Агар ман хис кунам, ки…

    Чанд соле, ки ман дар Радио кор мекунам, барои  хар аввалин хамсухбатам ихтисоси донишгохии ману машгулияти имрузаи ман шавковар ва хатто таачубовар аст.  Онхо ягон робитае дар радиофизика, электроника ва журналистика намебинанд. Мисли худам! Сухбати поёни низ сари интихоби касб аст. (Ин мусохиба дар хафтаномаи «Овоза ва Хакикат, мохи июн, с. 2012 нашр шудааст»). Дар хамин мавзуъ фикр карда ба хулосае меоям, ки ё ман баъди хатми мактаби миёна  дар интихоби факулта хато кардаам ва ё диплом барои фаъолияти хамаи эчодкорон чизи аз хама асоси нест! Шояд касе ба ин назар аст, хар ду хулосаам галат аст? Намедонам, ба хар сурат ман мехостам дар хамон самте кор ва фаъолият кунам, ки аввалтар аз хама барои худам писанд аст, баъдтар вазъи молиявии худро ончо хуб нигох медорам ва баъди хамаи ин чое, ки талабот ончо аз хадди истеъдод ва саводи ман берун ва бештар нест!

Суратгир Simonte

— Аслан ваќте тифл будед, орзуи ки шудан доштед?

         -Ба ёдам нест, ки дар кудаки орзуи ки шуданро мекардам. Аммо тахмин мекунам, ки мисли хама бачахои замони шурави, шояд ё ронанда шудан мехостам ё лётчик :)  Хира дар хотир дорам, ки кадом вакте хамин гуна саволро дар мактаб ба хамаи мо хамсинфон дода буданд.

— Дар интихоби касб (оне, ки диплом доред) тавсияи касе буд ё тасмими шахси?

         -Ман баъди як сухбатам бо устоде, ки дар  факултаи мо дарс мегуфт, аз андешаи академияи милиса гашта, ба факултаи физика, ба шуъбаи Радиофизика ва электроника ру овардам. Пушаймон нестам, зеро асоси таракиёт ва пешрафти замонаро илмхои дакик ташкил медихад, махз дастовардхои олимони сохаи илму техника аст, ки онро дар кору бор ва истирохати худ намояндахои касбу кори дигар –хамон хукукшиносу иктисодчиву бонкдор, ки аксарияти чавонон дар бораи онхо фикр мекунанд, истифода мекунанд.

— Хангоми тахсил дар риштаи мухандиси радиофизика ва электроника  чи фанхоро меомўхтед ва чи мушкиле доштед?  

         -Хамаи фанхо ва машгулиятхои лаборатории мо мушкил ва душвор буд. Фанхои механикаи назарияви, назарияи процесхои мавчи (ТВП),  мавзуъ ва фанхои вобаста ба атом, нучум, схемахои гуногун, кор бо асбобхои лаборатори, накшакаши  ва мисли инхо боз хам он замон дар холи набудани адабиёт бо забони точики хеле вазнин буд.

— Шояд саволи маъмули ва ба ќавле ба чони шумо хам зада бошад, аммо барои чи шумо аз рўйи ихтисосатон, ки мухандиси радиофизика ва электроника хастед, кор намекунед?

         -Аз огози курси 4 бо Радио хамкори доштам. Мухити эчоди бештар таваччухи маро ба худ чалб кард ва ман хатто пешниходи декани хамонвактаро дар бораи огози кори илми ва фаъолият дар хамон факулта рад кардам. Гумони худам, ки холо бо рохи радио ман ба мардум наздиктар хастам, нафъи ман бештар ба онхо мерасад: хабару иттилоъ, маълумоти омузанда ва шавковарро зиёдтар барои онхо пешниход мекунам ва хамеша кушиш мекунам, ки рухи онхо болида бошад. Аз суи дигар кишвари моро  холо ояндаи рушан аз татбики дастовардхои илм ва техника дар пеш аст.

— Имрўз бештар чавонон бар онанд, ки бе таѓо ва пулу шинос ба донишгох  шомил шудан ѓайриимкон аст. Андешаи шумо чи аст?

         -Ман хам хамин гуна андешахоро мешунавам. Пушида нест, ки ин гуна холатхо чо дорад ва баъзан дар бораи дастгир шудани баъзехо бо хамин чурм хам дар ВАО мавод низ нашр мешавад. Лекин чавонони босавод бояд рухафтода нашаванд, кушиш кунанд, ки бо дониши худашон шомил гарданд. Бояд гуфт, ки баъди рози набудан аз натичаи имтихонхои дохилшави онхо хукук доранд, ки имтихони такрори ташкил кунанд, ба ректор ва хатто вазир мурочиат кунанд. Агар журналистонро хам дар чараёни хамин холаташон мегузоранд, боз хам хубтар. Вале маълум аст, ки ин корро факат онхое карда метавонанд, ки ба дониши худ боварии комил доранд. Роххои халли ин бахс хам кам нест. Масалан, пахши мустакими чараёни имтихонхои дохилшави ба воситаи ТВ дар хамон факултахое, ки талабот ба ончо зиёд аст. Чаро не? Ё акалан сабт кардани чараёни пурраи имтихонхо ва ташхису санчиши варакахои имтихоноти. Он вакт бисёр коидавайронкуни ва камбудихоро ба назари ман фош кардан мумкин мешавад.

— Ба андешаи шумо сабаб чист, ки чавонони мо танхо намояндаи се касб: банкир, юрист ва иктисодчи  шудан мехоханд? 

         -Шумо як бор ба дари хамин коргоххо гузаред ва бубинед, ки чи гуна мошинхо ончо меистанд, бубинед, ки аксарияти онхо хонахои чандошёнаи зебо доранд…Хамаи ин ба андешаи чавонони имруза таъсир мерасонад. Фикр мекунанд, ки онхо факат замони дар хамин гуна коргох кор карданашон метавонанд, сохиби он  гуна мошину манзил бошанд.

Аз суи дигар мо як барномаи махсуси муаррифи касбу ихтисосхои замонави, техники ва кариб, ки фаромушшударо надорем. Аксарияти хатмкунандахо шояд надонанд, ки баъзе касбу ихтисосро дар кучо омухтан мумкин аст, ба кадом факулта бояд хуччат супурд. Аз сухбат бо чавонон фахмидам, ки онхо дар бораи орзухои худ дар мавриди интихоби касб ба волидонашон кариб, ки чизе намегуянд: ё шарм медоранд, ё метарсанд…Маълум аст, ки хамаи хаткардахои мактабхо мехоханд, дар оянда пули зиёд дошта бошанд, мошину хонаву дари зебо созанд, кудаконашон ба бехтарин богчаву мактаб биравад,  аммо аксарияташ намедонад, ки дар шароити имруз чи тавр бояд пул ёфт, кадом касбу кор баъди 10-20 сол тамоман нодаркор мешавад ва кадомаш замонави ва муд мегардад, ё талабот ба он меафзояд.

— Чи бояд кард, то шавќи чавонони мо ба фанхои даќиќ бештар шавад?

         -Хама корро бояд кард, ки чавонон аввалтар аз хама касбу кор омузанд, зеро хама касбхо ва корхо дар чои худ  мухим хастанд.  Аммо барои расидан ба ин хадаф:

  • Факултахои улуми дакик бояд тавонанд, ки худро замонави, дуруст ва пайваста муаррифи кунанд
  • Техника ва олоти дигар кухнашуда ва кариб нодаркорро аз утокхо бароварда, ба чояш навтарин дастовардхоро ворид кунанд, татбик созанд
  • Барои чавонони мактаби муаррифии видеоии касбу ихтисосхои дакикро дар шакли CD таксим кардан мумкин аст (Масалан дар кишвархои гарби барои ба хизмат чалб сохтани наваскарон хануз замони мактабхониашон ба онхо диски бозихои низомиро бе пул медиханд. Онхо худро дар он бозихо кахрамон тасаввур мекунанд. Хамин тавр хохиши онхо ба хизмат, аскари ва касби низоми бедор мешавад)
  • Бояд ба онхо барои тахсил дар хоричи кишвар аз руи ихтисоси техники ва дакик бо шарти чанд соли тахсили  аъло дар Точикистон квота чудо намуд. «Агар инчо дар факултаи улуми дакик хуб хонам, хорича меравам…» фикрест, ки чавонони босаводро ба факултахои улуми дакик чалб мекунад.
  • Бояд хатмкардахои факултахои техники ва улуми дакик тамоман бо тарзи нав ва замонави муаррифи карда шаванд, хаёт кору бор ва натичахои онхо нишон дода шавад. Барномахои телевизионии шакли нав хаёти шавковари олимони ин соха, дастоварадхои онхо ва накшахои онхоро доим ива пайваста  инъикос кунанд.
  • Робитаи коргоххои саноати ва истехсоли бо мактабхои оли дар шакли нав ва шаффоф сурат бигирад. Рохбарони онхо ба мардуми донишчу ва хатмкардахои мактабхо мурочиат кунанд, ки бехтарини шуморо бо фалон тарзи кор ва имкону шароит мо ба кор кабул мекунем, дили онхоро пур кунанд ва дар асл хам нишон бидиханд, ки одилона мутахасисонро ба кор кабул мекунанд
  • Ва аз хама мухим чараёни тачрибаомузии донишчуёни факултахои улуми дакик  гумонам бояд на он гунае бошад, ки замони донишчуии мо буд ва шояд холо хам бошад…

— Ба андешаи шумо оё дуруст аст, ки барои бештари чавонон касбу кори онхоро волидайн муайян мекунанд?

         -Вакте ки чавон то хатми мактаб фикрашро озодона баён карда натавонад, ошкор дар бораи орзу ва нияту накшахояш ба волидонаш  сухбат накунад, дар бораи касбу ихтисос ва машгулиятхои гуногун маълумот надошта бошад, бовар накунад, ки бо дониши худаш ба мактаби оли дохил мешавад, (ва хам баъзан шояд нашавад!) дигар чи холат сурат мегирад? Айнан хамон холате, ки гуфтед! Бад нест, агар фарзандонро  дуруст рох нишон медиханд, пештар аз интихоби касбу кор  истеъдод ва саводи онхоро ба назар мегиранд…

Барои мисол, агар ман хис кунам, ки писарам истеъдоди суханвари ва донишу саводи кофи барои ровии радио шудан надошта бошад, бо доштани имконият хам ман уро хеч вакт ба радио чалб намекунам ва мачбур хам намесозам.

— Агар шумо имкон медоштед ва бори дигар чавон мешудед, кадом касбро интихоб мекардед?

         -Ман холо хам мехостам, ки чанд кори дигарро дар хамин самт анчом дихам ва боз чанд касбу хунари дигарро омузам. Масалан, хеле мехостам аввал забони англисиро омузам, мехостам, ки дар ягон муассисаи илми ба хайси унвончу бошам ва баъдтар рисолаи номзади химоя кунам, суртгири ва наворбардориро бештар омухтан мехостам, барои клипхо идеяхои навро навиштан мехостам 🙂  Орзуи дигарам, хамин аст, ки дар самти навиштани киссаву хикоячахои хурд худро санчам. (Ин хохиш  баъди он ки аз руи як хикояи ман филме ба навор гирифта шуд, акнун пайваста бештар мегардад)

— Маслихати шумо барои чавонон, онхое, ки дар интихоби касб очизанд?

         -Шумо, додару хохарони азиз, аввалтар аз хама касбу ихтисосеро интихоб кунед, ки онро дуст медоред, хис мекунед, ки дар он самт истеъдод доред. Нафаре, ки барои ин хунар ва касб ба шумо пул бидихад, хатман пайдо мешавад!

 

============================================================================

Один ответ

  1. Салом акои Субхон. Дар мавриди интихоби касб чи хеле ки шумо ин чо баён доштед мехостед унвончу шавед, вале чаро ба ягон муассисаи илми хуччат насмесупоред? Кисаву хикояхои хурде ки дар блоги шумо хаст ман онхоро хондам ва он филмро хам аз руи хикояи шумо тамошо карда будам. Мебинам ки истеъдоди навиштани киссаву хикояро хам доред. Шумо кадом вакт ба хулосае омадед ки хикоя нависед? Ин шавк кай дар шумо пайдо шуд? Орзу ё ният надоштед, ки хамон хикояхои навиштаатонро дар шакли ягон китобча аз чоп бароред?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: