Душанбе — Вашингтон (5)

Имруз мо дар Департаменти Давлати вохури дорем.  Бо дипломати №1-и амрикои — Котиби Давлатии Амрико — Чон Керри! Дар ин вохури хама журналистоне, ки аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу ба Амрико даъват шудаанд, ширкат мекунанд. Вуруд ба Департаменти Давлатии Амрико мисли хама сохтору коргохи мухими дигар, хеле чидди аст. Мо хамрохамон шиноснома  дорем. Иловатан номи моро аз руйхати даъватшудахо кофтаву пайдо мекунанд. Баъди ин аз «сканер» гузашта, вориди ин идораи амрикои мешавем. Баъди хамаи ин чараён моро ба толори ба кавле «интизори» рохбалади карданд. Ончо чойи гарму кахва буд. Сухбат сари мавзуъхои гуногун бо намояндахои давлату кишвархое, ки баъзеяшонро мо факат дар харита мехондем, гарм шуд. Ман инчо хам хичолатзада хастам – забони англисиро ба хадди муоширати озод намедонам! Хама дар даст як кути чой ва ё кахва дорад. Айнан хамин гуна куттичахои кахва ва чойро шумо дар Вашингтон сари хар кадам дар дасти мардуми рохгузар мебинед. Онро аз кахвахонаву ошхона ва хатто аз дастгоххои худкори канори роххо хам гирифтан мумкин аст.   

Ба яке аз толорхои калони Департаменти Давлати ворид мешавем. Баъди он ки коидахои умумиро дар мавриди суратгирии Котиби Давлати гуфтанд, у ба толор ворид шуд. Ман дар чанд вохурии дигар хам хис кардам, ки рови ё гардонандаи махфил пештар аз он ки ба касе сухан бидихад, хатман каме аз зиндагиномаи у накл мекунад, хаводиси мухимтарини хайёту фаъолияти уро байён карда, баъд минбарро ба ихтиёраш мегузорад.  Сухбати Чон Керриро хамкасбони мо бо шавк гуш карданд. У барои мо худи Марроу ва корнамоихои уро дар замони чанг мисол овард.  Бояд кайд кунам, ки  барномаи сафари мо номи уро дорад. Се савол аз чониби журналистони гуруххои гуногун пешниход гашт. Баъди рафтанаш ба саволхои дигар котиби матбуотии Керри –хонум Эван М. Раян  посух гуфт. Гурухи мо – яъне гурухи руси, вобаста ба муносиботи Русия бо кишвархои пасошурави, Иттиходи Гумруки ва пайомадхои он саволе дар миён гузошт. Чавоби чаноби Керри  каноатмандкунанда буд. Баъди он, ки котиби матбуотии у низ ба саволхои сершумори журналистон чавоб гуфт, ба минбар Марали Щварц – ёрдамчии  собики мухаррири «Вашингон пост» даъват карда шуд. У шорехи сиёси аст. Вале новобаста ба ин хис кардам, ки баъзе хамкасбони мо аз кишвархои гуногун саволхое пешниход  мекарданд, ки аслан дар доираи салохияти он бону набуд. У «як бало карда», ба он саволхо чавоб мегуфт.

Вакти хуроки нисфирузи шуд. Моро ба ошёнаи 8-ум даъват карданд. Толори кабули дипломатии ба номи Бенджамин Франклин! Хама чиз бо стили асри 18 аст инчо! Мебелхо аз солхои 1750 то 1825 аст. Хеле зебо ва хануз хам замонави. Барои онхое, ки сигор мекашанд, дар балкон чойи махсусе будааст. Онхое, ки дар кишвари худашон факат деворхои вазорати корхои хоричиашонро дидаанду халос, дар ошёнаи 8-уми  бинои Департаменти Давлатии Амрико истода, дуди сигорро ин суву он су «пуф» мекунанд….

Бояд гуфт, ки холо дар Амрико сигоркаширо ба тадрич махдуд мекунанд. Масалан, дар тарабхонаву мехмонхонахо дигар умуман сигор кашида намешавад. Мехмонхонае, ки мо истикомат дорем, 10-15 метр дуртар аз даромадгохаш куттихоро барои хокистари сигор гузоштааст, ки хатман бояд дар ончо истода сигор бикаши!

Дар толор хар гурух сари мизи барои онхо чудошуда нишаст. Ман ба пешхизматхо нигариста, аз тарчумон –Леонид пурсидам, ки «чаро ин гуна муйсафеди пирро ба хайси пешхизмат мегиранд, намешавад, ки духтарони зебо ва чавон дар ин макоми хеле ба обруи Амрикои пешхизмат бошанд?». Баъди чавоб дарк кардам, ки хамоно андешахоям  махдуд асту дар доираи хамон ошхонаи ГЖК фикр мекунам. «Инчо сину сол сабабгори  рад шудани номзадии шумо намешавад, дискриминатсия аст ин, агар факат ба хотири сину солаш уро ба кор нагиранд. Ту дар Амрикои, Субхон!»

Ба худам гуфтам, ки «Бобои Леонид, охир агар дар Душанбе пешхизмати тарабхона  духтари либосхои тангу тури пушидаи сафедаку хушруяк набошад, касе ба ончо намеравад-да….Ними мардумро хамон пешхизматхо чалб мекунанд.»

Дар фосилае, ки хурок мехурдем, аз сафорати Точикистон дар Амрико ба телефони тарчумони мо  занг заданд ва гуфтанд, ки агар «Субхон мехохад, ки каблан дар Интихоботи Президенти Точикистон ширкат кунад, то соати 17 метавонад ба сафорат биёяд».  Мо дируз бо  онхо сухбат доштем ку…Баъди нимаруз вохурии мо дар Департаменти Давлатии Амрико бо чанд нафар аз журналистони ботачрибаи амрикои  баргузор шуд. Хеле тавсия ва пешниходи чолибро дар ихтиёри мо гузоштанд. Баъзехо маротибаи дуюму сеюм барои пешниходи савол аз чо бармехестанд…

Ончо хама имкон дошт, ки сухбат кунад, савол бидихад, нуктаи назарашро баён кунад….

Соат аз 16 мегузарад. Мо аз бинои Департамент берун шудем. Чун зодрузи яке аз хамрохони мо  — Полина (газетаи Ведомости, Маскав) буд, аз дами дари иловагии  даромадгохи  он бино хостам, ки барояш як гулдаста бихарам. Наздик шудам. Марди тахминан 60 солае гул мефурухт. Чехрааш гарм ба назар мерасид. Ман ки бо Наира –хамгурухам аз Арманистон руси харф мезадам, боиси таачубаш шудам ва бо англиси пурсид, ки «аз кучо мешави, аз Маскав?». Ман гуфтам, ки «не, аз Точикистон!»

«-О, хамшахр, биё мисли бародар салом кунем, ки ман эрони хастам ва кариб 35 сол аст мукими Амрико хастам…». Мо ба суйи хамдигар огуш кушодем…

Мошине, ки дар ихтиёри гурухи мо аст, маро то дари сафорати Точикистон дар Амрико бурд. Дар Амрико кучахо бо харфхо ишора мешавад L, J, F ва гайра. Маро кормандони сафорат кабул карданд. Баъд ба ошёнаи дуюм даъват шудам. Парчами точики, адабиёти точики, гулдузиву сузании точики, чехрахои точики, буйи точики….

Чаноби сафири Точикистон дар Амрико Нуриддин Шамсов маро хеле гарму точикона истикбол гирифт. Чанд дакика сухбат хам кардем. Баъд ман ба ошёнаи аввал фуромада, варакахои интихобро гирифтам. Номи ман имсол дар руйхати онхое, ки дар Вашингтон овоз медиханд, якуми якум аст! Бо риояи тамоми талаботи интихобот ман ба хучраи алохида гузашта овоз додам. Мо фардо аз Вашинтон ба шахри Ноксвили иолоти Теннесси, аз ончо ба шахри Нэшвилл меравем. Баъди чан друз ба шахри Портелнди иолоти Орегона хохем рафт. Вакте ки ба Ню Йорк меравам, алакай 12 ноябр хохад буд. Яъне, барои ман ин фурсати ширкат дар мухимтарин маъракаи сиёсии Точикистон хеле кулай ва мувофик аст. Гузашта аз ин пешаки ширкат кардан дар интихоботро бо сабабхои узрнок конунгузорихои чории кишвари мо манъ накардааст.

Дар кучахои Вашингтон кадам мезанаму саду як орзуву хайёл мекунам. Шукри Худованд, ки имкони сафару чахон диданро барои ман насиб гардонидааст, шукрона, ки Ватани ман ободу осуда аст (ман киссахои талхи кору зиндагии журналистони Афгонистон, Покистон, Ирок, Сурия ва Лубнонро, ки дар хамин сафар хамрохи мо хастанд,  шунида, дахшатзада мешудам!), шукр ки мо ватани ободу зебову бихиштосо дорем, шукрона, ки метавонам сафар кунаму донишу тачриба омузам ва хар вакте ки хостам, канори волидону пайвандон ва зану баччахоям баргардам….

   DSC09692 DSC09644 DSC09646 DSC09649 DSC09652 DSC09654 DSC09655 DSC09657 DSC09659 DSC09661 DSC09667 DSC09676 DSC09685 DSC09688 DSC09690

Один ответ

  1. Рахмат акаи Субхон. Бо хондани хотирахои Шумо Вашингтонро дидаги барин мешавам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: