Чанд нуктаи мухим барои сахархези!

 Дар бисёре аз ривоёти исломи ба сахархези тавсия кардаанд. Имом Ризо (а) дар ривояте мефармоянд, ки ризки хосе барои бандагон таксим мешавад, ки замони он тулуъайн аст. Яъне байни тулуи фачр ва тулуи хуршед ва хоб дар ин соат макрух аст, зеро инсонро аз дарёфти ин ризки хос махрум мекунад.

Субхи зуд аз хоб баланд шудан барои аксарияти инсонхо душвор аст ва кулан касоне, ки субх зуд аз хоб баланд мешаванд, онро ба сурати як одат барои худ табдил кардаанд ва барои хамин аст, ки метавонанд хар субх сахархез бошанд. Чанд нукта барои расидан ба ин одат дар ин макола зикр шудааст, ки дар навъи худашон чолиб хастанд: 

1. Чое ки дар он мехобед ва субх карор аст дар он бедор шавед, худаш метавонад як омили барои сахархези бошад, харчанд ин омил дар афроди мухталиф сутагайир аст, аммо масалан доштани як утоки хоби муназам ва мураттаб метавонад бисёр дар сахархез будани шумо муассир бошад ва назми ин уток сабаб шавад, ки шумо эхсос кунед сари замоне ки худ карор гузоштаед аз хоб бедор шавед.

2. Ба андозаи кофи бихобед:

Ин яке аз авомили асли аст, ки сабаб мешавад шахс бо зуд аз хоб бедор шудан мушкил дошта бошанд.

3. Корхои рузи баъдатонро дар шаби каблаш мушаххас кунед:

Навиштан ва ёддошт кардани корхои мухиме, ки карор аст субх баъд аз бедор шудан аз хоб анчом дихед, метавонад иродаи шуморо дар сахархези махкамтар кунад. Харчи иродаи кавитар дошта бошед, рохаттар метавонед сахархез шавед.

4. Билофосила кабл аз хоб чизе нахуред:

Агар дар фосилаи замоне камтар аз ду соат ба хобидан чизе бихуред ва баъд ба рахти хоб биравед, бадани шумо даргири хазми гизо хохад буд ва ин амр метавонад дар хоби шумо ихтилол эчод кунад ва ё замони ба хоб рафтанатонро тулони кунад.

5. Нармишхои субхгохи:

Кадаре нармиш ва ё варзиш дар субх метавонад бисёр муфид бошад, сабаби гардиши бехтари хун дар бадан шавад, шуморо дар шуруи субъ шодобтар намояд ва дар нихоят рузатонро ба бехтарин шакли мумкин шуруъ кунед.

6. Дар рахти хоб ба худатон барои бедор шудан дуруг нагуед:

Хамеша саъй кунед билофосила баъд аз бедор шудан рахти хобатонро тарк кунед. Ин ки масалан, 10 ё 20 дакикаи дигар аз чоям баланд хохам шуд, дар холе ки бедор шудаед аслан ба шумо кумаке нахохад кард. Ва харчи бештар дар замоне ки бедор шудаед дар рахти хоб бимонед, баданатон тамоилаш барои бозгашт ба хоб бештар мешавад. 

7. Бо панчарахои боз бихобед:

Хавои тоза барои хамаи мо хуб аст ва сабаб мешавад то хоби оромтаре дошта бошем.

8. Бар тамрин додани бадан исрор дошта бошед:

Саъй кунед хамеша дар як соати хос аз хоб бедор шавед. Бедор шудан аз хоб дар як соати хос метавонад сабаби эчоди одат барои бедори дар он соат дар бадан шавад ва фаромуш накунед сахархези танхо як одат аст.

9. Аз хона берун равед:

Хуруч аз хона дар субх, пиёдарави ва ё давидан дар ин гуна соатхо бисёр лаззатбахш аст, хусусан шунидани садохои субхгохи ва нури хуршед дар ин соатхо баданро шодобтар мекунад ва дар айни хол тачрибаи ин шароит метавонад ангезае бошад барои сахархези дар рузхои баъди.

10. Барои фардо субх омода бошед:

Кушиш кунед чизхое, ки барои фардо субх эхтиёч доред шаб омода кунед, масалан либосхоятон ва ё василаи хосе, ки бояд хамрох дошта бошед ва гайра. Дар ин шароит дигар ниёзе надоред дар рахти хоб ба ин маворид ва омодасозияшон фикр кунед.

11. Бо радио бедор шавед:

Истифода аз радио ба чойи занги соат метавонад дар бисёре аз афрод сабаби эчоди ангеза дар тарки рахти хоб шавад.

12. Карорхои мухимми худро дар субх бигзоред.

13. Барои худатон як шарики мушобех пайдо кунед:

Дар бархе мавридхо бад нест барои сахархез шудан бо яке мисли худатон, ки дуст дорад сахархез бошад, вале фикр мекунад наметавонад хамрох шавед. Дар ин шароит агар хар дув океан барои бедор шудан дар субх тасмим гирифта бошед, метавонед дар устувори бар ин тасмим дар якдигар муассир бошед.

Чи гуна сахархез шавед:

Ба ороми шуруъ кунед. Хар руз саъй кунед, ки танхо 15 то 30 дакика зудтар аз хоб баланд шавед. Барои чан друз худатонро ба он одат бидихед. Баъд 15 дакикаи дигар низ ба он изофа кунед. Онкадар ин корро анчом дихед то ба замони дилхохи хуб бирасед.

Шабхо зудтар бихобед. Агар хобатон намебарад, мачалла ё рузномаро дар даст бигиред, онро бихонед то чашмонатон эхсоси хастаги ва хоболудаги кунанд ва баъд бихобед. Бо анчоми ин кор хеле зудтар аз он чи фикрашро мекунед, хобатон мебарад.

Соати зангиро дуртар аз махали хоб карор бидихед

Агар соат дар наздики шумо бошад, занги онро катъ мекунед. Агар соат дуртар аз махали хобиданатон карор карор гирифта бошад, барои катъ катъ кардани он мачбур мешавед, ки аз рахти хоб берун биёед. Агар ин корро анчом дихед, дигар бедор шудаед ва хобатон нахохад бурд.

Ба махзи ин ки соатро хомуш кардед, аз рахти хоб берун биёед

Ба хеч вачх саъй накунед, ки баргаштан ба рахти хобро барои худатон тавчех кунед. Худатонро мачбур кунед, ки аз уток берун биравед.

Имом Содик (а) мефармоянд: Сахархезиро аз даст надихед, зеро касе ки сахархез нест аз бисёре аз неъматхо ва ризкхо махрум аст. Хамчунин дар ривоёт омадааст, ки Чабраил ба хазрати Мухаммад (с) фармуд: «Эй Мухаммад (с) хар гунае мехохи зиндаги кун, вале бидон, ки аз ин дунё рахт бармебанди, хар гунае мехохи дуст бидор, вале бидон поёни он чудои аст, хар гуна мехохи амал кун, вале бидон барои кирдорхоят чазое аст, аммо бидон, ки шараф ва бениёзии мард дар сахархези аст».

http://www.1doost.com  

http://www.negarstan.com  

http://www.jamejamonline.ir

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: