Нони пухта…

Холо чамъоварии маблаг мисли нигохдории он кори осон нест. Имруз маош мегиред —  хурсанду болидарухед, вале баъди ду руз аллакай он тамом мешавад. Мебинед, ки  то охири мох як дунё рузи дигар боки мондааст. Чи бояд кард? Рохи хеле мухим ин танзими бучаи оила аст.

Модару кудаки коргар

Аввалтар аз хама бояд донед, ки худи буча чи аст? Соддатар карда гуем, — ин даромаду баромади оила дар  фосилаи муайяни вакт  аст. Бучети оиларо осон бо кашидани чанд хати росту кач дар вараке метавон ташкил кард. Дар як банд даромад ва маошу маблагхои дигареро, ки ба оила ворид мешаванд менависед, дар банди дигар харочотро, дар як банд накшахо ва дар банди дигар сарф ва натичаро.

Буча аслан аз ду кисм иборат аст — кисми даромад ва кисми харочот. Агар хохед, ки онро дуруст тартиб дихед, даромади худро аз оила ва хамсаратон пинхон накунед.  Кушиш кунед, ки даромади шумо каму харочотатон зиёд нашавад. Агар дидед, ки харчи бештаре доред, ду рохи хал доред: ё харочотро кам мекунед ва ё манбаъхои иловагии даромад кофтаву пайдо мекунед. Баъзан хамин гуна мешавад, ки дар як мох шумо аз руйи меъёр харч мекунед, даромади иловагиатонро ба бучаи оила ворид мекунед ва дар охир маблаги муайяне боки мемонад. Он вакт дар хамон вараки бучаатон боз як хоначаи дигар сохта, онро «Маблагхои бакия» номгузори мекунед. Онхо имкон медиханд, ки кисмати даромади бучаи шумо барои мохи дигар бештар шавад.

Чи гуна бояд пулхои бучаи оиларо таксиму танзим  кард? Дар ин чо хам ду рох аст: аввал ин ки зану шавхар пулхои худро ба хазинаи ягона гузошта, тули мох барои харочоти харруза аз ончо пул мегиранд ва истифода мебаранд. Ин барои оилахои идеали, ки зану шавхар аз якдигар чизе пинхони надоранд, мувофик аст. Рохи дуюм — таксими даромад ба ду кисм аст. Барои хазинаи оила ва барои харочоти худи. Яъне, зану шавхар кисме аз маошу даромади худро ба хазина мерезанд. Варианти сеюм хам буда метавонад: мард худаш хама харочоти хармохаи оила – пули обу барку андозхо, гизо ва тахсилу фарогати кудаконро ба душ мегирад. Зан бошад, маоши худро ё чамъ мекунад ва тавре ки худаш хост, харч мекунад.

Барои назорати бехтари харочоти бучаи оила шумо аввал маблагхои хатмии пардохтро чудо карда, пули бокимондаро хисоб кунеду онро ба рузхои мох таксим кунед. Маълум мешавад, ки чи кадар маблаг барои як руз дар ихтиёри шумо хаст. Агар имруз маблаги бештаре сарф кардед, фардо бояд онро чуброн кунед. Аммо чизи аз хама мухимро фаромуш накунед: сарфакори мекунам гуфта, маблаги гизо, истирохат ва тахсили кудаконро кам накунед.   Пайваста бучаи оилавии худро назорат кунед — мумкин харидори ва ё харочотро барои чизе  бояд катъ кунед ва ё ихтисор созед ё баракс — шояд зарурати илова кардани банди дигари харочот расида бошад. Баъзан вакт хангоми тахлили бучаи оилаатон мебинед, ки чи кадар пул бе максаду бе дарак барои хариди чизи нолозиме сарф шуда истодааст.

Рохи дигари танзими буча ва идораи маблагхои оилави ин навиштани хама гуна харч ва воридот ба буча аст. Баъд дар охири мох хисоб кунед, ки чи кадар маблагро шумо тули як мох сарф кардед. Мардхо ин корро агар ошкоро карда натавонанд хам, дар мавриди аввал метавонанд пинхони аз хамсаронашон анчом диханд. Мо мардуме хастем, ки тую чашну идхои зиёде дорем. Ва агар ба туйи хеше табор наравед, хафа мешаванд. Ин гуна таклифхоро хам бояд ба назар гиред, яъне бояд донед, ки ба кариби туйи фалон хешу табори шумо аст ва шумо бояд барои сохибчашн  пул ва ё чизе тухфа баред.

Ва чизи мухими дигар — идораи одатхо аст:

  • Хамон рузе, ки пули зиёд ёфтед ва ё маош гирифтед, фавран ба бозор наравед. Гузоред, ки акалан як руз он дар хонаат истад. Шояд пагохаш эхсоси харидкуниатон пасттар мешавад.
  • Хама пулхои доштаатонро дар киссаатон гирифта нагардед. Ба кавли момаи Туйдигул «Пул — нони пухта аст». Худро дошта наметавонед ва харч мекунед.
  • Хисоб кунед, ки ба кадом самт бештар маблаг сарф мешавад? Чиро зиёд мехаред ва ё барои кадом хизматрасони пули зиёде медихед?
  • Баракат дар як сомонии аввал аст, мегуянд донандахо. Хамон яки бобаракатро бояд нигох дошта тавонед. Содда карда гуем, рузи маош агар 1000 сомони доред, 100 сомони ё 10%-и онро кунче партоеду фаромуш кунед.
  • Масъалахои пулиро дар оила бо ширкати хама хал кунед. Бигзор кудакон хам донанд, ки пул ба оилаи онхо чи гуна меояд, чи хел сарф мешавад, чи хел бояд чамъ шавад?
  • Фаромуш накунед, ки сарфакори кардан ин хануз рохи ягонаи сарват чамъ кардану хубтар сохтани вазъи зиндаги нест. Роххои дигарро хам истифода баред: кортхои бисконт, тахфиф, кам кардани харочоти неруи барку об, насби хисобкунакхо ва мисли ин хам тадбирхои натичабахш аст.

Дар кисмати нихои бошад, мо чанд тавсияро барои огози тичорат ва сохибкори дар шахрхои хурду миёна хохем гуфт. Яъне, хохем гуфт, ки занхо, махсусан онхое, ки хамсаронашон дар мухочират хастанд, танхо зиндаги мекунанд ва хохиши кор карданро доранд, ба кадом намуди тичорат ва сохибкори машгул шуда метавонанд:

  • Ширипази дар хона;
  • Ташкили нуктаи гизои саридасти;
  • Ташкили курсхои дузандаги, ошпази ва мисли ин;
  • Дукони хурди либосхои кудакона. Онхо хам кимматтар аз либохои дигаранд ва хам хамеша барои моли хуби кудакона талабот мавчуд аст;
  • Нуктаи шустушуйи мошинхо;
  • Нуктаи таъмири чархи мошин;
  • Нуктаи фуруши махсулоти тозаи кишоварзи;
  • Сартарошхонаи мардона ва кошонаи хусн барои занхо;
  • Дукони хурокхои нимтайёри хонаги;
  • Намояндаи тичорати барои ин ё он ширкату коргох;
  • Ташкили занбури асалпарвари;
  • Ташкили гурухи кори – сантехник ва баркчи….; Ташкили телефони фаъол барои кабули дархостхо;
  • Нигохубини кудакон дар хонаи худ;
  • Чамъоварии гулу гиёх ва мевахо барои хушк кардан;
  • Мургпарвари, махсусан агар дар деха хавлии калоне доред;

Чиро бояд хатман ба назар бигиред?

  • Ба порадихи одат накунед;
  • Фаъолияти кариб хама намуди кору тичорат ичозатномаву патентро талаб мекунад;
  • Андозхоро бояд пардохт кард ва хама гуна хуччатгузориро дуруст ба рох монд;
  • Карз гирифтан мумкин аст, аммо бояд имкони баргардонии он, фоиз, шарту шароит ва холатхои форс мажориро хам ба назар гирифт;
  • Дар хафтаи авали кориатон даромад ё фоидаи зиёдро интизор нашавед;
  • Хама коратонро бехтар аст, агар дар доираи созишнома, шартнома ва ё карордод анчом бидихед;
  • Барои огози тичорату фаъолияти сохибкори тими хуберо гирди худ чамъ кунед;
  • Суратхисоб, маблаг ва мухосиботи худро бояд хуб танзим кард, назорат намуд ва пайваста санчиш кард;
  • То хадди имкон навгонихои илму техника – телефон, модем, интернет, барномахои гуногуни кори ва тичорати, мухобирот, сомона, почтаи электрони, реклама ва мисли инро дар кору фаъолияти худ бояд истифода бурду татбик кард;
  • Фаромуш набояд кард, ки максади асоси – ёфтан ва конеъ сохтани талабот ва завки мизоч ва бо ин рох конуни ба даст овардани даромад аст;
  • Ва чизи охирин – шумо бовар кунед, ки хатман муваффак мешавед!!!! Хатман!!! Ва он вакт албатта муваффак мешавед!!!

Нони Пухта

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: