Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (8)

Дар муддати чанд рузи сафар мо расман рузхои якшанбе истирохат дорем, аммо дар Ноксвил хамин тавр шуд, ки барои мо ду рузро истирохат эълон карданд. Инчо гурухи панчнафараи мо хама тасмимхоро якчоя мегирад. Хама ба хулоса омадем, ки як рузро барои хариди тухфа ва рузи дигарро барои тамошои Боги Миллии Амрико сипари мекунем.

Субх Умар — ронандаи гурух,  моро то яке аз марказхои калони савдо дар Ноксвил, ки аз маркази шахр дар масофаи 20 дакика рох дуртар аст, бурд. Чойи вохури муайян шуд ва хама дар як муддат аз назди дари магоза ба дарун «бухор» шуданд. Хама чиз хаст – ман бештар шуъбахои кудаконаро тамошо кардам, зеро ба кудаконам «як дунё» бозича ваъда кардаам…

Дар бозгашт аз ронанда хохиш кардем, ки моро ба ягон нуктаи сихкабоб бубарад, дили хама баъди сайру гашт дар магоза гизои хуб мехост. Мо ният кардем, ки онро гирифта, дар мехмонхона мехурем. Нуктае, ки Умар моро ба ончо овард, «Алладин Кебаб» ном дорад. Маълум шуд, ки сохиби он дукон хамшахрии ронандаи мо аст- аз Лубнон! Рохгардиву харакатхои сохиби дукон ба нафаре, ки дар нуктаи тахияи гизои тезтайёршаванда солхо кор кардааст, монанд набуд. Чуссаи пахлавони дорад, дастхо «титу пит» аст….Нигоххои шубхаовари маро фахмидаги барин, маро ба утоки дигаре ки ончо мизу курсихо гузошта шуда буд, рохнамои кард. Дар девори ончо порахо аз газета ва журналхо буду як сурати калони чавони тануманде, ки вакти вазнбардориаш аккоси шудааст. «Анна хамин чавон манам, ин сурат аз Олимпиада аст» -гуфт фурушанда. Хамааш фахмо шуд…

Тавре гуфтам, аз рузе, ки Ноксвил омадаем гайри харду тарчумонамон дигарон хар шом дар хучраи хоби ман чамъ мешаванд. Имшаб низ сухбати мо сари мавзуъоти гуногуни сафар, мукоисакуни ва орзуву хайёлхо буд. Кассе гуфт, ки хатмкардахои барномаи Эдвард Марроу холо макому мансабхои баландро сохибанд ва хатто миёнашон президентхо хам хастанд. Шумо фахмидед, ба гумонам ки аъзоёни гурухи мо чи орзу карданд ?:) Моро рузи дуюми истирохати сафар ва тамошои Боги Милли Амрико интизор аст..

Соати 9 хама боз хам дар даромадгохи мехмонхона чамъ шудем. Рох то Боги Миллии Амрико бо мошин 2 соатро фаро мегирад. Ба ончо расидем. Тартиб дар Амрико аз хама мухим аст: он бог кабулгохи мехмонон, нуктахои фуруш, хочатхонаву обхона ва истгоххои муайяншуда дорад. Хама ба кабулгох ворид шуда, харитаи богро мегирад, хатсайри худаш ва ё гурухашро бо рохбалад мухокима карда, баъд ба рох мебарояд. Имкониятхо васеъ аст инчо – масалан, шумо аз рохи бандхои хавои хам истифода бурда метавонед.

Вориди бог шудем. Хамон чангалхои точики! Фарк факат хамин аст, ки дар чангалхои мо чубу дарахтхои пусида ва шикастаро «фавран» ба хона бурда, алов мекунанд, амрикоихо бошанд, даст намерасонанд — мехоханд, ки табиатеро ки инсон ба он таъсир нарасонидааст, нишон диханд, куху дашту сахрои мо пури партов аст, инчо комилан тоза, фарки дигар хамин аст, ки дар ин чангалзор амрикоихо таги хар дарахт тахтачае доранд, ки ончо номи дарахту чихати манфиатовариаш навишта шудааст, тамоми масир ишорачуб дорад, роххои канори бог хамаги мумфаршанд. Умуман дар чанд шахри амрикоие, ки ман будам,хатто пайрохахои кухи ва рохи миёни дехаву минтакахояш низ мумфаршу хаткашида аст. Хаво дар Ноксвил хеле тоза аст. Ин шояд аз он ки мошинхо хамаги нав хастанд ва гарду дуди дагал надоранд, баргхои дарахтро инчо насузонида, бо тачхизоти махсусе чамъвари мекунанд, дар хама чо сигоркаши манъ аст ва мисли инхо. Хавои Боги Милли хам хеле фораму хушоянд буд. Барои сайру гашти олиави, махсусан  бо кудакон бисёр мувофик аст. Дар бозгашт гизо хурдем. Бояд гуфт, ки дар Амрико «чойпули» хеле васеъ роич аст.Шумо хатман бояд чойпули гузоред — хам дар мехмонхона, хам барои ронандаи такси, хам барои пешхизмат….Киммати факат як хурок якчо бо чойпули худуди 20 доллар мешавад. Ин агар ки шумо хеле сарфакор бошед….

Шабона дар кучахои Ноксвил одам хеле кам аст. Ман инак чанд руз аст, ки хайрон мешавам: одамон дар кучо зиндаги мекунанд? Чаро мисли мо шомгоххон дар кучаву роххо ва дами дари бинояшон кудаконро сар дода намешинанд? Барои ман бошад, хамин гуна ба назар мерасад, ки роххои ин шахри амрикоиро барои «мехмонони Департаменти Давлати» тозаву озода кардаанд, то гашту гузори шабонаашон рохат бошад. Ва мо хамин тавр хам мекунем….

Ман рузи гузашта ваъда дода будам, ки баъзе мушохидахоямро вобаста ба Амрико ва шахрхои он менависам. Ва инак, чанде аз  он мушохидахо:

  • Дар Ноксвил мошинхо  як раками кайди давлати доранд, ки дар кафои мошин аст;
  • Дар раками мошинхо мансубатияти мошин ва ронанда ба ин ё он штат навишта шудааст. Масалан, дар ракамхои мошин дар Ноксвил  — «Knoxville» навишта шудааст;
  • Инчо кисме аз кормандони идорахои сухторхомушкуни, ихтиёри ва ё волонтёрхо хастанд. Барои корашон хакки захмат талаб намекунанд!
  • Кормандони ба кавле «БДА»-ро намебини. Пулис хам шуморо бе сабабе манъ намекунад ва вактатонро намегирад;
  • Дар Амрико когазу кошуку чангаку куттичахои якбор истифода шаванда барои кахва ва чой нихоят зиёд истифода шуда, партофта мешаванд.
  • Амрикоихо барои хар иду чашн гайри расми парчами алохида доранд, аввал парчами Амрикоро овезон мекунанд, баъд парчами штати худро баъд парчами коргох ва ё хамон иду чашнро (масалан, парчами тобистон ва ё бахор);
  • Дар магозахо хангоми харидории сигор ва машрубот агар ба сину солатон шубха кунанд, хатман аз шумо шиноснома мепурсанд;
  •  Дар ошхонаву ресторанхо нонро хеле кам мехуранд, баъзехо умуман намехуранд; …

 DSC09873 DSC09789 DSC09796 DSC09797 DSC09807 DSC09809 DSC09812 DSC09822 DSC09823 DSC09824 DSC09828 DSC09829 DSC09830 DSC09833 DSC09836 DSC09842 DSC09843 DSC09846 DSC09853 DSC09857

DSC09861 DSC09862

DSC09820

Моро фардо ду лексия дар Донишгохи Теннесси, вохури бо донишчуёни амрикои  дар маркази дастгирии демократия ва хуроки шом дар хонаи Профессори факултаи журналистикаи Донишгохи Теннесси Петер Гросс интизор аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: