22 июли соли 2013

       

             Зиндаги дар вокеъ хам мачмуъи бешу камихост. Мо чизеро ками кам дорем, аммо чизи дигаре хатман хаст, ки онро аз андоза зиёд дорем. Ва хатто мушохида мекунам, ки бо дигар шудани сохтору тарзи зиндаги хам хамин доштаву надоштахову  ашёхову арзишхо  мутаносибан каму зиёд шудаанд. Холо насихатгару маслихатдеху рохбалади бисёр дорем, «доно»-и бисёр дорем, тарсуву «моргазида» — и зиёд дорем,  сарояндаву раккосаи бисёр дорем…

Надоштахову кам доштахоямонро худатон фикр кунед…

Аммо имруз дар мавриди «бачахои депутати оча..», панчохи аз хам фарккунандаи руси ва точики, манфиати киёми зирк ва зарари шакари Куба, сабаби тамошобоб нашудани боги хайвоноти Душанбе ва сири зур нашудани мардуми точик навиштам.  

  • Роуз КЕННЕДИ  /Rose KENNEDY/ як зани амрикои таваллуд шудааст. (1890)

У  9 фарзанд дошт. Се писараш сенатор буданду як нафараш бо номи Чон Кеннеди хатто Президенти Амрико шуда буд. Дар кишвари мо хам занхое зиндаги мекунанд, ки ду ва хатто се писарашон депутат буданду хастанд. Фарк хамин аст, ки онхо мисли модари Чон Кеннеди бекор нестанд, ки барои ким кадом сахифаи Интернет сурат бигиранд ва ё мусохиба ороянд. Онхо бояд об кашонанд, гандум дараванд ва замини пиёзашонро хишова кунанд….

  • Олег Михайлович ГАЗМАНОВ –овозхон ва охангсози рус таваллуд шудааст  (1951)

Ман хамеша дар сахнахо давидану чахидани овозхонхои рус-махсусан Олег Газмановро,  дида ба чойи овозхонони худамон, ки хамсоли Газманов хастанд, зик мешавам. Ба назари шумо кадом вариант дуруст аст: озод сурудхони кардан ё бо галстук худро хафа кардан, бо хамон як шиму «костюми давлати» дар сахна рост будан ва ё чинс пушидану худро озод хис кардан….? Чаро дигарон дар шасту хафтод хам чавону бардам ба назар мерасанду мо не?

  • Куба хама заводхои амрикоиро милли гардонид (1960) Рохи шакари Куба  ба СССР аз хамон вакт кушода гашт.

Ва аз хамон вакт то вакти титу пит шудани Шуравии абаркудрат ва бенониву бешакари мардум шакарро сери хурду рехту чош дод…

Тарсам, ки биё мегиву фандум мекуни,

Дар баставу дар погахуш бандум мекуни,

Талхии ту чун киёми зирк шуд малхам,

Ширин наша, ки касали кандум мекуни.

  • Дар боги хайвоноти Честер заррофае бо номи Чорч дар 9 солагиаш вафот кард (1969)

Он зарофаро, ки 6 метру9 см кад дошта, баландтарин зарофаи олам буд,  аз Кения оварда буданд

Онхое, ки боги хайвонот сохтани хастанд, бояд ба ёд дошта бошанд: агар хохед, ки хатмкардахои факултахои ветеринари ва зоологи дар он чо тачриба омузанду кор кунанд, боги хайвонотатон буйи бад накунад ва  тимсохи ба «як азоб» овардаатон намирад, боги хайвонотро аз «шахрчаи донишчуён» дуртар  созед….

  • Барандаи чоизаи давлатии ба номи Рудаки, охангсоз Фаттох Одинаев таваллуд шудааст (1938)

Як нагмаи шоди ку, ба дил чур шавад,

Аз лаззати он гам зи барам дур шавад

Точик, ки нашуд зур ба чарбуву фатир,

Бо Ролтону Маги кай дигар зур шавад?

Нигох ба замин!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: