Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (9)

Имруз дар Донишгохи Теннесси охирин ду вохурии мо баргузор мешавад. Аввали бо доктор Чим Стовалл — устоди фанни журналистика ва муаллифи китоби як электрони баргузор мешавад.

Сухбати мо дар аудиторияи аллакай ошно аз он огоз шуд, ки чи гуна айпадро ба китоб ва манбаи иттилоъот табдил бояд дод? Фахмид, ки Стелла — хамгурухи мо аз Молдова аст, устод аввал дар бораи он накл кард, ки чи гуна устохои молдоваги фарши хонаи уро таъмир карда буданд….   

Охирин китоби доктор Стовалл бо хамин тартиб барои хонандахо пешниход мешавад. Бартарии он хамин аст, ки он китоб маводи аудиои ва видеои дорад, ки бо клик кардан руйи он сахифа кушода мешавад. Яъне, шумо на факат суханони муаллимро мехонед, балки дар холатхои алохида сухбату навори уро метавонд гуш кунеду тамошо кунед. Бояд гуфт, ки дар Амрико китобхои дарси, махсусан барои донишчуён хеле гароннарх -50, 100, 200 ва болотар аз ин хастанд. Аммо ин китоб хамаги 1,99 долларро ташкил мекунад. Айпадро холо дар аксари мактабхои миёнаи амрикои ба хайси манбаъи иттилоъ ва китоби электрони истифода мебаранд. Донишгохи Теннесси барои баъзе мактабхое, ки курсхои журналистика доранд, ин китобро пешниход мекунад. Дарсгузарии ин устод ба ман писанд омад. Масалан, агар устодони макотиби олии мо бо супориши вазорати маориф телефонхоро дар дарс ичозат надиханд, ин устод, баракс, кушиш мекардааст, ки шогирдонаш аз айфон истифода баранд. У гуфт, ки ман аз шогирдонам хохиш мекунам, ки чумлахои асосии лексияи маро твит кунанд, яъне дар шабакаи ичтимоии Твиттер нашр кунанд. Баъди дарс устод ба Твиттер даромада, медидааст, ки дар шарххо ки чи навиштааст?! У мегуяд, ки агар лексия ва ё фикри маро танкид кунанд, ман хафа намешавам, факат бигзор ба галстуки ман нарасанд, ки онро барои ман хамсарам интихоб мекунаду мехарад ва у аз хондани ин навишта хафа мешавад J.

Бартарии китобхои электрони, ки дар айпад чо карда мешаванд, хусусияти интерактиви доштани онхо аст. Яъне, тавре дар болотар гуфтам, онхо аудио, видео ва  тестхои шавковар доранд, ки чихати  тез аз худ кардани мавзуъ барои донишчу кумак мекунанд. Бояд гуфт, ки аввал ин барномаи таълими факат дар айпад мувофикат мекард, аммо холо бошад дар хамкори бо ширкати Эплл барномаи  наве тахия шудааст, ки имкон медихад, хамин гуна китобхо дар компютерхои оди ва телефонхои хамрох низ чо карда шаванд. Дар коркарди ин барнома хатто 6-7 нафар донишчу хам чалб карда шудааст. Вакте  мо пурсидем, ки «устод, ба фикрам ин охирин навгонии илму техника буд ва шумо онро чори кардед. Дигар чи орзу доред?» У гуфт, ки «ман мехостам, хамин гуна барномае фикр карда пешниход шавад, ки робитаи бевоситаи устоду шогирдро хар вакти зарури таъмин кунад» Намедонам, шояд у мехост, ки донишчу хангоми хондани китоб агар чизеро нафахмид, фавран ба воситаи барномае, ки дар он китоб алаакай хаст ба  устодаш занг бизанад ва ё шояд СМС ирсол кунад??? Намедонам,  шояд хамин чиро у дар назар дорад…

Ман пурсидам, ки «пайдо шудани китобхои электрони боиси муфлис шудани ноширон ва матбаъахо намешавад?» У чавоб дод, ки «шояд то чое ба тичорати онхо зарар мерасад, вале бубинед, ки чи кадар ба донишчу, ки объекти асосии захмату кушишхои мо аст, фоида меорад –китобро арзонтар мехарад, сумкаву борхалтаи пури китобро сари китф карда намегардад, хар кучо ки фурсати холи пайдо кард, айпадашро кушода, мавзуъи дилхохашро мехонад ва аз худ мекунад…»

Бояд кайд кунам, ки дар аксари мактабхои миёнаи амрикои курсхои махсус мегузарад. Масалан, курси журналистика. Аксари мактабхо газетаи худро хам дорад, ки онро худи хонандахо нашр мекунанд. Барои хонадахои синфхову курсхои болои холо амрикоихо кушиш карда истодаанд, ки махорати навиштани матнро омузонанд. На ба он максаде, ки хамаи онхо журналист шаванд, балки барои он ки онхо фикри худро дошта бошанд, байён карда тавонанд ва бинависанд. Курсхои журналисти бошад, бехтарин рохи сайкал додани хамин махорат аст! Устод гуфт, ки «онхо аввал кушиш мекардаанд, ки журналистони сохави тайёр кунанд, чунки мухим аст, ки масалан, барои навиштани мавзуъи иктисоди худи журналист саводи иктисоду молия дошта бошад, аммо холо бошад, онхо аксаран ба ин назар будаанд, ки донишчу бояд аз хама сохахо кам-кам маълумоту иттилоъ дошта бошад».  Ба хамин хотир онхо ба журналистони оянда, ки акнун бояд дар газета кор кунанд, мавзуъхои гузоришу хабари радиои ва телевизиони медиханд, барои он донишчуёне, ки асосан барои кор дар радио ва ТВ тайёр мешаванд, супориш медодаанд, ки барои ин ё он рузнома ва ё хафтанома маводи тахлили нависанд.

Саволи дигари ман ин буд, ки «тагир додани барномахои таълими, масалан дар факултаи журналистика то чи хад осону дастрас аст?»  Шумо медонед, ки дар донишгоххои мо ин корро ягон муаллим дар алохидаги карда наметавонад. Онро баъзан факат  вазорати маориф агар хохад дигар мекунад ва иловахоро ба он ворид месозад. Аммо доктор Стовалл гуфт, ки «мо хайати устодон худамон бе кадом вазири маориф барномаи таълимиро ба хамон хадде, ки ба манфиати донишчу ва донишгох аст, иваз мекунем ва дигар месозем. У илова кард, ки «ин амалкарди моро  рохбарияти колеч ё факулта мефахмад, аммо хатто президенти донишгох дар ин бора дарак намеёбад». Вале доктор гуфт, ки «масалан, агар мо ихтисоси нав чори кардани бошем, мо бояд рохбарити донишгохро мутакоид кунем, ки хамин ихтисос даркор асту бояд таъсис дода шавад» Бубинед, ки инчо хам вазорати маориф  ва ё ким кадом сохторхои дигар дахолат намекунанд!!!

Устодону мухандисони факултаи журналистикаи Донишгохи Теннесси метавонистаанд, ки хамин гуна барнома ва китобхои таълимиро барои хатто донишчуёни мо тахия кунанд. Албатта дар хамдасти бо устодони точик! Вале доктор Стовалл дар анчоми сухбаташ бо як чумла кайд кард, ки «новобаста аз дастовардхои пешрафтаи илму техника ва руз аз руз устувор чой гирифтани онхо дар зиндагии мо, холо хатто дар Амрико хам хастанд устодоне, ки чонибдори хамин гуна усулхои пешрафтаи таълими нестанд….»

Вакти хуроки нимаруз фаро расид. Устоди факултаи журналистикаи Донишгохи Теннесси Петер Гросс гуфт, ки у як чойи хуби гизохуриро медонад, ба хамон чо меравем. Ва рафтем ба хамон чо! Аксарияти мардуме, ки гизои солим хурдан мехоханду фарбех шудани нестанд, касалманд шудан намехохад, факат кабуди ва меваву сабзавот истеъмол мекунанд. Аммо ман бошам, дар ду хафтае, ки дар Амрико хастам, ШУРБО-ро пазмон шудаам. Шумо бовар намекунед —  ана хамон шурбои точикиро, ки хар руз дар хонахоямон хаст! Аввал шурбо фармоиш додам. Ним коса. Овард! Он шурбо аз каду ва себ омода мешудааст. Хамин гуна шурборо ман рузи вохури бо Котиби Давлатии Амрико Чон Керри дар ошхонаи идораи у хурда будам! Тамъи хеле хуб дорад. Каду холо дар Амрико фаровон аст. Медонед чаро? Барои он, ки шаби 31 октябр ва 1 ноябр онхо иди Хеллоуинро кайд мекунанд. Дар ин ид онхо кадухои калонтаринро гирифта,  дарунашро мекобанд ва онро мисли машъал ва ё шамъдон мекунанд. Як анъанаи Хеллоуин хамин аст-ку!? Хамон магзи каду, яъне шираву шарбати кадуро онхо чанд вакт пас аз Хеллоуин хам «шурбоча» карда, рохат хам мефурушанд ва хам мехуранд…

Нимаи дуюми руз вохурии мо якбора бо ду нафар доктор Петер Гросс ва доктор Коррел баргузор шуд. Сухбати ин ду нафар хам хеле шавковар буд. Масалан, онхоро сифати журналистикаи муосир, ки дар дахсолаи охир кохидааст, ба ташвиш меовардааст. Онхо дар мавриди накши калиди доштани хабару иттилоъот дар чомеъаи демократи мисолхо  оварданд. Ман аз Гросс пурсидам, ки «устод, шарт аст, ки муаллими журналистика худаш амалан дар ин ё он идора вобаста ба ихтисосаш кор кунад, масалан барномаи радиои ва телевизиони дошта бошад?» У гуфт, ки 60% устодони амрикои факултахои журналистикаро хатм кардаанд, 40% дигарашон аслан ихтисоси дигар доранд. Аммо икрор бояд шуд, ки устоде, ки худаш микрофони радиову камерави телевизионро хис накардааст, кори амали надорад ва хама чизи вобаста ба амалияро эхсос накардааст, хеч гох наметавонад, шогирди хуб тайёр кунад.

Бояд гуфт, ки дар Амрико як кисмати хатмкардахои факултаи журналистика ба хукукшиноси мегузаранд (дар Амрико барои хукукшинос шудан ва ё табиб шудан, бояд аввал як маълумоти донишгохи дошта боши ва баъд аз руйи ин ихтисосхо тахсил куни!). Зеро онхо акнун дар вакти тахсил дар факултаи журналистика нозукихои чамъоварии ахбор, далелу арком ва муоширатро хуб медонанд. Аз миёни шогирдони ин ду устод будаанд нафароне, ки ёрдачии ин ё он сиёсатмадор шудаанд, котиби матбуоти дар  макомоти машхуру мухим хастанд, ташкили «пиар-компания» — хоро ба рох мондаанд…. Аммо дар Амрико шумораи журналистоне, ки дар Сенату Конгресс хастанд, хеле кам будааст…

Шомгохи барои хурдани гизои шом профессор Питер Гросс моро ба хонааш даъват кард. Декани факултаи журналистика, чанд устоди хамин факулта ва шогирдони дигари устод низ дар махфили ошноии мо ширкат карданд. Дилам барои навохтани пианинои кунчи хонаи профессор гум зад. Охангу садои точики он шаб хонаи як устоди амрикоиро пур карду дили худамро холии холи…

https://www.facebook.com/photo.php?v=10151775272305028&notif_t=mention

Хамин гуна буду боши мо дар шахри Ноксвил ба поён мерасад. Ин шахр абади бо кучахои нимахоливу тозаву орому сокит  ва хавои тозааш дар ёди ман мемонад.

Фардо субх, агар насиб бошад, мо бо мошин ба пойтахти иолоти Теннесси –шахри Нэшвилл меравем. Се соата рох аст ин! Як руз ончо мемонему баъд  аз фурудгохи Нэшвил аз руйи масири Нэшвил-Даллас -Портланд  парвоз хохем кард. Дар Портланд, ки шахре борониву муаттар будааст, мо 4 руз нияти зистан дорем. Умедворам, ки киссахои сафари мо аз он шахрхо низ чолиб хохад буд.

Изображение 323 Изображение 328 Изображение 361 Изображение 362 Изображение 455

DSC09787

DSC09695

DSC09666

DSC09418 DSC09426

PS: суратхо аз рузхои гуногуни сафари мо ба Амрико аст.

комментария 2

  1. Хеле хуб иншо кардед. Офарин!

  2. Хеле оли. аз вохури Шумо низ мо манфиат гирифтем. Дар фаъолияти кори худ дар омода намудани маводхои кори худ истифода хохем кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: