Сари як пиёла чой…

    Мавзуи хурокпази ва хурокхури хамеша шавковар аст. Мардум ба намудхои гуногуни гизо таваччух мекунанд, онро тайёр мекунанд, дар кучое мечашанд ва вобаста ба анъана ва гизои мардумони дунё бахс мекунанд.  Таъсиси гушаи «Ошхонаи Оила» дар хафтаномаи «Оила» эхтимол ба хамин хотир буд.  Сухбате, ки дар зер нашр мешавад, хамин хафта дар хамин гуша ба нашр расида буд.

Аз чамъи хама кори хубу гандаи Ту,
Дар бехи гушам монд хамон хандаи Ту..

Субхон, Шумо чи гуна хурок, хуриш ва ё шириниро пухта метавонед?

        -Ман ягон бор ширини напухтаам. Аммо хуришу хурокро аз замони донишчуиям мепухтам. Зеро шароити манзили ичора моро мачбур мекард, ки чизе барои худамон тахия кунем. Кариб хама гуна хурокхоро пухта метавонистем. Мо бо чанд тан аз хамкурсонамон навбат доштем. Хар кас хар руз аз огоз то шом гуё навбатдори манзили ичора буд: чой тайёр мекард, баъди дарс хуроки нимарузу шомро мепухт. Нонро хам мо дар замони донишчуи худамон мепухтем. Хатто як муддат мо дар «сковородка» онро тайёр мекардем🙂

Ба хурокпазии хамсаратон кумак мерасонед?

        -Ман вакти хурокпазии уро кариб, ки намебинам. Аммо вобаста ба хар хурокаш (хамчун собик ровии барномаи Лаззат) эрод мегирам :) . Масалан, ман хурдани нонхои аз хад зиёд гафс, оши палови бе нахуд ва  ё сабзии каму майда дошта,  оши угроро бо лапшахои  хитои …он кадар хуш надорам.

Боре шудааст, ки хуроки пухтаи шумо шур ва ё бенамак омада бошад?

        -Замони донишчуи мо боре хостем, ки ордбирён бипазем. Аммо касе намедонист, ки чи тавр онро тайёр мекунанд. Орду равганро омехта кардему боз сухбатро давом додем. Касе намедонист, ки он омехтаро бояд дар дег бикоби ва пушти кошук бизани. Хулоса, ки баъди об ва  камтар ширро ба дег андохтан, фахмидем,ки он бастахои ордро дигар хурда намешавад. Баъди ба хона рафтан пурсидем, ки чи тавр бояд онро мепухтем? Сирашро гуфтанд.

Замони донишчуи мо чанд муддат дар як кучаи маркази шахр  хавлии ичора доштем. Хамсояхои мо нафарони хеле сарвтманде буданд. Хар вакте ки мо дар хавли хурок мепухтем, як хамкурсамон мегуфт, ки «хангоми хурокпази кафлезро ба дег сахт-сахт задан даркор аст, ки садо барояд….то хамсояхо донанд, ки мо –донишчуён хам чизе мехурем :) 

Кадом хурокро дуст медоред ва ба кавле «аз хурданаш сер намешавед»?

        -Замоне ки гурусна хастам, кариб хама гуна хурокро мехурам :)  Маълум аст, ки вакти гуруснаги дигар на номи хурок мухим аст ва на он ки чи тамъу мазза дорад. Курутоб бо равгани зард, дамлама, картошкаи бирён ва хама гизохои шири барои ман писанд хастанд.

Рузхои истирохат ошхона дар ихтиёри шумо аст ва ё хамсаратон?

        -Ошхонаи мо дар хама руз – хам истирохат, хам кори ва хам рузи иду чашнхо дар ихтиёри хамсарам аст. Мардхо инро хуб медонанд, ки ягон вакт дар набудани занхо агар хохи, ки бехтарин хуроки дунё – картошкабирёро барои худат тайёр куни, намеёби, ки намак дар кучо асту корди тез кучо шудааст ва ё мурчу каламфур дар кадом катаки чевони ошхона аст🙂

Назаратон вобаста ба гизохои мили ва аврупои чи аст?

        -Гизо асосан бояд болаззат бошад, аз маводи тару тоза ва халол тайёр шуда бошад. Дигар дар кучо ихтироъ шудани он ва дар кучо тановул карданаш шояд мухим нест. Аммо махсусан мардхо бояд номи гизохои милли ва аврупоиро донанд, онхоро шиносанд ва хангоми кадом нишастхои хосса дар холати ногувор намонанд, табъи нозук дошта бошанд. Ман баъзан дар кучаву рохравхои бозор дар шароити гайрисанитари хурокхурии баъзехоро дида, хайрон мешавам.  Хамин хайрони маро хангоми дар рохравхои бозор дидани дегу карсонхои «чушон»-и дилу чигар, каллаву поча ва санбусахои дар дастурхонхои пурчирк печонидашуда  ва дидани духтарони пешхизмати «тасодуфи» хам фаро мегирад.

Агар ба хонаатон мехмон ояду шумо хохед бо гизои пухтаатон табъи уро болида кунед,чи  мепазед?

        -Ман аввал мебинам, ки у ки асту чи завку саликаи гизохури ва ошпазиро дорад? Баъд дар хавличаи пушти хона дегу тагдегиро гузошта, як микдор картошка ва гуштро ба он хаво дода, ба болояш хама гуна сабзавоти дигарро илова мекунем. Баъди бештар аз ним соат бехтарин гизо тайёр мешавад. Табъи мехмон албатта болида мешавад, агар ба он гизо хуришу  нушобаву фазои салкину гуворо ва пур аз мусикии ороми гитарро  илова кунем.

Ба назаратон кадом махсулот хурокро бомазза мекунад?

        -Лаззати хурок аз чанд чиз вобаста аст: аввал бояд махсулот ба микдори зарури бошад, бо равгани хуб, дар вакти муайян  ва бо намак бирён карда шавад, оташ барои пухтани он ба хадди зарури ва тавсияшуда бошад, чизе ки аслан бо махсулоти дигар омехта намешавад, бояд дар гизо набошад. Аммо аксар вакт мушохида мекунам, ки занхо намакро бо чашм «чен» карда, ба дег хаво медиханд, оби хунукро аз чумак гирифта барои шурбо ба дег мерезанд ва  гайр аз 4-5 намуд гизои маъмул ва хамешаги ягон хайёлбофии дигар намекунанд…

Шириниро дуст медоред?  Хурдани кадом намуди онро меписандед?

        -Мо бо дустон ва ахли оила низ пайваста ба яке аз нуктахои ширинипази меравем. Ин шояд ягона рохи дарёфти ширинии босифат ва мухлаташ нагузашта бошад. Кас мехохад, ки хар бори рафтан ба ончо ширинии  ба тозаги дар рафхо пайдошударо  бичашад.

Фасли зимистон бошад, хама гуна мурабборо бо чой хамрох карда нушидан, ба кас халовату фарах мебахшад.

Барои хонандагони хамин гушаи хафтаномаи мо тарзи тайёр кардани кадом хурокро пешниход мекунед?

        -Ман мехостам барои шумо тарзи тайёр кардани як намуд гизои кудаконаро пешниход кунам. Барои ин хурок лозим аст:

  • Картошка-1 дона
  • Гулкарам (цветная капуста)-25 грамм
  • Нахуди сабз-1 кошук
  • Пиёзи бехи -0,5 дона
  • Лубиё –1 кошук
  • Шалгам-25 грам
  • Шир-100 грамм
  • Равгани растани-1 кошук
  • Боимчони сабз (кабачок)-25 грамм

Тарзи тайёркуни:

        -Картошка, пиёз, шалгам ва боимчони сабзро тоза карда, чоркунча ва майда реза мекунем. Гулкарамро бошад, ба шохчахо чудо карда,  тоза мешуем.

Ба болои хамаи ин махсулот камтар об рехта, то чуш омадан руи оташ нигох медорем. Баъд оташро пастар карда, то пухтанашон 20 дакика нигох медорем. Баъди хама махсулотро гармогарм аз блендер мегузаронем. Ба он омехта шири пухташудаи гармро илова карда, то чушидан руи оташи паст мегузорем. Баъди тайёр шуданаш ба он равгани растаниро илова мекунем. Барои кудакони то 1 сола ба ин гизо 5 грам панирро хам аз тарошак гузаронида, омехта кардан мумкин аст. Бояд кайд кард, ки агар шумо ин гизоро барои кудакони то 1 сола мепазед, бояд ба он намак илова накунед. Намаки худи махсулот барои ин гурухи  кудакон кифоя аст.

 

"

«Лаззати дунё зану дандон бувад»,
Бе зану дандон хама хайрон бувад?
Гуфт Субхон, пул бувад чони хама,
Пул набошад, кору бор вайрон бувад!

============================================================================

 

Один ответ

  1. Салом! Ман боз як бор ба хулосае омадам ки шумо ба хамма чиз ахамият медихед(так держать). Ба шумо омади кор.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: