Неругохе, ки неруи хазорхоро бебозгашт бурд….

Соли 1986, 26 апрел дар энергоблоки чоруми Неругохи Барки Атомии Чернобыл таркиш ба амал омад. Микдори зиёди радиатсия ба атроф пахн шуд. Ин мудхиштарин садамаи техногени дар хаёти инсоният буд. Тибки омор беш аз 50 000 нафар маъюб шудаву 137 000 километри мукааб бо цезий олуда шуда буд. Хисороти иктисоди аз ин садама 130 миллиард долларро ташкил карда буд. 15 декабри соли 2000 ин неругох фаъолияти худро катъ кард. Як вакт  хатто ширкатхое хам пайдо шудаанд, ки сайёхонро ба хамин минтака барои тамошо даъват мекарданд. Чи тамошо дошта метавонад он минтакаи мудхиш ва дардбарангез?

Чанд далел вобаста ба Чернобыл:

— дар шахри Чернобыл хайати махсуси ВКД-и Украина кароргох дошта, худуди 30 километраро аз вуруди шахсони бегона хифз мекунад;

-то садама дар ин неругох дар шахри Чернобыл 12,5 хазор нафар истикомат мекардаанд;

-масофа аз Киев то Чернобыл бо мошин 115 км аст;

-соли 1793 шахри Чернобыл ба хайати Империяи Русия шомил буд;

-замони чанги Шурави ва Польша як муддат ин шахр дар тасарруфи  полякхо буд;

-соли 1921 Чернобыл ба хайати Украинаи Шурави хамрох карда мешавад;

-дар чандин бозии компютери ходисахо дар Чернобыл мегузаранд;

-дар бартарафсозии окибатхои садамаи Чернобыл беш аз 5 000 нафар аз Точикистон хам ширкат кардаанд;

-дар шахри Хучанд мучассамае барои онхое, ки дар бартарафсозии окибатхои садамаи Чернобыл ширкат доштанд, гузошта мешавад;
-26 апрели соли 1986 –дар хамон рузи садама  ансамбли рубобчизанони точик           (Х.Муминова, Ч. Маматкулова…) бо гурухи раксии точики (дар мачмуъ худуди 40 нафар) дар Чернобыл сафари хунари доштанд; Онхо баъди садама кариб як хафта ончо мемонанд.  Баъди бозгашт ба Душанбе  фавран аз назорати духтур  гузаронида мешаванд. Он вакт мегуянд, ки «хамааш хуб аст». Вале баъди 4-5 сол мефахманд, ки радиацияолуда шуда будаанд;

-хамон руз  (26 апрели соли 1986) дар Чернобыл борон мерехтааст;

Исто! Минтакаи радиациаолуда ва хафвнок.

Исто! Минтакаи радиациаолуда ва хафвнок.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: