Мочарои сари пода…

Ончо субх амаки Исматро дидан мумкин аст. У гову молашро овардаву хамзамон гапу хабари навро ба хона мебарад. Як нафарро ман ба раиси собики нохия монанд кардам ва баъд фахмидам, ки вокеъан хам у будааст. Ман намедонам, ки онхо дар чи бора сухбат мекунанд, вале аз дур  мушохида мешавад, ки гарму самимона сухбат мекунанд. Подаи мо аз аввал подабон надошт — хар оилае, ки гову молашро ба пода сар медод, мохе як бор аз руйи чойгиршавии хонахо бо навбат подабони мерафт. Баъдтар подабон пайдо шуд. Яъне, мутобики шароити бозори мехнат боз ду чойи нави кори пайдо шуд – подабони куча! Он зани рус хамон замоне, ки мардум фикр мекарданд, ки то зани рус нагири вазифа хам намегири, хамсари конунии як раис буд, ки акнун либоси точики мепушид ва точики харф мезад. Ачобат хамин буд, ки хар сахар подабони кучаро махз у бо дуояш гусел мекард. Точики дуо медод!
Чойе, ки мардум подаашро чамъ мекард, ба ду кисм чудо шуда буд — аз рохи мошин боло чорвои калон чамъ мешуду аз рохи мошин поён бузу гусфанд. То пайдо шудани ихтисоси «Подабон» мо хам дар навбати худ подабони мерафтем. Мо ки хурд будем, бештар барои он хавасманд будем, ки рузи подабони бо дурбини бобои Каландар аз баланди маркази нохияамонро тамошо мекардем. Чамъшавии субху шом дар сари пода мисли як барномаи хабари дар вакти субху шоми кадом радио буд. Ахборе, ки ончо аст, шояд дар радиои «Ватан» хам набошад. Масалан, дар бораи он ки Хола чаро кудакони кучаро он кадар дуст намедорад, ё чаро амаки Бури чанд муддат аст, ки бо «автолавка»-и худ молу колои тоза намеорад, ё чи гуна магазинчии «хозмаг» худаш сейфро холи карду боз худаш ба милисахо шикоят бурд дар ягон радио намегуянд. Сухбатхои шомгохи дарозтар буд. Зеро то бегох як галла гапу хабар чамъ шуда буд ва бояд гуфта мешуду шунида мешуд. Ба ёди ман хаст, ки замони селу боронгарихо мардум боз хам аввал дар сари пода чамъ мешуданду баъд ба начоти гову молашон ва кумаки марди навбатдори пода мерафтанд. Он замон мардум ба гапи подабон ва хамсояи худ бовар мекарданд, он замон гову мол ба таври асроромез гайб намезад, он замон моли мардумро агар рахгум мезад, шаб дар огил дар катори молу гову худашон каху хошок медоданду пагохаш ба сари пода оварда,  «гусел» мекарданд. Холо хам шояд гову моли гумшударо ёфтан мумкин бошад, вале факат аз дукони кассоб! Ман нав фахмидам, ки чаро мардум вакти фурухтани гову молаш каме пашми бадани онхоро гирифта, ба кадом сурохии огил мехалонд. Ин ба хотири он будааст, ки агар раваду баракат дар хамон гову мол бошад, бо фурухтани он аз хонаву дар баракат напарад. Масалан, дар кучаи мо хамин хол рух дод. Хамин ки баракат кам шуду гову мол хам камтар шуд, подахоравро ким кадом марди пулдоре барои сохтани хона «хуччат» карду гирифт. Тамом!!! На арзу шикояти мардум фоида карду на нависонависи онхо ва хатто на кахрикунии мардум. Подахорави куча барои мардум кариб ки чойи мукаддас буд ва гуё хамон марди он замон пулдор ба сархади давлаташон рахна зада буд. Боз хам дар сари пода  гушам бод ёфт, ки заминсозе, ки хамон замини подахоравро барои ким ки як вакт «соз» карда буд,  вазъи хеле «турб»-е дорад. Холо бошад, тахмин мекунам, ки хамааш гузаштааст. Хуб гузаштааст, ки хам он заминсоз инак «заминсози»-ро давом дода истодаасту хам он марди «зур» подачойи мардумро бозпас надод.   Мардум хам дигар ба подачойи тангтар одат кард….

Вале доираи гапу хабар гумонам танг нашудааст. Баракс, агар як вакт факат гап дар бораи Сталину Брежневу халтаи орди 18 сума буд, холо кампири Изатмову амаки Бури ва Бобои Рачаб хам аз депортатсияву Путину курби асъор сухбат мекунанд. Мавзуъхои нав албатта зиёд пайдо шуданд, аммо минбари сухбату майдони сухбат ханузам хамон чо боки мондааст – подачойи куча! Хамаро дар ончо шинохтан мумкин аст — хам бечораро (аз гову гусолаи харобашу эми гуши бузхояш) ва хам дорандаро (аз калушхои наву чомаи майдадузиаш), хам гапчину хабаркашро (аз саволхои дарундорашу хомушии шубхаовараш) ва хам мардуми доноро (аз касеро гайбат накарданашу ба саволхои тафрикаомез «намедонам» гуфтанаш)! Ачобат хамин аст, ки новобаста аз гузашти солхо ва пайдоиши хазору як смартфону планшету вай макс, новобаста ба «чахондида» шудану «русиядида» шудани мардум, дар сари пода  чойи «актёрони мардумии ба нафака рафта» — ро  «актёрон» — и чавонтар мегиранду мазхакаи зиндаги бе драматургу коргардону рассом аз руйи хамон як сенарие, ки хазор сол пеш  буд, идома ёфта истодааст….

Ман дар боло вокеъияти кучаи худамонро овардам. Дар он матн хар чизе хондед, хакикат буд. Ва ман онро факат барои он ба ёд овардам, ки дар бораи «Мочарои сари пода»-и Хунарпешаи халкии Точикистон — Нурулло Абдулло, ки имруз дар Театри давлатии чавонон ба номи М. Вохидов дар тахияи хунарманд Нозим Меликов тамошо кардам, нависам ва чанд аксу наворе аз ончо барои диданатон гузорам.  Шояд номи ин намоишнома  ба рухияи тамошобинон, ки аксаран аз ким кадом колледжи Душанбе буданд, таъсир кард, ки мочаро дар толор пештар аз саршавии мочарои асоси сар шуд. Мочаро то ин хадд чидди шуд, ки хатто устоде, ки шогирдонашро рохбалади мекард, кариб буд ба зани хамкасби ман дармеафтид….

Ва «Мочарои сари пода» сар шуд… Хама чиз фахмо, шинос, табии ва вокеъи буд. Ман худамро ончо дидам, акаи Хомиду бобои Калугу кампири очаи Мастураро хам…Кахрамонхо бо хамон забоне сухбат мекарданд, ки ман дар дехаву кучаамон сухбат мекунам. Радио, ки дар деха дусти карини мардум буд, баробари намоиш сахнахову холатхои таърихиро бо киссахои рузгори мардуми ин деха, ки инак сари пода чамъ шуда буданд, чур мекарду хамоханг месохт… Гуё ин мардум сокинони кучаи мо буданд, ки хар сол аввал раисро нав мекарданду баъди чанде бо гапу калоча аз кораш озод, онхо мисли хамдехахои ман буданд, ки ду се нафари гуё дар «фраксия»-хои гуногун муттахид шуда, барои ким чизи нофахмое мубориза мебурданд. Ва акнун мисли он ки дар ин намоишнома буд, як «савора»-е зарур аст, ки мочарои сари подаро хам дар  кучаи мо хомуш кунаду хам дар кучаи шумо…

Ман барои хамаи шумо дидани намоишномаи «Мочарои сари пода» — ро дар Театри давлатии чавонони ба номи М. Вохидов тавсия медихам. Он шуморо хатман ба фикр кардан, дигар шудан, тагир ёфтан ва тагир додан тахрик медихад ва хатто  мачбур мекунад. Ва шумо хатман мисли ман ба «мардуми сари пода»  тахсину офарин низ хохед гуфт…

"Вохима"

«Вохима»

Дустони хунарманди ман

Дустони хунарманди ман

Коргардони тахиягари намоишномаи "Мочарои сари пода" Нозим Меликов

Коргардони тахиягари намоишномаи «Мочарои сари пода» Нозим Меликов

"Хамдехахо"-и ман...

«Хамдехахо»-и ман…

Мочарои сари пода

Мочарои сари пода

Шуморо гуё "сохиб"-и театр дар даромадгох истикбол мегирад...

Шуморо гуё «сохиб»-и театр дар даромадгох истикбол мегирад…

Имрузиёну ояндагони театр

Имрузиёну ояндагони театр

Мочарои сари пода...

Мочарои сари пода…

Хунармандони Театри давлатии чавонони ба номи М.Вохидов

Хунармандони Театри давлатии чавонони ба номи М.Вохидов

Мардум ба хотири эхтироми хунар ва хунарманд аз чо боло мешавад....

Мардум ба хотири эхтироми хунар ва хунарманд аз чо боло мешавад….

Коргардони тахиягар ба сахна меояд...

Коргардони тахиягар ба сахна меояд…

Кафкуби барои хунарманд ва хунари хуб аз суйи хунармандони хуб...

Кафкуби барои хунарманд ва хунари хуб аз суйи хунармандони хуб…

Муаллифи асари "Мочарои сари пода" Хунарманди халкии Точикистон Нуруллои Абдулло

Муаллифи асари «Мочарои сари пода» Хунарманди халкии Точикистон Нуруллои Абдулло

Хамин гуна аст арзи сипоси муаллиф аз коргардон ва баракс...

Хамин гуна аст арзи сипоси муаллиф аз коргардон ва баракс…

Мархабо...

Мархабо…

Мардуми "сари пода..."

Мардуми «сари пода…»

Кахрамонхои намоишномаи "Мочарои сари пода"

Кахрамонхои намоишномаи «Мочарои сари пода»

Баъди "Мочарои сари пода"

Баъди «Мочарои сари пода»

Саркоргардони театр -Шавкат Халилов дар миёни шогирдон.

Саркоргардони театр -Шавкат Халилов дар миёни шогирдон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: