Пешниход (9)

Мо дар замонае зиндаги мекунем, ки чараёнхои гуногун, хаводис ва тагироти зиёд бо иловаи ташвишу мушкил ва махдудиятхое, ки дар зиндаги ва рузгори мо хаст, амалан имкон намедихад, ки мо тамоми протседурахои зарури ва мухимро гузарем, амали созем ва ба низом дарорем. Мо хамаги мухим будани хуччатхо ва кадом варакаву маълумоту далелро медонем, аммо кам нест холатхое, ки дониста кори худро ба маротиб мушкил месозем, амалеро, ки имруз бояд анчом дод ба вакти номуайяне мегузорем ва хамин тарик харочоти вакту пул ва неруи чисмониву рухиро бештар мекунем. Ин навбат ман мехостам вобаста ба хучатгузори, танзими дурусти хучатхо ва ба даст овардану нигохдории онхо нависам. Биёед, аввалтар аз хама дар мавриди худи мафхуми хуччат ва чараёни хуччатгузори аз манбаъхои кушод маводеро бихонем.

     Хуччатгузори – ин мачмуъи маълумот, иттилоъ ва хуччатхо аст, ки ба он тартиби истифода ва татбикашон хам ворид мешавад.  Шояд бо назардошти мухимияти ин самт бошад, ки  дар муассисоти олии кишвари мо хамин гуна ихтисос мавчуд аст ва муттахасисони хамин соха тайёр карда мешаванд.

 

      Худи «хуччат» (Докуме́нт (от лат. documentum — «образец, свидетельство, доказательство) – объекти материалие аст, ки дар ин ё он шакл маълумотро дар худ чой дода ё нигох дошта, барои пешниход, истифода, интикол ва мисли ин пешбини мешавад. Яъне, хуччат гуфта, манбаъи маълумот ва ё иттилоъро мегуянд, ки дорои далелу аркоми мохияти мушаххас дошта аст. Ба хуччатхои мухим – шиноснома ва шаходатномахо, ки шахсияти инсонхо, мансубияташон ба ин ё он миллату давлату коргоху ширкатро муайян мекунад, ворид аст. Хама гуна хучатгузорихо хатман бояд бо назардошти санандхои хукукии амалкунандаи дохили ва байналмиллали тартиб дода шаванд. Намудхои гуногуни хуччатгузори мавчуд аст:

  1. Хуччатгузории техники, ки дар навбати худ ба чанд шохаи дигар таксим мешавад
  • Хуччатгузории лоихави;
  • Хучатгузории конструктори;
  • Хуччатгузории таъмири;
  1. Хуччатгузории технологи;
  2. Хуччатгузории барномахои таъминоти;
  3. Хуччатхои ташкили (низомнома, дастур, сохтор, мукаррарот…);
  4. Хуччатхои иттилооти ва маълумоти (акт, маълумотнома, баёнот, санад, протокол), ки дар навбати худ ба чанд гурухи дигар таксим мешаванд:
  • Матни;
  • Графики;
  •  Аудиои;
  • Мултимеди;
  • Дохили ва содироти;
  1. Хуччатхои махфи ва истифодаи махдуд;
  2. Хуччатхои илми-техники;

Комилан дар хама чо хуччатгузори мавчуд аст ва барои анчом додани ин ё амалиёту харакат хатман кадом як намуди хуччатхо зарур мешавад. Хуччатхо як чанд функсияро ичро мекунанд: иттилооти, таъмини чараёни идоракуни ва фархангиву таърихиро. Иловатан хуччатхо функсияхои коммуникативи (чун онхо хам воситаи табодули иттилоъ хастанд!), ичтимои, идоракуни, ташкили, хукуки, умумифарханги ва таърихиро доро хастанд.

          Акнун биёед, дар мавриди хуччатхое гуем, ки мо дар бораашон медонем, доштани онхо ногузир аст, бе онхо кариб, ки тамоми фаъолияти мо на факат ба кафо меравад, балки хатто гайриконуни аст.

  • Мо аввалтар аз хама бо хуччате, ки аз таваллудхона дода мешавад, барои тифли худ шаходатномаи таваллуд мегирем. Холатхое хам мавчуд аст, ки мардум факат дар синни 7 солагии фарзандаш мефахмад, ки у зоднома ва ё шаходатномаи таваллуд надорад. Хатто дар  кисме аз минтакахои кишвари мо созмонхои хоричи дар доираи лоихахои махсусе барои фарзандони мухочирони кори ва оилахои онхо кумак мерасониданд, ки шаходатномаи таваллуд ва шиноснома бигиранд.
  • Хонахое, ки мо зиндаги мекунем, хатман бояд хуччат дошта бошанд — он шиносномаи техники ва дафтари хавли аст. Холатхои кучонидани хонахои кухна ва кадима, огози сохтмони бинохои баландошёна, санчиши хона ба хонаи хуччатхо ва баъзе маъракахои дигаре мисли интихобот, раъйпурси ва ба руйхатгирии ахоли нишон додааст, ки мо на хамеша ин хуччатхоро дорем ва хатто дар бораи буданашон медонем. Як чанд вакт пештар хатто дар мавриди келинхое, ки аксаран дар кишвари мо дар кайди хонаи хусуру хушдоман нестанд, мавод нашр шуда буд, ки вокеъият хам дошт. Аввалтар ин аст, ки мо на хама фарзанду келину наберахои худро дар кайди хонахо мегузорем ва баъдтар ин ки баъди сохтмонхои дигари гайриконуни дар хавлихо онро ба накшаи ягонаи хавли ворид намекунем. Холатхои чангу чанчоли писарону падарон ва ё духтарону модарон ё худ бахсу чангхои фарзандон миёни хам баъди сари волидонашон гувохи он аст, ки дурустии хучатхо махсусан, хуччати хона, васиятнома ва холатхои дигари мероси кам касонро ба ташвиш меорад.
  •  Кисми бештари мардум замоне, ки  хона мехаранд факат хамон хуччати асоси – шартномаи хариду фурушро бо сохиби пештараи хона дар нотариус ба танзим дароварда, дигар  дурусткуни ва мувофиккунонии хуччатхоро бо макомоту сохтори дигар тамоман ба ёд хам намеоранд. Садхо ва шояд хазорхо нафаре хаст, ки барои мисол, пули барку обро бо расиде месупорад, ки дар он ба хайси сохибхона номи ким кадом нафари дигар навишта шудааст. Харчанд дуруст кардани он мушкил нест – шумо хамон шартномаи харидуфуруши худро нусхабардори карда, барои мисол ба идораи фуруши барк мебаред ва аз он пас дар расид хатман ному насаби шумо хамчун сохибхона пайдо мешавад. Вале тавре мушохида мешавад, ин холат кам касонро  ба ташвиш меорад.
  • Хариду фуруши мошин ва воситахои дигари наклиёт хам айнан дар хамин холат аст. Ичозати се сол харакат кардан бо боварихат боиси он шуд, ки мардум факат шартномаи хариду фурушро баставу мошинро бо шаходатномаи техники, ки ба номи сохиби каблии мошин аст, идора карда мегардад. Харчанд дар ин самт каме тагирот хам чори шуд, вале мушохида мешавад, ки дар хуччати асосиаш ба номи ки будани мошин  аксарияти ронандахоро нигарон хам намекунад. Барои мисол, ман ду мошинеро, ки то ин дам харидуфуруш кардам, фавран ба номи худам хуччатгузори карда будам. Аз суйи дигар, ба назарам аксарияти чавонони имруз аллакай ба хариду фуруши пайвастаи воситахои наклиёт ким чи хел вобастаги хам пайдо кардаанд ё дигархелтар гуем одат кардаанд.
  • Нашинохтани хуччатхои зарури ва асоси сабаби он шуд, ки як гурухи мардум дар авчи заминфурушиву заминхари фиреб хурд. Мушкил ин аст, ки аксарият нусхаи аслии сертификати истифодаи заминро надидааст, намедонад, ки ичозати сохтмонро чи гуна ва аз ки бояд гирифт, карори чудокунии китъаи замин чи гуна содир мешавад, нусхаи карор дар кучо бояд нигох дошта шавад, кадом вакт ва бо чи тартиб шумо кисми хавлии худро ба фарзанду набераатон тухфа карда метавонед ё фурухта метавонед? Холо хам тахмин мекунам, ки шояд касе дар хонае зиндаги кунад, ки факат ОРДЕР дорад, (ва онро солхои шурави ба даст овардааст!) холо хам шояд касе дафтари хавли надошта бошад ва ё хонааш хусуси нашуда бошад!? Метарсам, ки боз касе шиносномаи суп-сурхи шахрванди СССР надошта бошад!? 🙂
  • Мушохида мешавад, ки барои аксарияти мардум будани хуччатхо барои ин ё он техника ва тачхизот, будани хучат барои кадом унвон, ордену медал ва мисли ин тамоман мухим нест. Барои мисол, дар катори магозахои расмии фуруши телефонхо дар кучо дигар барои телефоне, ки шумо мехаред, хуччати расми медиханд? Сим кортхоро ба кайд гирифтан (ки хамакнун дар кишвари мо давом дорад!) факат як тарафи масъала аст, бо телефонхои калбакиву бесифат ва бе хуччате, ки бозору дуконхо пур аст, чи кор бояд кард? Аз суйи дигар, масалан агар шумо узви кадом созмону иттифок ва ё иттиходия хастед, як бор фахмед, ки ба номи шумо ончо ягон хуччату маводи расми махфуз хаст ё не? Инро факат худатон метавонед, ки ба кавли мардум «даводав» карда, мушаххас кунед ва ба тартиб дароред.
  • Чизи дигари мухиме, ки факат бо гузашти солхои зиёде мо дар борааш фикр мекунем, хуччатхои аввалияи мо аст. Тавре тачрибахо нишон медихад, баъди 20 — 30 сол хам барои баъзе кору амал ва фаъолияте метавонанд, ки аз шумо масалан, нусхаи асосии шаходатномаи таваллудатонро талаб кунанд. Шумо, ки акнун 50 ё 60 сола хастед, дигар хайрон мешавед, ки шаходатномаи таваллудатон, ки онро волидонатон барои шумо шояд солхои 50-уми асри гузашта гирифта буданд, дар кучо бошад? Оё он то имруз мавчуд хаст ё не — саволи мухимтаре аст, ки аксаран ба он чавоб пайдо намекунанд.  Аксарияти мо фикр мекунад, ки агар мо шиноснома дорем, пас зарурати будани шаходатномаи таваллуд дигар нест. Ба андешаи ин чониб варианти дуруст ва мувофик ин аст, ки мо дар хона чое дошта бошем, ки тамоми хуччатхои волидони худ, худу фарзандон ва  хатто набераву аберахоро хам ончо нигох бидорем.
  • Самти дигаре, ки ба назари ман ончо сари калоба тамоман гум аст, хочагихои манзили ва комуннали аст. Ачиб аст, ки ин сохтори кухнаи шурави (хатто дар пойтахт!)  холо хам арзи хасти дорад. Бастаи расидхои каблан мухршудае, ки ким кадом зан ва ё чавоне баъзан шомгоху баъзан нимишаби ба дари хонаи шумо меорад, тамоман шубхаоваранд. Ман рости намедонам, ки каблан мухр кардани варакахо барои кадом хизматрасони, набудани хисоби ягонаи онхо, ба чуз як журнал дар дигар шакл (масалан электрони!) нигохдори нашудани маълумот дар мавриди пардохти шумо то кадом андоза аз нигохи конун ва санадхои хукуки дуруст ва мувофик бошад?! То чое, ки ман медонам, ин идорахо дар шахраку махаллахо бояд бо хар сокин шартнома дошта бошанд ва дар он кайд шуда бошад, ки он идора чи корхоро бояд ба сомон расонад ва мардум чи кадар маблаг бояд пардохт кунад. Ё шояд ин гуна хуччат (бехабар аз худи мо!) дар идорахои коммунали хасту мо намедонем?   
  • Хамин гуна бо чори гаштани варианти точикии ному насаб ва номи падар дар хуччатхо, тагири ном кардани баъзе муассисахои миёнаи касби ва оли, шахру нохия, кучаву махалла ва дехахо, гум шудани хуччатхои асоси ва нусхагирии онхо, мухочират ва ихрочи шахрвандони мо аз худуди кишвари бегона, дигар кардани ному насаб ва маълумоти шахси барои гурехтан аз холати надоштани ичозати сафар (баъди депорт!) масалан ба ФР… боиси печидатар шудани чараёни хуччатгузори, танзими хучатхо ва идораи онхо гашт.   

Бо назардошти хамаи он чизе, ки болотар овардам, чанд ПЕШНИХОДи худро вобаста ба масъалаи мухими хуччатгузори ироа мекунам ва умедворам, ки кобили таваччух бошад:

  1. Биёед, чанд рузи худро барои ба тартиб даровардани тамоми хуччатхои мухими худу хонавода чудо мекунем. Як бор онхоро аз назар гузаронида, дар бастахои алохида ном ба ном чамъовари мекунем ва кушиш мекунем ки аз ин пас онхо гум нашаванд;
  2. Мо хамеша аз гуфтану додани васиятнома барои фарзандон ва пайвандон харос дорем ё шарм мекунем ва ё гумон мекунем, ки холо барвакт аст. Вале варианти бехтарин хамин аст, ки мо замони зинда будани худ  ба хама гуна бахсхои эхтимоли барои манзили падари, молу мулк ва замину дороии худамон нукта гузорем. Имруз хама гуна хуччату васиятномаву тухфакуниро бояд худамон анчом дихем, то фардо боиси чангу бахсу судбозии наздикону фарзандон нашавад;
  3. Агар шумо узви кадом ташкилоту созмон хастед ё кадом унвону чоиза доред (ки эхтимол фардо барои нафакаи шумо зарур аст!) хатман дурустии он, ба кайд гирифта шудани онро санчед, ба ончо рафта тафсилоти бештареро дар бораи ин холат ба даст оред. Ё худ агар чое кор кардаеду дар дафтарчаи мехнатиатон дар бораи он маълумот нест, имруз (ки кудрату имкон ва зуру тавон доред),  хатман аз пушти халли ин мушкил шавед.
  4. Санаду хуччатхои хона ва хавлии худро хатман бо накша ва тархи имрузи он мувофик кунонед. Барои маълумоти бештар ба идораи чамоат, МПТИ ё хукумати махаллатон рафта, хамзамон дурустии  хуччатхои хонаву манзили худро санчед. Пештар аз харидани хонаву хавли хатман бо нафаре, ки маълумоти кофи дорад, маслихат кунед, дурустии тамоми хуччатхоро тафтиш кунеду санчед, баъди харидории чизе (мошин, хона, хавли, сохтмони нимтайёр…) хатман хуччатхои онро ба номи худатон кунед. Расид ва хуччатхои дигаре, ки пардохти кадом намуди хизматрасониро тасдик мекунанд, хатман чамъовари кунед;

Хулоса, танзими дурусти хуччатхои мухим факат масъулияти худи шумо аст ва барои нодурустиаш аввалтар аз хама ва бештар аз дигарон худи шумо масъул ва гунахкоред!!!

catdocs

Реклама

Один ответ

  1. Бисер фикрхои бехтаиин ва маводхои чалбкунандаву мухим.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: