21 июли соли 2013

     Маро тахлукаву «вой дод» — и мардум дар кучаву  бозор хайрон мекунад. Холо атрофи магозаву бозор пур-пури мошину роххои мошигузару одамгузар  тамбаву банд аст…Мардум, чи мехаред Шумо? Як бор худро фурушанда тасаввур кунед! Дидед мавч-мавч мардуми гуруснаро, ки хатто дари мошинашонро набаста, суйи бозор медаванд? Акнун фахмидед, ки гаронии нарх аз чи сабаб будааст?

Имруз дар мавриди горатгарихои замони нав, вобастаги ё  дурустараш новобастагии пул ва тиб, «облава»-и овозхонон ва интихоби «зури зур» навиштам. 

 

  • Гурухи Чесси Чеймс бори аввал дар таърих горатгариро дар катораи «Рок-Айленд Экспресс»  анчом дода,  сохиби 6000 доллари муфт мешавад (1873)

Аммо аъзоёни он гурух гумонам тасаввур хам карда наметавонистанд, ки як вакт акнун барои хамин гуна гораткунихо дар роххо ва  каторахо ба ру никоб пушидан тамоман шарт намешавад. Хама чи тамоман ошкоро ва дар рузи равшан сурат мегирад….

  • Доктори улуми тиб, профессор Юсуф Исхоки таваллуд шуда буд (1932)

Молия, пул ва муносиботи бозори хуб аст, аммо холатхое хам чой дорад, ки бо омехта шудани он ба самту сохахои дигар таъсири хеле нохубе барои имруз ва хатто оянда мегузорад. Дар тиб агар пул мавкеъи калидиро ишгол кунад, хавфе барои насли бемору нимбемори чомеъа ба бор меорад. Ин монанд аст ба харакати   мошини пури бензин  дар хавои бахориву пурраъду барк, дар холе, ки дар пушташ занчири оханини  то замин расидае надорад….

  • Овозхони англис  бо решахои юнониву шведи Кэт Стивенс (Юсуф Ислом) таваллуд шуда аст (1948) У исломро кабул кардааст.

Имруз хама чо хофизу хофиза шидай,

Бемехрии халки мо чи овоза шидай.

Облава шавад, ки хофизо бугрезан

Хези ту зи хоб, ки  хама чо тоза шидай….

  • Конун дар бораи «Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» кабул карда шудааст (1994)

Дар лабаки чашма рав, ту хоб куну биё,

Душманта ба сад далел ту боб куну биё.

Не, не нагу,  вакти интихоб омадааст, 

Хезу раву зурша интихоб куну биё….

Чашму пой дар лаби об!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: