Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (12)

Портленд ин субх борони буд. Вале атроф гуворо ва зебо аст. Мисли он, ки касе бароятон роххои ин шахрро об задаву бе чангу гард сохта бошад. Мисли рузхои гузашта утоки хоби ман гуё «штаб» аст. Соати 8:30 хама чамъ мешаванд… Тибки барнома имруз моро аввал вохури дар Созмони Чамъиятии «Мухочирону гурезахо» — IRCO интизор аст. Ин мавзуъ барои ман хамеша шавковар аст. Мухочирон дар тамоми дунё буданд, хастанд ва дар идома низ меомнанд. Барои ман хатто мавзуъи мухочирати дохилии Точикистон низ шавковар аст…(аламовар хам!)

IRCO — яке аз он созмонхоест, ки мухочирону гурезахо дар ончо чамъ шуда, забон меомузанд, тартибу кавоиди зиндаги дар Амрикро ёд мегиранд, чойи кор ва зист  пайдо мекунанд. Дар девору рохравхои ин созмон харитаву суратхо часпонида шудааст, ки хам барои омузиш асту хам барои саргарми. Синфхонахо барои онхое, ки забони англисиро тамоман намедонанд, мисли синфхонаи синфхои якуми мактабхои мо аст. Аммо барои онхое, ки аллакай саводи бехтар доранду пеш рафтаанд, синфхонахои замонавии компютери фаъолият мекунанд.  Сарвари ичроияи ин созмон Сохом ТАУЧ, ки зодаи Камбоча буда, дар чавони   якчоя бо гурухе киштии харбиеро рабуда, ба воситаи Филлипин ба Пенсилвания ва баъд ба Портленд омада будааст.

Мардуми гуреза дар ин созмон кумаки пули хам мегиранд, махсусан онхое, ки баъди мактаби миёна мехоханд тахсили худро дар колеч давом диханд.  Дар ин созмон якбора 75 барнома татбик мешавад. Харчанд, ки дар Орегона ин ягона созмон барои мухочирону гурезахо нест, аммо гумонам он фаъолтар аст ва  ба чанд шахри иолоти Орегона хизмат мерасонад. Дар Амрико дар самти дастгирии мухочирону гурезахо созмонхое хастанд, ки ба мардуми ин ё минтака, намояндахои ин ё он дину ойин ва мисли инхо хизмат мерасонанд. Созмони Чамъиятии IRCO аслан соли 1976 таъсис ёфта буд. Агар он солхо хамаги 8 корманд дошта бошад, холо бештар аз 60 корманд дошта, бучааш худуди 13 миллион доллар аст.  Аз ин микдор 85 % маблаггузории давлати буда, бокимонда сахми донорхо ва хайрхохон аст. Тавре маълум шуд, дар ин созмон барои гурезахо алохида ва барои мухочирон барномахои алохида татбик мешаванд. Вакте ки бо роххат гуреза ва ё мухочирро ба ин созмон мефиристанд, инчо барояш шароити кору фаъолияту омузиш фарохам меоранд. Беш аз 300 коргохи махалли бо ин созмон хамкори дорад. Яъне, омода аст, ки хатмкардахои ин марказро ба кор кабул кунад. Хатто барои онхое хам чойи кори пайдо мекунанд, ки хануз забони англисиро хуб наомухтаанд ва намедонанд. Бо назардошти он ки намояндахои кишвархои гуногун ва фархангу тамаддуни гуногун ба Амрико барои кору зистан меоянд, дар ин марказ барои онхо хатто либоспушиву урфу одатхои мардуми Амрико, сухбат ва муошират…хулоса хама чиро аз нав меомузонанд. Факат соли рафта ин созмони чамъияти ба бештар аз 30 000 мухочиру гуреза кумак кардааст.

Самти дигари фаъолияти IRCO ин дастгирии нафакагирон ва пиронсолон аст. Онхо бештар ба дастгири ва кумак ниёз доранд, барои хамин барои онхо барномахои алохида татбик мешавад, онхоро хатто мошини хизмати ба ин марказ оварда, боз ба хонаашон мебарад. Онхо чамъ шуда, бо хамсолони худ сухбат мекунанд, хатто сурудхони ва ракс хам мекардаанд. Бояд гуфт, ки созмоне ки имруз мо мехмони онхо будем, факат ба гуреза ва мухочирони конуни хизмат мерасонад, аммо дар Амрико будаанд, созмону ташкилоте, ки ба мухочирону гурезахои гайриконуни низ кумаки аввалиро мерасонидаанд.

Рузхои аввали мухочират ва зиндаги дар Амрико гумонам барои хамаи онхое, ки холо мукими хастанд, душвор буд. Сарвари ичроияи IRCO накл мекунад, ки рузхои аввали ба Амрико омаданаш, биринчро бисёр пазмон мешудааст. У ки зодаи Камбоча аст, хуроки асоси ва дустдоштааш биринч будааст. Аз чанд кас мепурсад, ки аз кучо биринч харам? Ба у рохи магозаи биринчро нишон медиханд. Омада як халта биринч мехарад. Мехохад, ки онро ба автобус бор карда, ба манзили зисташ биёрад. Аммо уро ба автобус рох намедиханд. Халтааш гуё  ба мусофирон халал мерасонад. Пули зиёдати надорад, ки мошини дигар киро кунад ва хам рохи дигареро ба чуз рохи рафту ойи автобус намедонад.   Мачбур мешавад, ки халтаи биринчоро ба китф партофта, бо рохи омаду рафти автобус чанд километрро тай карда, ба хона биёяд. Гузашта аз ин солхои кабли барои мисли у мардуми аз кишвархои факиртаре омадаву ранги дигари пуст дошта, хатто манзили ичора хам намедодаанд. Шояд махз хамин азобу ташвишхои худи сарвари ин созмон сабаб шуда, ки у соли 1976 хамин гуна марказро барои дастгирии мухочирону гурезахо таъсис бидихад. Холо бошад, ин созмон хеле бонуфуз аст, хазорхо нафар ба воситаи он забону фархангу зиндагии амрикоиро меомузанд, чойи кору манзили зист пайдо мекунанд. IRCO  хатто дар Камбоча ба мактабсози сар кардааст. Инчо мухочирону гурезахоро факат ба сабру тахаммул ва кушишу талош даъват мекунанд. Хеле кам –шояд 1% аз сад нафари ба Амрико омада ба ватани худаш баргардад, дигар хама замони мушкили буду бошашонро дар Амрико сипари карда, мукими мешаванд.

Тартиби кабули мухочирону гурзехо тахминан хамин гуна аст, ки баъди ба онхо расман додани кори мухочират ва ё гурезаги ба хамин гуна созмонхо фиристода мешаванд.  Онхоро тули 8 мох хукумати Амрико бо кумакпули таъмин мекунад. Ин кумак 400-500 долларро ташкил мекунад. Иловатан онхо дар ин муддат пули манзили ичораро пардохт намекунанд.  Баъди 8 мох агар онхо натавонистанд, ки забон омузанду чойи кор пайдо кунанд, ба онхо диаспорахо ва чамъиятхо кумак мерасонанд. Агар мухочир ва гурезахо тифлони хурдсол дошта бошанд, кумакхо барои онхо зиёдтар аз 8 мох идома мекунад. Аммо баъди ин муддат онхо аъзои комили ин чомеъа хастанд, андоз месупоранд, метавонанд, ки шахрванди ба даст биёранд ва тавре ки хамсухбати мо мегуяд, «агар тули 5 сол халолу бо сарфакори кор кунанд, метавонанд рохат хатто хона бихаранд!»

IRCO – факат дар Портленд 5 хамин гуна марказ  дорад. Сохом Тауч –сарвари ичроияи ин ташкилот мегуяд, ки дуст дорад, бубинад чи гуна мардум зиндагии худро аз сифр сар карда, рушд мекунанд, рохи начотро пайдо мекунанд, дар чомеъа мавкеъи устувор пайдо месозанд ва дар хайёти чамъияти ва сиёсии Амрико сахм мегузоранду ширкат мекунанд. Мо аз у пурсидем, ки худи шумо киссахои хайётии шавковаре доштаед ва мардуме, ки аз маркази шумо гузаштаанд ва мегузаранд, хазору як кисса ва хотироти шавковар доранд, намехостед, ки онхоро дар шакли китобе нависед? У шухиомез ва ё намедонам чидди гуфт, ки «ба нафака ки рафтам албатта хотирахоямро дар шакли китоб чоп мекунам…»

Вохурии дуюми мо дар идораи «Шурои муносиботи байналмиллали дар Орегона»  бо мухаррири газетаи Орегониян Jeef Mapes сурат гирифт. Сухбат аввал сари фаъолияти хабарнигорони сиёси огоз шуд ва баътар дар мавриди фаъолияти ин газета идома кард. Пешрафт дар хама газетахо гумонам ки бо тарзи гуногун ва бо шаклхои мухталиф ба даст меояд, аммо мушкили ва проблемахои онхо кариб ки як хел аст. Масалан, дар Точикистон хам тиражи  газетахо кам шудааст, дар инчо хам, дар кишвари мо хам интернет акнун мавкеъи бештар пайдо мекунад, инчо низ хамчунин хама чиро аз интернет пайдо кардан мумкин аст, ки ин то чое доираи газетахои когазиро танг мекунад, дар кишвари мо хам чандин газетахоро фурухтанд ва чандин идорахо кормандони худро ихтисор карданд. Дар Амрико хам айнан хамин гуна холат будааст. Масалан, Орегониян аввал хар руз  нашр мешуд, холо бошад, факат 4 маротиба дар як хафта, аввал шумораи кормандонаш 400 нафар буд, холо бошад баъди ихтисоркуни 200 нафар боки мондаанд. Ин газета хама рузи кори 200 хазор нусха ва рузи ситирохат 300 хазор нусха нашр мешавад.

Хулоса, дар гурухи мо, ки кормандони газета хам хастанд, саволхои ихтисоси зиёд буд. Хайёл мекунам, ки мо инчо аз хар чизе ки мебинему мешунавем, чизе хубе барои худ мегирем.

Вохурии сеюми мо дар телевизиони KGW буд. Баъди тамошои ин ТВ бо рохбаладии менечери он Rich Kurz мо ба мачлисгохи онхо ворид шудем. Формати ин вохури тамоман ачоиб буд: мо бояд дар мачлиси баъди нимарузии онхо ширкат кунем. Яъне тарчумон барои мо чараёни мачлисро хамзамон тарчума мекунад, мо ором мешинему факат гуш мекунем, ки дар мачлисхо онхо чиро бахсу барраси мекунанд, чи гуна мавзуъхоро барои нашри шомгохи интихоб мекунанд, ки бояд ба кучо биравад, чи гуна  супориш медиханду чи хел тарзи пешниходи мавзуъхо ва хабархоро якчоя фикр мекунанд….

Кас аз озоди, ороми, эхтирохи хамдигари ва андешаронихои озоди кормандони ин ТВ рохат мекунад. Мавзуъхо аз хар кучо — сарчашмахои хабари, коршиносон, тамошобинон, манбаъхои хабарии худашон ва г.  ба ТВ меоянд ва онхоро дар монитори калони толор дидан мумкин аст. Менечери калон ва ё ёрдамчии рохбати идораи иттилоъот якчо бо хайати хабарнигорон онхоро барраси карда, барои тамошобин аз хама шавковару заруриашро интихоб мекунанд ва хабарнигоронро ба хамон чо мефиристанд.

Аммо вакте ки дар идорахои мо мачлис мегуи, тамом, хама зик мешаванд, даррав пурсу пос сар мешавад, ки «чи гап бошад», хама костюму галстук мепушанд ва хатто баъзехо барои он ки «якке уро аз вазифа нагиранд», сари кадам аз мулло ё махсуме тумори гирифта, баъд ба мачлис медарояд….

Ман сохтакорихои худамонро махсусан дар коргоххои эчоди тамоман намефахмам. Чаро мо мисли хамин мардум натавонем, ки фикри хамдигарамонро гуш кунем,  чаро табассум кардан ба суйи якдигар барои мо ор бошад, чаро мо бояд факат супоришхоро ба воситаи хакорату дашному тахдид пешниход кунем,  чаро мо бояд факат «шинос» -у дустони худамонро ба кор гирему пеши хазорхо шунавандаву тамошобин як умр дар хичолат бошем?……

Ва боз инчо хазор чарои дигар «фикр» кардан мумкин аст, аммо ба гумонам,  ки бас аст….

  Изображение 657 Изображение 659 Изображение 661 Изображение 663 Изображение 664 Изображение 665 Изображение 666 Изображение 669 Изображение 670 Изображение 673 Изображение 674 Изображение 675 Изображение 677 Изображение 681 Изображение 682 Изображение 683 Изображение 686 Изображение 688 Изображение 689 Изображение 692 Изображение 694 Изображение 702 Изображение 706 Изображение 712 Изображение 718 Изображение 719 Изображение 732

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: