Душанбе -Вашингтон (2)

Рузи дуюми сафари ман аст. Нимхобу нимбедор гузашт. Баъди хуроки сахар моро мусофиркаш ва гид (рохбалад) Игор Ирхо интизор буд. Бо рохи назди мехмонхона руболо рохи шудем. Бинои Бонки чахони ва Сандуки Чахонии асъорро дидем. Дар маркази Вашингтон бинохои кухнае боки мондааст, ки дар хамоханги ба он бинохои замонави сохтаву онро вайрон накардаанд. Махз хамин чиз таваччухи сайёхонро ба худ чалб мекунад. Рохе, ки суи Касри Сафед мебурд, банд буд. Тарчумон гуфт, ки мутаасифона мо Касри Сафедро аз наздик дида наметавонем. Аз рохи дигар мо ба кисмати поёнии ин бино наздикии як манорае омадем, ки ба хотири Вашингтон сохта шуда, 555 мил баланди дорад. Рохбалади мо таърихи Амрикоро хуб медонист. Хамгурухи мо аз Молдова –Стелла касеро дар миёни анбухи одамон пайдо кард ва аз у чанд даъватнома гирифт, ки мо акнун бо он хукук доштем, ки вориди хавлии Касри Сафед шавем.

Маълум шуд, ки соле ду карат хамин гуна вохурихо ва сайёхат дар хавлии бинои Касри Сафед ташкил мешавад. Моро хам вуруд ба ин хавлии хеле зебо ва ороста насиб гашт. Хатто  рохбалад таачуб дошт, ки Стелла чи гуна  тавонист, ки ин даъватномахоро ба даст биёрад.  Мо хама кунчу канори хавлии Президентиро тамошо кардем ва расм гирифтем. Ман дар мавриди як полези обчакории хамсари президенти Амрико факат дар Интернет хонда будам. Имруз хамон полезро аз наздик дидам. Он кадар калон набуд, аммо ба гумонам ки махсули дасти бонуи  аввали Амрико ки буд, барои хама шавковар буд, ки он чоро бубинанд. Ончо помидору каламфуру боз ким чизи дигар хам буд.  Хонаеро ба мо нишон доданд, ки дар шафати Касри Сафед буд,ва манзили истикоматии Президенту хамсараш будааст. Майдони пеши Касри Сафед ба назарам барои нишасти чархболхо, ки имруз дар фазои Вашингтон кам набуданд, хеле мувофик намуд. Ва ман хато накарда будам – рохбалад тасдик кард, ки Обама бо чархбол харакат мекунад ва он чанд чархбол махз дар хамон хавлие ки ман тахмин кардам, хамон чо менишастаанд. Толори калони чаласахо, худи Касри Сафед, оркестре, ки дар як кунчи хавлии каср охангхои идонаро ичро мекард,  майдончаи кудакона дар хавлии Касри Сафед, фаввораи зебо ва умуман посбонхову тартибу хама чизи дигар моро ба таачуб меовард. Посбонхо хам мардону хам занон рози мешуданд, ки бо мо акс бигиранд ва моро акс бигиранд. Рохбаланд дар бораи эхтимоли пайдоиши номи Касри Сафед, балкончае, ки аввал набуду баъдтар сохта шуд, сухтор дар ин каср ва  чанд ошёнаи зеризаминии ин каср сухбат мекард. Ман гох ба у гуш меандохтаму гохо миёни анбухи одамон «гум» мешудам. Ман аз хар гушаи олам ки даданаш насибам мешавад, барои баччахом навор меорам. Дар дастгохи аккоси, ки имкони наворо гунчонидан хам дорад, ман навор гирифта, хар чизеро ки мебинам шарх медихам. Баъди бозгашт ин барои баччахои ман хеле шавковар хохад буд. Баъзе хамин гуна наврохои кутохро ман аллакай барои онхо фиристодам. Умедворам ки писандашон меояд. Мо бо рохи дигар аз хавлии №1 дар Амрико берун шудем. Маслихат хамин гуна шуд, ки ба Капитолия неву ба ансамбли меъмории Авраам Линкольн равем. Зеро мо баъди чан друз дар Капитолия вохури дорем, он чойро хохем дид, аммо шояд барои дидани мучассамаи Линкольн навбат ё вакт нарасад.

Ансамбли меъмории Линкольн хеле зебо аст. Линкольн дар курси нишаста ру чониби Капитолия дорад. Манзараи ру ба руйи ин нуктаро хавзи зебое диданитар мекунад. Дар дохили бино ду нутки машхури А. Линкольн хаккоки шудааст. Пештоки бино ва гирди онро нишону номи иолоти Амрикои дар ду катор зеб медихад. Катори дуюмро баъди ба ин иолот хамрох шудани чанд штати нав сохта будаанд. Номи ду штати дигар, ки якеаш Аляска аст, дар  сахни хавлии ин бино руи рохрави санги навишта шудааст.То расидан ба ин нукта мо аз гулгашти собикадорони чанги Вьетнам гузаштем. Он аз руйи пешниходи як донишчудухтари чавон, ки хатто амрикои хам набудааст, сохта мешавад. Дар рохрав ному насаби курбоншудагони он чанг ва онхое, ки беному нишон шудаанд, тарошида шудааст. Барои се чанговари ин набард аз руйи як сурати вокеъи мучассама гузошта шудааст. Аз он рохат фахмидан мумкин аст, ки меъмор бо он пешниход хостааст, нишон дихад, ки дар он чанг хама новобаста аз пусту нажоду кавм баробар буданд. Рохбалади мо накл кард, ки занхо аз ин каме норохат шуданд, зеро дар он мучассама касе аз занхо нест ва махз ба хамин хотир чанд кадам дуртар аз мучассамаи се чанговар барои гиромидошти хотираи хамширахои шафкат як ансамбли меъмории дигаре бунёд кардаанд. Хулоса, хама чиз ки бори аввал медидам бароям шавковару гайриодди буд – масалан автобусхое, ки хатто як нафарро мекашонд, риояи коидахои харакат дар роххо,  нуктаи фуруши мустакили газетахои хар руза, боги калоне ки пури харак буду чойи зисти мардуми бехонаву дари Вашингтон буд….

Баъди он ки мо ба мехмонхона баргаштему дар нуктаи хуроки умумии канори мехмонхона хуроки нимаруз хурдем, дубора чамъ шуда ба осорхонаи Иттилоъот рафтем.

Кутох менависам ки чиро дидам: гушаеро бо аксу видео вобаста ба Джон Кеннеди, гушае вобаста ба хаводиси 11 сентябр, гушае вобаста ба журналистони курбоншуда (ки ман ончо акси М. Олимпурро хам пайдо кардам)  ва хатто мошини як журналистро ки бомбагузори шуда будааст ончо акс гирифтам, чархболи хурдеро дар осомони осорхона, хама чиз вобаста ба аввалин газета, акс, дастгохи аккоси, техникаи сабткуни, хатто либосу хуччату ….хама –хама чизи дигари ба хабару иттилоъ вобастаро аз ончо пайдо кардану дидан мумкин буд. Як кунчи он осорхонаи чандошёна як пора охан меистод. Фахмидам, ки ин хамон мавчрабоест, ки дар болои яке аз бинохои баландошёнае, ки дар ходисахои 11 сентябр харобшуданд, гузошта будааст. Шумо низ хамон расмро аз Интернет пайдо кардаву дида метавонед.

Гушаи тамоман риккатовар гушаи суратхое буд, ки муаллифонаш барои онхо Чоизаи Пулитцерро ба даст овардаанд. Он суратхо вокеъан хам касро ба фикр кардан водор мекунананд. Хар сурат гуё як китоб ва хатто як асар аст. Он   дар худ як дунё маъни ва хайёлро мегунчонад. Мо рахорах зери таасуроти хамин осорхона ва махз хамин гушаи он то мехмонхона расидем….

Аксхо аз рузи дуюми сафари мо ба Вашингтон, 27-28 октябри соли 2013

DSC09476

DSC09467

Собик Вазорати Артиш ва Флоти Амрико

DSC09443

DSC09498

DSC09487

DSC09488

DSC09523

DSC09529

DSC09530

DSC09532

DSC09534

Один ответ

  1. Хело олист акаи Субхон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: