Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (13)

Сафари ман дар доираи барномаи Эдвард Марроу бо дастгирии Департаменти Давлатии Амрико, Бюро оид ба масъалахои маориф ва фарханг ва барномаи байналмиллалии лидерон дар ИМА идома дорад.  Портлендро пиёдаву савора чанд руз аст, ки  тамошо мекунам. Миёни вохурихо ва баъди соати 16 мо фурсати истирохату тамошо дорем. Ман мисли хар сафари дигарам ба хама чиз таваччух мекунам, мехохам хар чизи бароям шавковарро аз тарчумону аз хамсухбатон бипурсам.  Имруз мо се вохури дорем. Субх мо бо Карла Акстман –мухаррири блоги «Blue Oregon» вохурдем. Шакли сухбату вохурии мо одди аст: аввал хамсухбат хар чизе, ки барои худаш ва мо шавковар аст, онро байён мекунад ва баъд мо бо саволу пурсишхои худ ба у мурочиат мекунем. Чун мухтавои аксари вохурихои мо барои нашр нестанд, ман баъзан умумигуйи мекунам.   

Аммо сухбати мо бо ин зан шавковар буд. У аз руйи ихтисос мутахасиси тарбияи зебоипарастии кудакон будааст. Вале мавзуъхои сиёси хамеша уро ба худ чалб мекардаанд. Дар Амрико хис кардам, ки ба овози хар нафар дар интихоботу раъйдихи таваччух мешавад, интихобшавандахо  барои ба даст овардани  хар овоз алохида кушиш мекунанд, мардум бошанд, хама дар чараёни дигаргуни ва тагироти мухими сиёси ва ичтимои хастанд. У дар маъракаи пешазинтихоботии як сенат аз хамин иолот бо таклифи у ширкат карда будааст. Дар кишвари мо низ чанд руз пештар интихоботи Президенти Точикистон буд. Ман ба худ фикр кардам, ки номзадхо хамин гуна мутахасисони сохаи пиар ва таблигро ба компанияхои пешазинтихоботии хуб даъват карда бошанд? Онхо накшахои таблигу муаррифии худро чи гуна тархрези мекарда бошанд? Зеро маълум аст, ки ба таблиг ва пиар бояд мутахассис машгул шавад.

Дар Амрико Иттифокхои касаба хеле фаъол хастанд. Масалан, дар маъракахои интихоботи онхо метавонанд, ки гурухи ин ё он номзадро дастгири кунанд, барои бехтар шудани сифати корашон талаботи худро пеш гузоранд ва барои кабули он пофишори кунанд. Чизи аз хама шавковар дар чараёни маъракахои пешазинтихоботи ба гумони ман имкони омузиши  суханвари барои номзадхо ва дигарон дар Амрико аст. Яъне, ончо ширкату марказхое хастанд, ки барои Шумо нутк кардан, сухан гуфтан ва таваччухи мардумро ба худ чалб карданро меомузанд. Ин тавре ки шумо медонед, барои номзадхо чизи аз хама мухим аст. Агар хамин гуна марказхо дар Точикистон хам мебуданд, гумонам, холо номзадхои интихоботи президентии кишвари мо дар хаёли шумо тамоман дигаргуна (бехтар, хубтар, таъсирбахштар) накш мебастаду мемонданд.

Вохурии дуюми мо бошад, бо мухаррир ва сохиби хафтаномаи «Willamente Week» —  Марк Зусман баргузор шуд. Виламент,  тавре ки аллакай шумо медонед, ин номи дарё аст. Ин газета, ки 75 хазор нусха хар хафта нашр мешавад, комилан ройгон таксим карда мешавад. Яъне, ин газетаи бепул аст. Онхо асосан дар мавзуъхои махалли ва дохили менависанд. Бояд гуфт, ки матбуоти Амрико ба мавзуъи вокеъоти чахони он кадар таваччух надорад. Хатто дар барномаи ТВ ва Радио бахши ахбори чахон ё чанд сония аст ва ё умуман нест.  Ин ягона газетаи махалли аст, ки барои тадкикоташ сохиби олитарин чоизаи журналисти — Чоизаи ба номи Пулитцер гаштааст. Аввал ин хафтанома мисли хафтаномахои мо аз реклама даромад дошт. Аммо баъди он, ки бо пайдо шудани рузномаву мачаллахову сахифахои эълони бепул  реклама кам шуд,  мушкили газетахо сар шуд. Вале рохи дигарро барои таъмини газета ва хамкорон инчо пайдо кардаанд: тичорати чорабини ва фестивалхо! Ин барои мо чизи нав аст! Ин хафтанома 12-13 сол аст, ки фестивали мусикиро дар 16 толору майдони Портленд баргузор мекунад, фестивали киоскхои хуроквори  низ аз чониби хамин хафтанома ташкилу баргузор мешавад.  Дар Амрико вокеъан хам хуб дарк кардаанд, ки демократии вокеъи бе мавчудияти ВАО-и ошкоргу ва хакикатгу имконнопазир аст. Мардум ба ин хафтанома таваччух доранд. Тасаввур кунед, ки аз 75 хазори хар хафта нашр шуда, факат 2 % бозпас мегардаду халос. Факат нагуед, ки ин газета бепул аст, барои хамин онро мегиранд. Ман бо шумо шарт мекунам, ки баъзе газетахоро агар бепул дар кучахои Душанбе таксим кунем хам, касе намегирад ва ё факат як чанд кас «шумо хафа нашавед» —  гуфта мегиранд! Иловатан барои пайдо кардани даромад ва таъмини кормандон, ин хафтанома чанд рохномаро нашр мекунад, ки он фурухта мешавад, яъне он бупул нест. Рохномаи нуктахои гизо ва ресторанхо, чорабинихоии фарханги ва мисли инхо мавриди таваччух карор дорад. Ман дар чанд шахри амрикои хис кардам, ки мардум ба театру синамо ва вохури бо ахли фарханг хеле бо шавку мароки зиёд мераванд.

Тадкикот барои кормандони ин хафтанома самти асосии кор аст. Масалан, баъди тадкикоти онхо маълум мешавад, ки сабаби бемории муаллимон ва мухассилини яке аз мактабхо махсулоти захролудшудаи сохтмони будааст. Баъди ин тадкикот он мактабро ба хок яксон мекунанд. Тадкикоти дигари кормандони ин хафтанома вобаста буда ба як сенаторе, ки факат мукобили мухочирони кори садо боло мекардааст. Вале, вакте ки журналистон тахкик мекунанд, маълум мешавад, ки дар хочагии кишоварзии ин сенатор факат мухочирони кори фаъолият мекунанд. Аммо чоизаи Пулитцерро онхо барои тадкикоти амалхои як мансабдоре гирифтаанд, ки 30 сол кабл ба номуси духтари  хизматгорзани хонааш дастдарози мекардааст. Уро ба хотири гузаштани мухлати чазо махбаси намекунанд, вале радди маъракахо мешавад ва обруяш ба замин мерезад…

Чизи мухиме, ки ман хис кардам, хамин аст, ки дар вакти тадкикоти журналисти дар Амрико аъзои кадом хизб будани объекти тадкикот он кадар мухим нест, у метавонад, аз хизбе бошад, ки ман хам аъзои он хастам ва ин маро комилан аз фаъолияти кори ва конунии худам боз намедорад. Ахсан!!! Мазх барои хамин ин кишвар рушд кардаву рушд мекунад…

Вохурии сеюми мо дар идораи Радио ва Телевизиони чамъиятии ОРВ буд. Чамъияти ба ин маъно, ки фоизи бештари маблаггузориро хукумат анчом медихад ва кисме аз маблагхои мардуми хайрхох аст. Мардум барои фаъолият кардани ин ТВ ва Радио пул медиханд, онхо ба хабару иттилоъот ва тахлили кормандони ин ТВ ва Радио бовари доранду таваччух. Ин ТВ ва Радио худуди 150 корманд дорад ва чун  чамъияти аст, аз пардохти андозхо озод аст.

Ман дар ин вохури бештар савол додам, чунки ин ду самт — самти асосии фаъолияти ман аст — аъзоёни дигари гурухи мо  асосан дар Интернет ва хафтаномахо менависанд. Ба саволхои ман дар бораи фанатхои радиои, интихоби кахрамонхо ва даъваткунии онхо, сиёсати мусикии радиояшон, тарзу услуби барномасозиашон хамсухбати мо чавобхои хуб гардонд. Масалан, дар мавриди кахрамонхо у гуфт, ки агар мо кадом мансабдору вазифадореро даъват кунему у наояд, ман хатман дар эфир инро баён мекунам ва дар интихоботи навбати у хатман овоз намегирад. Мардум инро фаромуш намекунанд. Ва хам холо ин тавр нашудааст, ки касеро аз мансабдорон онхо даъват карда бошанду у бе сабаб ва  танхо аз  руйи гурур ба эфир наомада бошад.  Дар радиояшон бошад, онхо акнун аз пахши сурудхо даст кашидаанд. Каблан сурудхои гуногун садо медодааст, аммо холо не. Холо факат ток-шоухо тахия ва пешниход мегарданд. Аз руйи хисоби онхо шумораи шунаванда ва бинандахои онхо дар барномахои криминали ва тадкикоти аз хама бештар будааст.

Чизи дигари шавковар дар охири сухбату вохурии мо буд. Вакте мо хайру хуш карда берун мерафтем, дар рохрав хамсухбати мо Дэвид моро бо марде шинос кард, ки мехост ба утоки дигар гузарад – «шинос шавед, шэфи калони мо…». У хамин холо аз ин кормандаш фахмид, ки мехмонон аз собик кишвари шурави барои табодули тачриба омадаанд ва изхори хурсанди кард. Ман дар дигар бора фикр кардам: агар мо ба коргохамон 5-6 нафари бегонаро аз ким кадом кишвари дигар даъват кунему «шэфи калон» мисли ин холат  бехабару бедарак бошад, «каппаи мо дуд кард!»…Мо хатто хар субх бояд ба назди «шэфи калон» даромада,  акалан салом кунем ва худро нишон дихем, барои вохури бо мо бояд ариза нависанд, сад бор занг зананд, мактуб кунанд, саволхоро пешаки равон кунанд, интизор шаванд….

Фардо мо фурсати истирохат дорем. Ният кардем, ки лагери лижаронон ва осорхонаеро тамошо меравем…

Изображение 742

Изображение 760 Изображение 759

Изображение 758 Изображение 757 Изображение 753 Изображение 750 Изображение 747 Изображение 746 Изображение 761

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: