20 июли соли 2013

       Дунё ачоиб аст, балки онро зимомдорону дунёдорон ачоиб мекунанд. Ачоибтарини онхо гумонам раисони нохияхо ва муовинонашон  хастанд… Замони донишчуйи хабарат намегиранд, аммо баъди тахсил, ки дар шахр монди,  хафа мешаванд, дар ёфтани наваскарон азоб мекашанд, баъд дигар рохи кисми низомиатро гум мекунанд, мактаббачахоро ба омузиши компютер  даъват мекунанд, аммо худашон на почтаи электрони доранду на Wi-Fi ро медонанд…

Имруз дар мавриди идеяи як филми хуччати, шуъбахои «равгандор» -и вазорату коргоххо, баробарии шоху гадо ва театри як актёр навиштаам…. 

  • Tатьяна Михайловна ЛИОЗНОВА, коргардони кино таваллуд шудааст (1924)

Яке аз филмхои машхураш «17 лахзаи бахор» аст. Тавсия барои коргардонхои точик: шумо филми наве бо номи «17 лахзаи зимистон» сабт кунед. Чойи наворбардориро ман бароятон нишон медихам. Ончо шумо тутахои печкахои аловиро дар ошёнахои  севу чор, кудакони дар багал баклашкаи пури оби гарм дошта ва саду як чизи гайриоддиро хохед дид. Зимистони он чо хар шаб беш аз 17 лахзаи гиряовар дорад….

  • Гавриил Романович ДЕРЖАВИН – шиор ва ходими давлати вафот кардааст (1816).

Державин аввалин вазири адлияи Руссия буд.

Коргоххову вазоратхо хамеша як сохтори тобеъ ё шуъба ё идора ё раёсате доранд, ки хеле «мухиму асоси»  аст ва гайри расми харочоти шуъбаву идораву раёсатхои дигарро мепушонад. Шуъбаи САХШ ва  нотариус дар вазоратхои адлия, «сбит» дар ширкатхои барки ва КЖКП  (ЖКХ, ЖЭУ…) дар хукуматхои нохияхо ба ин мисол шуда метавонанд….

  • Дар Париж Федератсияи байналмилаллии шохмот — FIDE таъсис ёфтааст (1924). Аз хамин сана имруз чун рузи шохмот тачлил мешавад.

Шохмот ва донахои он монанданд ба одамон ва дунёву охирати онхо. Дар шохмот хам баъди бози шох ва донахои одди дар як кутти чо карда мешаванд….

  • Александр Лукашенко ба макоми Президенти Белоруссия расидааст (1994)

У бо чумлахои тамоман гайриоддиаш миёни мардум машхур аст. Мегуянд, ки ба конфронсхои матбуотие, ки у хаст, кариб хама журналистон мераванд… Чанд намуна барои шумо:

 (о ситуации с лётчиками в Таджикистане) «Выход был только один: спокойно, без гвалта, но достойно показать, сказать более мягко. А не то, что таджиков собирать: «Мы сейчас вас выкинем!». За что? Не все же они идиоты…» 

 «В Беларуси все в Интернете сидят или с плашетниками ходят, Wi-Fi. Я правильно называю? Я не очень в этом…» 

 «Беларусь — это моя жена. Это дорогого стоит…»

Мехрубони !!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: