Тақдим ба модар! Ҳашт банд аз ҳазору чанд банди ногуфта барои модар!

        Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Ид муборак, модари  хушруйи ман!!!

===============================================================

        Модар! Ҳар вакт ту  нонҳои гарми танӯриро ба дастам медиҳӣ, ки ба шаҳр биёрам! Ман онҳоро дӯст медорам! Онҳо бомазаанд! Ва хонаам то тамомшавии онҳо буйи ту мекунад! Ид муборак, модари ҳунарманду кадбонуи ман!!!

=============================================================== 

     Модар! Ман ҳама камиву пастиҳоро дар зиндагиям аз ту пинҳон мекунам. Замони донишҷӯиям ҳам ба ту намегуфтам, ки моро аз манзили иҷора берун мекунанд ва ё то донишгоҳ пиёда меравам! Вале ту чи гуна он ҳама ҳолати маро эҳсос мекунӣ? Хоб мебинӣ??? Миёни ману ту  гуё пайванде нонамоёну ноаёне хаст! Ман ҳама чиро таҳаммул мекунам, бе ҳама чӣ метавонам зиндагӣ кунам. Аммо бе ту не! Бе маънӣ хоҳад буд зистан бе ту! Зинда бош, модар! Идат муборак!!!

 ===============================================================

       Модар! Ман аксатро руйи мизи кориам гузоштаам!  Ба чеҳраи зебоят менигараму менигарам….Пиччаҳоят сап-сафед шудаанд! Аз ғами ман?? Аксат руйи миз асту меҳрат дар хунаму дар дилам!!! Кай ба утоқи корам меоӣ, модар??? Ид муборак, модари деҳотии ман!!

===============================================================

      Модар! Дар шаҳр ба симои ҷавонони донишҷӯ менигараму лаҳзаи донишҷӯии худам ба ёд меояд. Ёд дорам, ки чӣ гуна пулҳои дар гӯшаи руймолат шикастаро озод мекардиву суям дароз! Ид муборак, модари хазинадори ман!!!

===============================================================

       Модар! Чаро дар шаҳр наметавонӣ аз чанд соат бештар бимонӣ? Медонам! Кӯчаҳои ин шаҳр буйи чаппотӣ надоранд! Дар назди хонаи ман чанори садсола нест ва ба хонаи ман мисли чашмаи шӯхи миёни ҳавлиат, ҳамеша об намеояд…Медонам… Барои ҳамин ба хонаи танги шаҳрии ман меоиву нонишаста бармегардӣ…Мо  инҷо на барра дорем ва на шаҳиду азизе , ки пешаш он барраро қурбон кунем!  Идат муборак, модари намозиву ба дуои ман!!!

==============================================================

        Модар! Баъзан мегуйи, ки «бачам, шаҳри калон  бемеҳрут кардай….» На, модар!!!  Ман ҳар вакт, ки ба зиёратат меравам, аз гармии оғӯшу нигоҳи ту, аз руйи чун кулчаҳои танурӣ гарми  ту, аз сӯҳбату чақ- чақи ту  як дунё гармиву меҳру муҳаббат мегирам ва онро … меорам ба ин шаҳр! Идат муборак, модари бамеҳру дилсӯзи ман!!!

===============================================================

    Модар! Ҳар вақти гуселам ба шаҳр ту аз пуштам то роҳи калон меоӣ! Медонам, ки дуо мехонӣ, худоро зора мекунӣ, ки маро нигаҳбон бошад….Ман бо баргашта ба пуштам нигоҳ кардан, фариштаи нигоҳбонамро мебинам —  бо рӯймоли сап-сафед, бо пиччаҳои барфӣ, бо куртаҳои остиндарозу бо ашки бари рӯ ва бо дили пур аз  умед аз ману аз фарзандони ман! Идат муборак, модари давлатманду наберадори ман!!!

 ==============================================================

комментариев 5

  1. модарчон ин суханхо барои хамаи модарон.

  2. модарчон шабу руз дар фикрат хастам ахсан ба инсуханхои оличаноб.

  3. Модар шахчанори вафодори мехрубон ва дил бардори кудакон мебошанд. Мо кудакон фахр аз он мекунем модари танхо дорем, ки номаш Точикистон аст.

  4. Хеле оли! Ман, ки як мох бештар аст ба деха нарафтаам, нону чойи пухтаи модарамро дар холи аз танур канданаш начашидаам, аз ин навишта хеле мутаасир шудам. Ба андозае хуморам шикаст ва ором шудам, аз суйи дигар модарамро зиёдтар пазмон шудам…

  5. Офарин, барои суханхои ВОЛО дар васфи МОДАР!!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: