Сами Юсуф: «Дунёи ислом факат махдуд ба аъроб нест…»

    Сами Юсуф  соли 1980 дар Техрон таваллуд шудааст. Номи у дарвокеъ «Сиёмаки Родманиш» аст. Падари вай охангсоз ва таронасарои машхури эрони мукими Бритониё, Бобаки Родманиш мебошад. Агарчи у чандин бор дар бораи ин ки падараш охангсозе машхур аст гуфтааст, аммо хеч номе аз вай набурда ва хатто дар посух ба хабарнигорони мисри гуфта: «Хохиш мекунам дар бораи падарам напурсед». 

Мусикии у голибан дарбаргирандаи таронахоест бо мазомини исломи ва маънави. Вай хамчунин аз мавзуоти ичтимои ва башардустона дар мусикии худ истифода мекунад. Сами Юсуф ба забонхои англиси, туркии истанбули, туркии озарбойчони, форси, урду ва араби таронахо хондааст.

Юсуф дар Техрон ва аз волидайне эрони бо асолати Озарбойчон зода шудааст. У дар Конфронсе хабари дар Чумхурии Озарбойчон гуфта: «Ду падарбузурги ман ахли Боку хастанд. Онхо ба Табрез мухочират карданд ва албатта ман дар соли 1980 дар Техрон мутаваллид шудам. Баъдан мо ба Инглистон мухочират кардем ва ман он чо бузург шудам».

  • Соли 2003 аввалин албомашро бо унвони «Ал-муаллим» арза кард.
  • Дувумин албоми худро бо номи «Уммати ман» мунташир кард.
  • Соли 2009 албоме бо номи «Бидуни ту» аз тарафи ширкати сабти мусики мунташир шуд, ки Сами Юсуф эълом кард, ки ин албоми севумаш нест ва дарвокеъ намунаи комилнашудаи албоми чадидаш аст, ки бидуни ичоза ва хости у вориди бозор шудааст ва сабаби катъи хамкориаш бо ширкати «awakening» шуд.
  • Албоми севуми Сами Юсуф бо номи «Харчо, ки хасти» дар соли 2010 мунташир шуд.

 Сиёмак сесола буд, ки хамрохи хонавода аз Эрон мухочират кард ва дар Инглистон ва дар минтакаи sout hall Лондон икомат кард. Бародари Сами Юсуф бо хамрохи падар ба охангсози ва танзими охангхо машгул мебошад, лозим ба зикр аст, ки дар танзими албоми «Уммати ман» ба Сами Юсуф кумак кардааст.   

Сами Юсуф даврони кудаки дар синни 7-8-солаги равиши кор кардан бо абзори мусики, мусикии классики эрони ва мусикии суфиёнро дар махзари падар омухт ва барои такмили дониши мусикии худ вориди Коллечи салтанатии мусикии Лондон шуд. У дар навчавони ба тиловати Куръон бахусус Абдулбосит алокаи шадид доштааст.

Сами Юсуф дар апрели соли 2005 бо духтари донишчуи олмони бо номи Марям (Маргарет) издивоч кард. Хамсари у 5 сол пеш мусалмон шуд. Сами хуб медонад, ончунон ки бояд барои хамсараш вакт сарф намекунад. Сами соатхо машгули сабти охангхои чадидаш аст ва ичрохои зинда хам ки тамом нашудани ба назар мерасанд.

Хамин масъала боис мешавад, ки у натавонад ба таври шоиста ба хамсараш таваччух нишон дихад. У бо таассуф мегуяд: «Тамоми вакти ин рузхоям сарфи сохти албоми чадид мешавад».

Бо вучуди ин, хамсари у пазируфтааст, ки зиндаги бо як одами машхур, ки мачбур аст вакти зиёдеро барои кораш бигзорад, сахт аст. Сами Юсуф лабханде мезанад ва мегуяд: «Ман бо зане издивоч кардам, ки шикебои ва сабри бисёре дорад».

Сами ба забонхои англиси ва форси тасаллути комил дорад ва забони озари медонад ва бар асоси гуфтаи худаш забони озарияш комил ва равон нест. У дар 16-солаги дучори як тахаввули рухи шуд. Ин тавр, ки дар мусохибахои мухталиф таъкид дорад… Дар он замон мехост барои ислом коре бикунад. Ба тавре, ки аз мусики безор шуда буд ва мехост дар донишгох хукук бихонад.

 Сами Юсуф дар мусохибахояш гуфта буд:

Ман дар Техрон мутаваллид шудам ва аз назари фарханги эрони хастам ва асолатан озари ва тобеияти Бритониёро дорам. Дар хангоми хурдсоли Эронро тарк кардам, вале дуст дорам рузе ба зодгохам баргардам. Ман як бародар (Бобак) ва як хохар дорам. Бародари бузургам ошики мухандиси ва риёзиёт буд. Вакте хеле хурд будам бо падарам охангбози мекардам ва хатто дар 4-солаги оханге барои худам сохтам. Ман дар кудаки мусикии шарки (эрони ва озари)-ро ёд гирифтам.

Падарам як хунарманди бузург ва як устоди мусики аст. Наздаш навохтани пианино ва тори озариро ёд гирифтам. Дар 14-солаги ман мехондам ва то кабл аз интишори оханги Ал-муаллим бо номи хакикии худ чанд оханг мунташир кардам ва Сами Юсуф номи хунарии ман мебошад. Ман калбан мусалмон будам ва дар кудаки хеле аз худам мепурсидам чаро Худо моро халк кардааст, барои чи зиндаги мекунем? Дар мадраса бо дустонам дар миён мегузоштам ва бо онхо бахс мекардам, китоб мехондам ва бо афроди мухталиф сухбат мекардам, то ин ки исломи хакикиро ёфтам.

Ман дуст дорам мардумро ба Худо ва паёмбараш наздик кунам. Ин мавзуъ хисси дилпазири ба ман медихад ва дар сохти охангхо маро кумак мекунад. Ман тамоил дорам исломи вокеиро ба мардуми дунё нишон дихам. 

Падарам муаллими аслиам буд. У илова бар мусики ба ман дарси зиндаги медод ва боис мешуд хеч гох ба коре, ки ироа мекунам гарра нашавам. Ман аввалин таронахоямро дар 18-солаги дар ситоиши Парвардигор гуфтам. Падарам, ки худаш шоири сатхи болои аст, маро дар ин рох кумак кард.

Чаро бо чанд забон мехони?

Дунёи ислом факат махдуд ба аъроб нест ва мусалмонон бо забонхои мухталиф дар тамоми дунё пароканда шудаанд.

 Чумалоти кутох аз Сами:

Ислом сода аст ва зебо

Ман факат хунарманде хастам, ки ба эътикодоташ пойбанд аст ва мехохад онхоро арза кунад. Мухимтарин масъала ин аст, ки он чи Худо мехохад онро анчом дихам. Мо факат бояд мусалмони хубе бошем. Мазхабамонро бишносем. Ислом бисёр сода аст, бисёр кобили фахм ва бисёр зебо. Ислом инсонхоро ба хуби тахти таъсир карор медихад.  

 

комментария 4

  1. Baroru burdbori bo şumo bod!

  2. Ahsan ba şumo dustam tavassuti in makola Sami Yusufro az nazdik şinohtam.Zinda boşed Subhon!

  3. Чолиб …

  4. Саломат боши акай Субхон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: