ТОП-50 нафари хушсалиќаи Душанбе -2015

Шоми 22-юми январ, дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency» Душанбе» ширкати ТВ ва радиои «Ватан» 50 фарди хушсалиқаи Душанберо эълон кард. Озмуни «ТОП-50; 50 нафари хушсалиқа ҳамасола ба таври ҳатмӣ сурат мегирад. Дар соли панҷум 50 шахси хушсалиқа аз миёни 300 иштирокчӣ нахуст тариқи пешниҳод ва овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва баъдан аз ҷониби ҳайати ҳакамон ки мутахасисону коршиносони варзида ва нафароне ки дар риштаи худ ҳирфаиянд пазируфта шуданд. Тақдими диплом ба хушсалиқаҳои Душанбе дар маросими бошукӯҳ бо оростани маъракаи зиёфат мутантану ҷолибу зебо бо тақдими барномаи вижаи ҳунарӣ, аккосию наворбардорӣ ва суханронию табодули афкор сурат гирифт. Ёдҳо аз ин маъракаи зебо мутмаинан метавон гуфт, ки ба дили иштирокдорон гармию нармӣ меораду садоқату самимият.

Дар таҷрубаи солҳои пешин мушоҳида мешуд, ки афроди ноогаҳ аз аҳдофи  созмондиҳандагони ин озмун иддао пеш меоварданд, ки ин падида ба фарҳанги тоҷикон бегона асту дархури зеҳнияти мардуми мо намебошад. Мақсаду мароми дастандаркорони чорабинии мазкур возеҳ аст, ки ба ҷуз  дар дили иҷтимоъ бедор намудани эҳсоси зебоипарастию озодагӣ дар кору зиндагӣ, ба сурати хубу сирату сиришти накӯ доштан, тани солиму андешаи солим парваридан чизи дигаре нест. Хушсалиқа хондани касе натанҳо бо дарназардошти сурати зебои зоҳирию либоспӯшии ӯст, балки сирати номзад баниз ҳаст. Мисле ҳар чорабини мушобеҳи дигар ки дар ҷомеъа роиҷ аст.  Дар ин имтиҳон салиқаи эъҷод, салиқаи маънавию зеҳнӣ, салиқаи касбию пешаварӣ, салиқаи фарзонагию нухбаӣ маҳаки эътибор мебошад. Ин ҳама сифоти баршумурда дар барандагони озмуни «Топ 50 нафари хуслиқаи Душанбе» дида мешавад ки бешак бо зебою муҷалло сохтани зиндагии худу дигарон дар ҷомеъ қиммат пайдо кардаанд. Инак ба феҳрасти барандагони ҷоизаи «Топ-50; 50 нафари хушсалиқаи Душанбе» дар соли 2015 ошно бигардед. Шумо низ метавонед яке аз онҳо бошед;

 

·         Абдуназарова Наргис , аккос
·         Азизова Ниссо, PR-мутахассис
·         Атовулло Хуршед, сардабири ҳафтаномаи «Фараж»
·         Бандишоев Тимур, сардабири маҷалаи «Парвоз»
·         Бахман  Александр, ҳунарманди халқии ҶТ
·         Бобоалиев Ҷамшед, маркетолог — бозорёб
·         Боймурод Боев, корманди Маркази  давлатии патенту иттилоот
·         Гайсина Лилия, журналист
·         Голубев Асад, ҳунарманд
·         Додоева Мунира, директори Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский
·         Ҷӯраева Манзура,  раҳбари Маркази таълимии “Мултикид”
·         Джэк Рок, навозанда
·         Забиров  Сӯҳроб, продюсер
·         Закиряев Азамат , раҳбари ширкати Forex
·         Ибодов Ҳабибулло, профессор
·         Ибодова Парвина, ҳуќукшинос
·         Исломбеков Ёдгор , бунёдгузори лоиҳаи Iron King
·         Исмоилзода Ҷамшед, узви дастаи мунтазаби Маҳфили «зарифон» — КВН
·         Калонова Сано, иштирокчии мотопойгаи «Мо тоҷикем» — «Мы-таджики»
·         Қосимов Азамат , роҳбари ширкати «Фароз»
·         Кокоев Зураб, коргардони садо
·         Леонова Александра , аввалин натоқи русзабони телевизиони тоҷик
·         Мазитова Нодира , мудел
·         Мегниева  Рукатмо , раҳбари хонаи кӯдакони №1
·         Миллер Дина , ягона зани DJ дар Душанбе
·         Миралиева Азиза , раҳбари маркази сайёҳии агентии VTT
·         Мирзоев Азиз, мудел
·         Мӯминова Давлатбӣ, директор литсейи филиали ДДМ (МГУ)
·         Муратов Акбар, корманди ширкати ҳавопаймоии  «Сомон-эйр»
·         Назаров Аброр , овозхон
·         Назарова  Нигина , омузгор
·         Носирова Фирӯза , роҳбари ширкати «Идея»
·         Одинаев Аюб , мухлиси футбол, волонтер-ихтиёрӣ
·         Рамазонова Тахмина, овозхони гурӯҳи «Авесто»
·         Саидов Шоҳрух, президент дастаи футболи «Истиклол»
·         Сауди Санджар , дандонпизишки клиникаи «Смайл»
·         Сафарзода Фаррух, тарроҳи графикӣ
·         Толибова Дилафрӯз, додситон
·         Турсунов Бахтиёр, наворбардор
·         Тураваҳо Далер ва Сабина, барандаи ҷоиза дар бахши «Волидони хушсалиқа»
·         Улмасов Раҳмон , профессор
·         Усмонов Искандар, сенариянавис, коргардони филм
·         Ҳакимова Нигина ровии радио
·         Ҳасанов Акмал, продюсер
·         Хоҷаев Фаррух, раиси Иттиҳоди расомони ҶТ
·         Ҳоҷимуродов  Фирдавс, раҳбари ширкати «Пиксель»
·         Шаймарданова Сабина, ҳунарманд
·         Шарипова Гулчеҳра , мудири «Боғи Пойтахт»
·         Шукуруллоева Парвина, овозхон
·         Яковлева Шаҳриниссо, коргардони овоз, навозанда.

 

Барои дар сатҳи зарури баргузор намудани ин чорабини ширкати ТВ ва радиои Ватан ба сарпарастон изҳори минатдорӣ баён мекунад; ба сарпарасти кулл фабрикаи қанодии «Ширан» барои пешниҳоди шириниҳои лазиз ки воқеан то нишеби озмун коми меҳмононро ширин намуд, ба сарпарастони расмӣ; Маркази «СПА Ҳаёт», фабрикаи «Шири Душанбе», ширкати «Шедевр», ба ҳамкорони лоиҳа; сомонаи TajikMama.tj, ширкати «Висол Ивентс», ширкати «Абдулло Медиа», меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, ба сарпарастони ҷоиза; ширкати «Баржоми» ширкати муҳофизавии «Red line», маркази ороишии «ОСИС+», ва ширкати «Анатис», Сипоси фаровон ба суратгирон; ширкати Simonte (Эраҷ Асадуллоев), Олим Ширинов, Виктор Теплову, Косим Шукуров, Руслан Яхшибоев, Владимир Умаров, Ҷахонгир Иркаев, Илҳом Юнусов, Акбар Раҳимов, Манучеҳр Рӯзиев ва коргардон Алишер Примқулов барои кумаки бедареғ баҳри инъикоси ин чорабинӣ.

Ба хотири барангетани ҳисси салиқаи зебоипарастӣ, фарҳангҷӯӣ, оину одоби шаҳрнишинӣ, эътирофи арзишҳои умумибашарӣ ин озмун дар минбаъда низ ҳамвораву пайваста баргузор мегардад, Ва доманаи интихоби 50 фарди хушсалиқа то манотиқи дигари кишвар густариш дода мешавад.
Мехроб Исроилиён

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: