Душанбе-Вашингтон (4)

Кам-кам ба боду хавову зиндагии Вашингтон одат кардам. Дигар дар вохурихо хоб бар ман галаба намекунад, пазмонии ман низ ба тадрич пир мешавад…

Ин субх ман дар ресторани мехмонхона хурок нахурдам. Барвактар бедор шудам ва рафтам ба кучаи шафати мехмонхона. Инчо аксарияти онхое, ки ронандаи такси хастанд ва дар хамин гуна кахвахонаву ошхонаи сарирохи кор мекунанд, мухочирони кори аз Шарки наздик ва ё афроамрикоиву африкои хастанд.  Баъди хуроки сахари моро ба идораи Фридом Хауз ё худ Хонаи Озоди бурданд. Махз хамин созмони гайритичорати рейтинги озодии матбуотрову  кишвархоро хама сола нашр мекунад. Махз хамин созмон инак чандин сол аст, ки Точикистони азизи маро кишвари аз чихати   андешаву баён  ноозод медонад.  Моро дар идораи ин созмон як гурух чавонон пешвоз гирифтанд, ки аксарият аз кишвархои пасошурави буданд ва хамаашон забони руссиро медонистанд. Маро дар кабулгохи ин созмон токии зардузии занонаи точики ва токии чоргули мардонаи точики хайрон кард. Хатто кам-кам хичолат хам кашидам, ки барояшон чизе сирф точикона наовардам.   Сумкаам пури парчаму «мангит»-у дарахтои сангии Рухом аст🙂  Харчанд маълум аст, ки барои ин онхо соли оянда кишвари маро озод хукм намекунанд. Ба хар сурат ман бо он токии точики акс гирифтам ва маро барои сухбат ба утоки дигаре даъват карданд. Хонаи Озоди созмонест, ки факат буччааш 35 миллион доллар аст. Аз руйи чадвали амрикои ин созмон аз чихати молияви бузург дониста мешавад. 

 

Чи гуна рейтинги озодии матбуот муайян карда мешавад? Онхо чадвал доранд: кишвархои ба хиссаи аввал ворид аз чихати озодии баён ва андеша комилан озод дониста мешаванд. Дар сархати ин руйхат кишвархои комилан озод Норвегия, Швеция, Бельгия, Финландия ва Нидерландия меистанд. Зинахаои охиринро дар ин руйхат  — Белоруссия, Узбакистон, Куриёи Шимоли ва Туркманистон ишгол мекунад. Точикистон дар зинаи 79 карор дошта тамоман ноозод дониста мешавад. Дар рейтинг кишвархо бо се ранг ифода мешаванд- комилан озод, нисбатан озод ва тамоман ноозод. Аз чойи 66 то 100 тамоман ноозод дониста мешавад. Дар созмони Хонаи Озоди дар мачмуъ 150 нафар кор мекунад. Аз 35 миллион доллар бучаи ин созмон 85% маблагхо давлати буда бокимонда сахми созмонхои хайрхох ва шахсони алохида аст. Шояд барои шумо хам шавковар аст, ки чи гуна ин рейтингро муайян мекунанд? Тахминан чунинн аст: Онхо дар хар кишвар эксперт ва ё коршиноси худро доранд, ки у баъзан махфи кор мекунад ва маводи гуногунро аз ВАО-и ин ё он кишвар чамъ карда ба идораи асоси ба Вашингтон мефиристад, дар инчо бошад, онро коркард ва санчиши дубора мекунанд. Аз руйи натичаи маводи ин коршинос ва хулосаи худи мутахасисони марказ рейтинги озодии кишвархо, матбуот ва андешаи мардуми кишвархои гуногун муайян карда мешавад. Мо пурсидем, ки барои мисол шумо фалон кишварро ноозод гуфтед ё хукм кардед, баъд чи мешавад? Ин хукму рейтинги шумо то кучо метавонад барои он кишвар таъсири нохуб расонад?  Маълум шуд, ки ин рейтинг барои гирифтани баъзе тасмимхо дар мавриди кумакхо, грантхо ва лоихахои нави Амрико дар он минтака мусодат мекардааст. Ман дар хама вохурихо кушиш мекунам, ки саволхои шавковар ва даркориро бидихам. Дар ин вохури низ ман чанд савол пеш гузоштам. Хамрохони ман шубха карданд, ки чун сарвари имрузаи ин созмон собик корманди Департаменти Давлати аст, фикри у то чое рад намешавад ва хар чиз, ки у гуфт хамон мешавад.  Аммо бачахову духтарони чавони ин созмон моро бовар кунонданд, ки ин тавр нест. Ба хар сурат инчо Амрико аст ва дар Амрико хар як шахрванд хукуки интихобу андешаву акидаи озодро доро аст.  Хамасола вакте ки маърузаи ин созмон нашр мешавад вокеъан хам аксари кишвархо онро як бор мехонанду тамом, дигар ба ёди касе намерасад. Ман пурсидам, ки шумо дар баробари рейтинг ва «хукм»-атон боз чи тавсияхоро дар ихтиёри кишвархо мегузоред ва то чи андоза хамон тавсияхоро мардуми одди мешунаванд ва дастрас мекунанд? Онхо икрор шуданд, ки вокеъан хам дар маърузахояшон тавсияхо нест, вале дар анчоми  баъзе лоиха ва барномахо тавсияхои муфид барои кишвархо чихати расидан ба озодии байён ва акида пешниход карда мешавад.Хамсухбатони мо бо таасуф мегуфтанд,ки имрузхо шумораи аз хама зиёди хабарногорони махбуси дар Туркия ба кайд гирифта шудаанд. Шумораи махбусони турки хатто аз шумораи журналистон махбусии тамоми Аврупо дар якчояги низ бештар будааст. Ин созмон вобаста ба хифзи хукуки журналистон низ баъзе корхоро ба анчом мерасонидааст. Масалан,  онхо метавонистаанд, ки барои ширкат дар рафти тафтиш ва мурофиаи суди намояндаи худро ба ин ё он кишвар бифиристанд. Аммо дар руйхати сафед чой гирифтани кишвархо асос барои катъ кардани кор бо онхо намешудааст.  Масалан, Киргизистони хамсояи мо  аз суйи Фридом Хауз кишвари аз чихати ибрози акида ва андеша озод дониста шудааст, аммо ин созмон татбики лоихахаои гуногунро дар худуди он кишвар идома медихад.  Фридом Хауз шурои сарварон хам доштааст, ки худуди 40 нафарро муттахид мекунад. Яъне, максади хамсухбатони мо аз овардани ин далел он буд, ки гуфтанианд- Директор ё рохбари онхо наметавонад дар хулосабарорихо позитсияи худро дикта кунад.

Вохурии дигари мо дар Маркази байналмиллалии Меридиан буд. Мо  бо Президенти «Кэпитал коммьюникейшн групп, Инк»  Акрам Илёс сухбат доштем. Мавзуъ хеле фароху шавковар буд – тафсири идоракунии давлати дар Иёлоти Муттахидаи Амрико, чараёни кабули карорхо, накши чомеъаи шахрванди ва мисли инхо. Акрам Илёс мутахасиси масоили байналмиллали аст. У бештар аз 25 сол аст, ки дар ин самт кор мекунад. У барои мехмонони Амрико дар мавзуъхое, ки болотар гуфтам брифинг баргузор мекунад. Тули фаъолияташ Акрам Илёс ба чехрахои шинохтаи олам, ки мехмони Амрико буданд ва хам ба хатмкардахои курсу барномахои гуногуни амрикои дар мавзуъхои федерализм, таксими хукумат, волоияти конунхо, системаи мустакили суди, сиёсати хоричии Амрико, сиёсати иктисоди ва тичоратии ин кишвар, чомеъаи шахрванди ва накши он, накши ВАО дар чомеъаи озод, занхо дар тичорату сиёсат, хукуки журналистон вобаста ба банди якуми Сарконуни Амрико маъруза хондааст. Сухбати ин нафар барои хамаи 5 нафар аъзои гурухи мо таасурроти амике гузошт. У то ин хад ба мавзуъ фуру мерафт, ки хатто аз чояш бармехест ва бо харакатхои дасту пой максадашро фахмотар мекард. Маълум аст, ки истеъдоди чалб кардани тавччухи хамсухбатонро дорад.

Дар Амрико хама гуна икдому ташаббус аз чониби чомеъаи шахрванди сурат мегирад. Чомеаъи шахрванди аз ВАО на рохи зиндагиро нишон додан, балки балки иттилоъ мехохад. Маълумот дар бораи фаъолияти Хукумат ва сохторхо ки барои бехтар кардани зиндагии мардум аз хисоби андозхои худи онхо фаъолият мекунанд.  Мардум бояд донад, ки Хукумат чи гуна конуну карорхоро кабул мекунад, ки онро кабул мекунад, дар кадом шуъбаву кумита он барраси ва мукаммал мешавад…..ва мисли инхо. Яъне, то чое тадкикоти Хукумат.  Мувофики конунхои амрикои хукуматдорон вазифадоранд, ки дар дилхох фурсат ахбори барои чомеъаи шахрванди шавковар ва заруриро ба воситаи ВАО дар ихтиёри онхо гузоранд.

Се нукта ва банди мухиме вобаста ба озодии инсон дар Амрико хаст, ки асоси хама озодихоро ташкил мекунад:

 

  1. Озодии байён. Дар Сарконуни Амрико омадааст, ки Хукумат наметавонад, конун ва карореро кабул кунад, ки озодии баёну андешаро махдуд кунад. Махз бо хамин хотир, дар Амрико наметавонанд, як мардеро китоби мукаддаси дини дигарро сузонидани мешавад,чазо бидиханд. Чи мекуни дигар? У хукук дорад, ки андеша ва мавкеъашро озодона байён кунад ва муайян созад.

 

  1. Озодии дини. Хамсухбати мо накл мекунад, ки «агар ман хамин руз хохам, ки як дину созмони диннии навро бо номи ЛА-ЛА-Ла ташкил кунам,  рохат ин корро анчом медихам». Мардум аз нигохи дин ва ойин хам хеле озод хастанд.

 

  1. Озодии созмону ташкилот. Дар Амрико ташкили созмону ташкилот, махсусан агар гайритичорати аст, ба кавли мардуми мо «ду карат ду аст».  Барои ин ягон хел ичозатнома аз Хукумату кумитаву шуъбаву агентиву…ким кучои дигар даркор нест. Вале агар он тичорати асту буча дорад, дар ду соат ба воситаи Интернет сабти ном карда мешавад ва Раками Мушаххаси Андозсупоранда мегирад. Харчанд дар Амрико накшаи панчсолаву дахсола нест, аммо масъалаи андозхо чидди аст. Мардум низ худашон ба ин самт таваччухи хосса доранд. Чизи дигар шавковар хамин аст, ки дар Амрико хама сарвату дороихои табии дар ихтиёри сектори хусуси аст. Заамин аз они ту аст, таги замин хар чиз, ки хаст онро ту коркард мекуни, ба даст меори ва пешниход мекуни….Дар Амрико ВАО хам давлати нест,  аксарият тичорати хастанд. Ва хам хукумат наметавонад барои нашри чизе монеъа шавад ё ба воситаи кадом сохтораш талаб кунад, ки фалон мавод бояд нашр карда шавад.

 

Чизи дигар барои ман шавковар ин систами судии Амрико буд. Инчо судяхои федеролиро барои як умр интихоб мекунанд ва онхоро барои ин ё он хукми содиркардаашон аз вазифа намегиранд. Хамин мустакилият онхоро гумонам аз вобаста будан аз касе  ва ё чизе халос мекунад. Дар холати марги судяхои федероли Президент номзадашро ба Сенат пешниход мекунад. Яке аз кумитахои Сенат пурсиши он номзадро мустакиман анчом медихад. Чизе мисли «имтихон».  ВАО инро инъикос мекунад. Баъди ин овоздихии кушода сурат мегирад. Агар он номзад натавонад, ки овозхои заруриро ба даст биёрад, Президент мачбур мешавад, ки номзади дигар ёфта пешниход кунад.

Конунгузорихои хама 50 штати амрикои аз хамдигар фарк мекунад. Чанд самти асосие хаст, ки онро Хукумати Федероли идора мекунад, масалан — мудофиа, сиёсати пули ва сиёсати хоричиро.  Дар дигар холат хар иёлот сарконуни худро дорад ва санадхои гуногуни фарккунандаи хукукиро ба имзо расонидааст, ки мардум аз руйи он зиндаги ва кор мекунанд.  Барои мисол, дар Калифорния истифодаи марихуана бо максади тибби мувофики конунгузорихояшон ичозат дода мешавад, аммо дар Колорадо конунгузори истифодаи марихуанаро барои хамаи максадхо ичозат медихад. Ё мисоли дигар, Губернатори Теннеси. Он нафар барои садокат ба Сарконуни хамон шатии худаш касам ёд мекунад. Хар губернатор маъмурияти худро дорад, департаменти худро дорад ва хама хуччатхо ончо мухр гузошта мешавад.  Аммо сиёсати мухочиратро хар штат наметавонад, ки алохида ё мустакилона аз хукумати федероли пиёда кунад. Гумонам, ки шумо хам фахмидед,барои чи?

Аз руйи хисобхое, ки хамсухбати мо овард, 12 % коидавайронкунихо вайрон шудани конунгузорихои федероли ва боки 88 %-дигар вайронкунии конунхои штатхо аст. Хар штат иловатан макомоти судии алохида ва хатто бучаи алохида дорад. Тасаввур мекунед? Андозхо низ хамчунин аз хамдигар фарк мекунанд.

Конгресс, ки холо аз руйи шумора 113 ум аст, мисли парлумони кишвархои пасошурави конунбарор нест ва он дар зарурат пароканда карда хам намешавад. Хар штат вобаста ба ахолиаш ончо намоянда дорад. Хар иолот ба Сенат ду намоянда мефиристад. Конгресс ва Сенат мисли палатаи боло ва поён набуда, балки баробархукук хастанд. Агар Конгресс ва Сенат ичозат надиханд, касе наметавонад, хатто 1 долларро аз буча сарф кунад. Аммо Президент дар Амрико хукуки веторо дар даст дорад.

Дар Амрико имрузхо худуди 2000 газетаи харруза, 12 хазор хафтанома ва мохнома интишор мешавад. Мардуми Амрико асосан ба ахбори махалли ва ба кавле дохили бештар таваччух мекунанд. Масалан, дар ТВ блоки Ахбори чахон хеле кутох аст ва хатто дар баъзе ТВ -хо умуман нест.

Ман дар ин вохури хам кушиш кардам ба коршинос Акрам Илёс чанд савол пешниход кунам. Саволхои ман вобаста ба сиёсати мухочирон, системаи суди ва оилави кардани рохбари буд. У фахмид, ки ман оилахои Кеннеди, Клинтон ва Бушро дар назар дорам. Аз чавоб ба саволи сеюм фахмидам, ки инчо мухимтар аз хама худи шахс — шахрванд, инсон меистад. Бовари ба хар номзад дар хама гуна интихоб халкунанда аст. Яъне, мисли мо агар як аъзои оила бароямон кори нохубе кард, инчо кулли авлодро бад намебинанд.

Системаи мухочирати амрикои чидди аст, аммо на ба он тарзе, ки мухочирон чун фишанг истифода шаванд, онхоро лату куб кунанд, берахмона аз кишварашон пеш кунанд ва катораву воситахои наклиёташонро бишикананд. Тавре болотар навишта будам, дар Вашингтон, ки инак чанд руз аст карор дорам, кариб хама ронандахои такси ва ходимони нуктахои гизо ва хуроки умуми мухочирони кор хастанд. Ин чо пури сайёху донишчуву мехмон аст, ки хамагиро муносибати хуби мардум ва макомот хайрон мекунад.

Вохурии сеюми мо дар Департаменти давлати сурат гирифт. Хамсухбати мо аз руйи ихтисос журналист буд ва хеле озоду шавковар сухбат мекард. Мо имруз дар рохраву утокхои Департаменти Давлатии Амрико гуё «машк» кардем, зеро пагох моро махз дар хамин чо вохури бо Котиби Давлатии Амрико чаноби Керри интизор аст…

Тавре дируз навишта будам, ният кардам, ки ба сафорати Точикистон дар Амрико меравам. Тарчумони мо ба ончо занг зад ва максадро фахмонд:  «ким кадом Субхон Чалилов аз радиои «Ватан» холо дар Вашингтон буда, мехохад аз хукуки конститутсионии худ истифода бурда, каблан дар Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ширкат кунад!»  Баъди маро шинос кардани тарчумон гуширо ман гирифтам ва сухбат кардам. Хулоса, маро фардо дар сафорати Точикистон дар Амрико интизоранд. Ура –аааааа!

Чун  каме вакт то шом доштем, якчоя ба осорхонаи санъати тасвирии Амрико рафтем. 27 осорхонаи Вашингтон бупул аст.  Медонед-а? Агар не,  ман ягон рузи дигар накл мекунам, ки чаро чунин аст!  Дар ин осорхона ман наменависам, ки чи шуду чи дидам. Шуморо ба тамошои ин намоишгох даъват мекунам. Дар зер суратхо аст, мархамат, тамошои хуб!  Киссаи рузи панчуми сафарро пагох интизор шавед…

DSC09548

DSC09550

DSC09552

DSC09556

DSC09565

DSC09583

Копия DSC09592 DSC09587 DSC09588 DSC09589 DSC09591 DSC09592 DSC09594 DSC09595 DSC09598 DSC09600 DSC09601 DSC09602 DSC09604 DSC09605 DSC09606 DSC09608 DSC09611 DSC09612 DSC09613 DSC09614 DSC09616 DSC09619 DSC09620 DSC09622 DSC09628 DSC09629 DSC09630 DSC09634 DSC09637 DSC09638 Копия DSC09598 Копия DSC09588

Один ответ

  1. Беҳтарин. Интизори серияи панҷум ҳастем…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: