шумо курсии иловаги меорад;
  7. Маводи атториро ба он дарачае истифода набаред, ки нафаси дигарон бигирад;
  8. Агар шумо бо касе рох мераведу у бо шиносаш салом кард, шумо хам хатман салом дихед;
  9. Покетхои селофаниро факат баъди берун шудан аз магоза гирифтан мумкин аст. Дар дигар вакт молу ашёи худро дар онхо гирифта гаштан, айб аст;
  10. Сумкаи занро бардошта гаштани мард нодуруст аст, харчанд, ки вактхои охир ин холат зиёд ба мушохида мерасад. Палтои занро то либосовезак бурдан мумкин аст, на дуртар аз он!;
  11. Халат ва пижама факат барои он аст, ки шумо сахар аз чойхобатон то чойи дасту ру шуйи раведу шом аз ончо то чойхобатон;
  12. Вакте ки хонаи кудаконатон чудо аст, шумо вакти ба он ворид шудан, так-так кунед ва баъд бо ичозат дароед. У низ ба хонаи шумо хамин гуна ворид хохад шуд;
  13. Зан дар баъзе холатхо хангоми ба хона ворид шудан, метавонад, ки шляпа ва дастпушашро накашад;
  14. Шумораи умумии ороишот бо иловаи тугмахои ороиши ва заргари мутобик ба протоколи байналмиллали бояд на бештар аз 13 бошад. Ангуштарро аз болои дастпуш намегузоранд, дастмонаро аз руйи дастпуш гузоштан мумкин аст. Брилиантро каблан дар шабнишинихо факат бонувони оиладор доштанд, вале холо онро дар кори харруза хам мегардонанд; (донистани ин банд барои мардхо аз манфиат холи нест!!!)
  15. Мардхо ба лифт аввалтар бояд бишинанд, аммо вакти фаромадан бояд хамон нафаре аввалтар аз хама фарояд, ки ба дари лифт наздиктар аст;
  16. Чойи аз хама хуб барои занхо хангоми шиштан дар мошин курсии пушти ронанда аст.  Кушодани дари зан хангоми шиштан ба мошин ва фаромадан, кори кобили дастгири аст;
  17. Агар гунохе кардеду як бор бахшиш пурсидед, шарт нест боз дубораву себора он холатаро ба ёд оварда, боз узрхохи кунед;
  18. Дар мавриди пархезу рузадориатон дар тамоми идораву ошхонаву корхона дод заданатон кори хеле баде аст. Агар чизе хурдед,хатман ба ошпаз ё сохибхона изхори миннатдори кунед. Вобаста ба машрубот – шарт нест, ки дар мавриди нанушидан ва ё зиёд нушиданатон баланд гап занеду ба хама фахмонед;
  19. Мавзуъхое хастанд, ки дар нишастхо дар мавриди он сухбат кардан даркор нест: мавзуъе, ки намедонед, сиёсати калон, мавзуъи сихатии худатон, пулхои худатону каси дигаре ва мисли инхо. Метавонед ба хамсухбатонатон гуед, ки дар кадом мавзуъ шумо намехостед сухбат кунед. Ин комилан чизи мукаррари аст;
  20. Сири худро вобаста ба накшахоятон, дорои, ибодаткуниатон, дорухое, ки истеъмол мекунед, дустдоштахо, тухфахо ва мисли инхоро бехтараш пинхон нигох доред;
  21. Бо хар касе, ки аз 12 сола боло аст, хатман Шумо гуфта мурочиат кунед. Касе шояд худаш мехохад ва ичозат медихад, ки уро ТУ гуед, аммо шумо бехтараш бо эхтиром ба у мурочиат кунед; Хатто ба ронандаву посбони кохонаатон низ;

Марду зан

Один ответ

  1. Беҳтарин акаи Субҳон!!!

    Нравится

Оставьте комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше