Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (6)

Шаб борхалтаи сафарамро омода кардам.  Субх мо аз Вашингтон ба иолоти Теннесси ба шахри Ноксвил меравем. Моро мошине, ки чанд  руз дар ихтиёри мо буд, ба фурудгохи ба номи Рональд Рейган овард. Ончо барои ба расмият дарории бор ва гирифтани талони нишаст, хар кас худаш аз дастгоххо истифода мебрад. Хама чиз ба тадрич автоматики ва худкор мешавад. Пахлуи хуби ин амал он аст, ки накши одам хар кадар камтар шудан гирад, хамон кадар порагириву муносиботи нохуб камтар мешавад.  Тасаввур кунед, агар мо хам хамин гуна сабти борхоямонро ба воситаи тачхизот ва бе кормандони фурудгохи Душанбе анчом дода метавонистем, холатхои ногувор тамоман рух намедод.  Мо борхалтахоямонро супорида аз назорат гузаштем ва акнун кариб як соат бояд мунтазири парвоз мешудем. Фурудгохи ба номи Рейган дар Вашинтон ба назарам ки аз Фурудгохи Душанбе калонтар аст. Wi-Fi ин чо интизориро осонтару сабуктар мекунад….

Моро ба тайёра даъват мекунанд. Аз боло Вашингтону атрофии он ва рохи расидан то Ноксвилро тамошо мекунам. Барои ман хама чиз ачоиб аст, тозагии талу теппа ва кучахову чангалхоро хатто аз боло хам мушохида кардан мумкин аст, аксарияти хавлихо мисли хавлихои точики деворхои се метра надоранд –онхо умуман девору симхор надоранд. Хаёл кардам ки тайёраи мо каме дурушттар фуруд омад. Чи нуксоне буд, ки ман онро харакатхои ягона стюардесса эхсос кардам. Мухим хамин буд, ки саломат ва безарар фуруд омадем.

Моро профессори Донишгохи Теннесси Петер Гросс пешвоз гирифт ва то мехмонхона рохнамои кард. Ронандаи мо акнун Умар ном  дорад ва аслан зодаи Лубнон аст. У хатто чанд мох дар асорати гуруххои силохбадаст монда, баъди озоди тарки ватанаш кардааст. Як замон «шэф -повар» акнун ронандаи мусофиркаш аст.

Мехмонхонаи Croune Plaza дар маркази шахри Ноксвил чойгир аст. Утоки 610 дар ошёнаи шашуми ин мехмонхона мисли утоки мемхмонхона дар Вашингтон аст. Хама чиз дорад. Кахвапазак хаёлам, ки тачхизоти аз хама мухим аст…

Ноксвил шахри калон нест. Хамаги худуди 175 хазор ахолии дорад. Но́ксвилл (англ. Knoxville) — ба шарафи Генри Нокс –вазири харби дар кабинаи Чорч Вашингтон номгузори шудааст.  Моро дар ин шахр чанд вохурихо, тамошои шахр ва Боги Милли Амрико ва лексия дар Донишгохи Теннесси интизор аст.

Аммо то фардо фурсат хаст ва мо аз ронанда хохиш кардем, ки моро то ягон магозаи наздиктарин бубарад, то барои субху шом гизо бихарем. Гузашта аз ин ва мухимтар хамин буд, ки зодрузи хамгурухамон Полина Химшиашвилиро аз Маскав, ки рузи гузашта буд,  мо «расман» хамин шаб кайд мекунем. Чизи барои ман таачубовар дар магозахои Амрико сифати хуби маводи гизо ва махсусан меваву сабзавот аст. Тоза, бе нукс, салафанпеч, хушнамуд….Чизи дигаре, ки дар Амрико ба ман писанд омад хамин аст, ки ончо сари хар кадам Парчами Амрикоро мебини. Маълум аст, ки мардум ватанашонро сидкан дуст медоранд, бо парчам ифтихор мекунанд ва хар лахза гумонам дидани он хамин мухаббату садокашонро бештар мекунад.

Шаб дигаронро ба утоки худам даъват кардам, то зодрузи Полинаро кайд кунем. Бояд гуям, ки дар Вашингтон мо хамин гуна фурсат пайдо накарда будем, ки дар як хучра чамъ шуда,сухбат кунем. Шояд сабаб он буд, ки хонахои хоби мо дар ошёнахои гуногун буд.  Дар Ноксвил акнун хамин чиз ба мо даст дод. Чандин сафаре ки ман ба хар кучои олам доштам, бо хамин ба хотирам накш бастааст, ки хонаи хоби ман дар мехмонхона мехмонхонаи аъзоёни дигари гурухамон буд. Ман барои хама аъзоёни гурух ва ду тарчумонамон тухфахои аз Душанбе бурдаамро супоридам. Тухфахои хотирави ва сангхои ороишии Точикистон дар шохкории хунармандони ширкати «Рухом» барояшон хеле писанд омад. Хулоса, он шаб бо навову таронаи точики, ки дар компютери ман буд, бо «парфишони»-и парчами Точикистон ки болои мизи кориро зеб медод, дар хучраи хоби ман то дергох сухбат кардем.   Сафари мо ба Ноксвил ба рузи Хэллоун рост омад. Имшаб чавонони ин шахр ид доранд. Мо низ шабона каме дар кучахои ин шахр кадам задем.

Фардо моро вохури бо донишчуёни факултаи фурналистикаи Донишгохи Теннесси интизор аст. То фардо…

DSC09759 DSC09694 DSC09698 DSC09720 DSC09730 DSC09740 DSC09749

DSC09752

DSC09704

DSC09793

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: