37 тавсия дар 37 солаги

Равоншиноси машхур Дон Глускин зодрузи худро тамоман гайриодди тачлил кард.  Бо андешаи солхои сипаригаштаи умраш ба худ савол дод, ки дар 37 соли зиндагиаш аз хайёт чиро омухт? Натичаи он пурсишро дар шакли тавсияхо  холо шумо хам метавонед бихонед: 

37 солаги муборак !!!

  1. Хушбахти – ин эхсоси дохилии инсон аст. Аммо мо аксаран хушбахтиро дар атроф ва дурихо мечуем.
  2. Барои хама чиз шукргузор бошед. Хайёт худ як неъмати бебахо аст. Гаму шоди доимо хамрахи инсонхо дар ин рох аст.
  3. Шумо барои дигар кардани зиндагиатон тарзи тафаккури худро дигар кунед. Хангоми эхсоси тарсу гаму мушкили, ба он холат аз зовияи дигар назар андозед.
  4. Шумо хамаро хушбахт карда наметавонед. Кушиш бояд кард, ки вакеъи буд ва аз сохтакори дур.
  5. Он чизеро ки мо дар дигарон дуст медорем, инъикоси хамон чизе аст, ки мо дар худамон дуст медорем. Дар мавриди он чизе, ки аз дигарон барои шумо писанд несту ба газабатон меорад, дар худатон фикр кунед.
  6. Хар шахс дар зиндагии мо бо кадом максаде пайдо мешавад. Аз мо вобаста аст, ки мо аз у чи дарсе мегирем. Хар кадар накши у дар хайёти мо бадтар бошад, хамон кадар дарси мегирифтаи мо чиддиву мухим хохад буд.
  7. Бовар кунед. Бовар кунед, ки хама гуна мушкилу печидагихо албатта як руз халлу осону сабук мегардад.
  8. Хама чиро аз хад зиёд ба дил наздик кабул накунед. Амалу харакати дигарон ва андешаи онхо инъикоси он чизе аст, ки дар хайёти онхо рух медихад. Барои зиндагии худ факат фикри мардумро асос нагиред.
  9. Табиат табобатгар аст. Хавои тоза, наззораи мавзеъхои зебо майнаи шуморо тоза мекунад ва холати рухии шумо хубтар.
  10. Мардуми хафа ва норози хоху нохох дигареро хафаву норози мекунад. Вале ин маънии онро надорад, ки аз ин гурух бояд бурид ва онхоро бад дид. НЕ!
  11. Барои табобат ва дигаркуни, аввалтар аз хама бояд дардро донед, ки дар кучо аст ва донед, ки чиро бояд иваз кард.
  12. Хамеша барои комил шудан талош кунед. Кушиш кунед, ки хатохоро ба такрор анчом надихед.
  13. Чашм кушода ба атроф назар кунед. Шумо факат барои он тавлид нашудаед, ки дар бораи худатон фикр кунед. Дар дунё чизхои шавковар ва хуб бехад зиёд аст.
  14. Галабаи худро тачлил кунед. Хама комёбиву пешрафти шумо бояд боиси халовати худатон бошад.
  15. Бахшиданро ёд бигиред. Ин аввалтар аз хама барои худатон лозим аст, на барои нафаре ки шумо уро ранчонидаед. Бо бахшидани касе шумо ороми ва халоватро аз ин кори худатон ба даст меоред. Бе гараз ва бе тамаъ бубахшед!!!
  16. Ба садои дили худ гуш бояд гуш дод. Харчанд маълум аст, ки на хама ин корро метавонад ва на хама бовар дорад, ки «дил гувохи хак аст».
  17. Шумо дар Замин монанд надоред. Ягонаед. Барои хамин — зиндаги кунед, хурсанди бошед. Максад гузореду ба суйи он харакат кунед;
  18. Мо кобилияти эчодкори ва навовари дорем. Инро на бояд фаромуш кард. Факат бояд кушиш кард ва самти афзалиятнокро пайдо намуд;
  19. Хаар кас имкон дорад, ки чизеро дигар созад ва барои каси дигаре манфиатовар бошад. Чун чарог барои дигарон рохи ростро нишон дихед, агар вокеъан хам худатон онро медонед;
  20. Хайёт ва хар чизе ки дар он рух медихад, чидди нагиред. Инсон миранда аст. Хама чиз аллакай маълум аст. Бепарвотар шавед. Кисматро шумо комилан дигар карда наметавонед;
  21. Дар гирди худ мардумеро чамъ кунед, ки шуморо эхтиром мекунанду дуст медоранд. Шумо хам онхоро дастгири кунед. Умри мо хеле кутох аст.
  22. Аввалтар аз хама пеши худ максади начибе гузоред. Баъд роххои расидан ба он максадро кофтаву пайдо кунед.
  23. Хар кадар бештар чизеро ба касе медихед, хамон кадар бештар ба даст меоред. Неки кунед – мехрубони хам неки аст, дониши худро таксим кардан хам савобу неки аст. Чавоби неки хатман ба шумо нек бармегардад;
  24. Дар хама кор меъёр ва низомро бояд риоя кард. Мувозинат дар зиндаги мухим аст;
  25. «ХА» ва «НЕ» гуфтанро дар чойхои даркори ёд бигиред. Вактро бо боаклона танзим кунеду истифода баред;
  26. Зиндаги мачмуъи парвозу афтиданхо аст. Хатто вакти фуруд омадан хам аз чанд лахзаи парвоз халоват бояд гирифт;
  27. Баъзан бо дустонамон нофахми мекунем ва чудо мешавем, вале ин маънии онро надорад, ки мо дусти карда наметавонем. Факат баъзан роххо дар зиндаги чудо мешаванд. Дустонро дар дил нигох доред.
  28. Тарс – аввалтар аз хама нишони он аст, ки мо чи мехохему барои мо чи лозим аст. Онро хамчун кутбнамо истифода баред.
  29. Бартараф сохтани тарсу харос аз рохи зиндагиатон мухимтарин коре хохад буд, ки шумо барои худатон анчом додаед. Он тахрикдиханда аст;
  30. То хадде ки метавонед, ба дустону наздику пайвандатон нишон дихед, ки чи гуна онхоро дуст медоред. Ин эхсос хеч вакт зиёд намешавад. Тухфаи бехтарини шумо – ин канори онхо будану дуст доштан ва барояшон мехрубони кардан аст;
  31. Чисми мо – мисли наклиётест, ки моро то максад мебарад. Нисбат ба чисм мехрубон бояд буд, то хамеша дар холати хуби кори бошад. Кушиш кунед, ки дар чисми худ худро рохат эхсос кунед;
  32. Бо имруза ва дар имруз зиндаги кунед. Ин ягона чизе хаст, ки холо доред. Аз хатои гузашта сабак гиред, орзухои амалинашаванда накунед.
  33. Мо дар дунё гуё мисли як оила хастем. Касе чун инсон бартарии гайриодди надорад. Дар сатххои гуногуни хаёт мо инсонхо амалу харакат ва вазъи гуногуне дорем, ки он албатта тагирёбанда аст.
  34. Агар нисбат ба хама чизе, ки дар атроф аст, хушбин хастед, бештар рухатон болида хохад буду сихатиатон комил.
  35. Аз мардуми атроф ва ходисахои гирду атроф бисёр чиро ба худ гирифтан мумкин аст.
  36. Барои зебо шудани дунё бештар мухаббат, рушнои ва табассум лозим аст;
  37. Хайёти худро бо андеша ва тархи худатон пеш баред. Ба садои дилатон гуш кунед. Тавсияхои дигаронро хам бишунавед, аммо хулосаи нихоиро бо назардошти имкону хохиши худатон бигиред; Он вакт албатта хушбахт мешавед!!!

Хайёт зебост!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: