ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд.  Читать далее

«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2002 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2003 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон. Читать далее

Одоби сухбат бо телефон

  Телефонхои мобили чунон зиёд шудаанд, ки онро  хама чо дар дасти хурду калон мебинем ва хар кас хар гунае, ки хохад аз он истифода мекунад. Яъне, чи хеле ки хохад сухбат мекунад – хохад баланд гап мезанад, хохад мусикии телефонашро (ба он нигох накарда, ки ба касе халал мерасонад ё не), баланд монда гуш мекунад… хулоса, хар гуна ки ба у писанд аст. Ин холатро на факат дар куча, балки дохили автобусу дигар воситахои наклиёт низ дидан мумкин аст. Ва фикр мекунам, ки кариб хама ин чизро медонанд ва хочат барои шарху эзохи он нест. Шояд сабаби хамаи ин надонистани одоби сухбат бо телефон бошад? Намедонам!

Читать далее

19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. Читать далее

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Читать далее

Интихоби ман (ТВ «Бахористон»)

       Ин сухбат чанд руз пештар аз тарики Телевизиони «Бахористон» пахш шуда буд. Дар доираи як лоихаи телевизионие бо номи «Интихоби ман» наврасони мактаби кариб,  ки дар тамоми мавзуъхо савол доданд. Дар поён шакли кутохшудаи ин сухбатро меорам. Читать далее

29 августи соли 2010

   Агар амиктар назар бикунем  рузхо хамаги новобаста аз боду борон ва гарду чангашон хубанд. Вокеан хам агар дар табиат хама чи хамин гуна мисли хаво тагир наёбад, хаёлам ки мардум бемору бехол мегарданд ва …мемиранд! Имруз дар мавриди писари аммаи бародарзодаи амаки угайи бобои як овозхони точик, риш, либоси аврупои ва Вазорати маъориф, аввалин Радио дар Канада, бомбаи атоми ва тахсилоти гоибона навиштаам…

Читать далее

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 4 934 other followers