Хашар дар сурати нав! Лоиха!

Хамасола дар дунё 5 декабр Рузи Ихтиёриён (волонтёры) кайд карда мешавад. Шумораи ихтиёриён дар дунё беш аз 110 миллион аст. Аз ин шумора 2.5 миллион нафар дар Русия зиндаги мекунад.  Чанд далел вобаста ба харакати ихтиёриён (волонтёры): 

  • Шумораи бештари ихтиёриён дар Канада, Амрико ва Австралия зиндаги мекунанд. Дар Чехия, Латвия ва Венгрия ихтиёриёнро ба аскарон баробар медонанд.  Дар Амрико 56% ахолии болиг ихтиёри аст.
  • 19% ахолии калонсоли Фаронса тули хаёташ акалан 1 бор дар аксияхои ихтиёриён ширкат кардааст.  Аз ин шумора 60%  пайваста ба кору фаъолияти бемузд ё ройгон машгул аст. 46 % пурсидашудагон гуфтаанд, ки онхо самимона мехоханд ба касе кумак расонанд ва ё касеро дастгири кунанд.
  • Хар сеюмин олмони ихтиёри (волонтёр) аст. У хар мох 15 соатро барои корхои ихтиёри дар асосиатсияхо, лоихахо ва гуруххои кумаки байнихамдигари мегузаронад. Онхо кумакрасони ба касеро барои рушди худашон чун шахсият муфид мешуморанд.
  • Худуди 33% ахолии Ирландия ихтиёри хастанд. 72 % фикр мекунанд, ки  ихтиёриён  аз  коргарони маошгир дида,  самимона  ва бехтар кор мекунанд.
  • Дар Руссия факат 1 % ахоли ба фаъолияти ихтиёри чалб шудааст. Худи мафхуми ИХТИЁРИ ва ё ВОЛОНТЁР дар он кишвар (ва хам дар Точикистон низ!) он кадар машхур нест. Агар русхо «взаимопомощь» ва ё  «взаимовыручка» дошта бошанд, мо «хашар» дорем, ки дар доираи он бе музд факат ба наздику пайвандон кумак мерасонем.  Аммо тавре тачрибаи кишвархои пешрафта нишон медихад, доираи фаъолияти ихтиёриён хеле васеъ аст ва ин кор барои пешрафти онхо, огохии бештарашон, маълумотнокиашон ва гирифтани тачрибаи хуб мусоидат мекунад.

Ба хамин хотир:

            Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан» аз огози харакати нави «Радио-клуби ихтиёриён» хабар медихад.

Хама нафарони аз 16 то 25 сола, ки хохиши ба касе ройгон кумак расонидан, ободкори ва эчодкори карданро доранд, метавонанд дар ин лоиха ширкат кунанд. Шумо илова ба он, ки касеро дастгири мекунед, барои худатон низ хунар ва касбхои зиёдеро меомузед. (Кор бо компютер, суратгири, кор бо барномахои овози, сабти овоз ва мисли инхо) Мо чавононро аз шахрхои Душанбе, Кургонтеппа ва нохияи Хисор интизор хастем.

Шумо ба мо нависед, ки чаро мехостед, ки аъзои клуби ихтиёриён бошед? Номахои худро бо нишонии reklamanavatan@mail.ru фиристед ва ёонро дар сахифаи Радои мо дар Facebook гузоред. Мухлати охир – 30.07.2012.

Телефон барои маълумоти бештар: 2231106; 93-854-22-11.

Лоиха бо кумаки молиявии Сафорати ИМА дар Точикистон амали мегардад.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: