Мубориз!

Парвиз Рустамович Холиков, лейтенанти калон, собик навбатдори шуъбаи хадамоти давлатии мухофизаи шахри Норак, собик ваколатдори кофтукови чинои оид ба корхои ноболигон ва чавонони шуъбачаи минтакавии милисаи шахракаи Оби Гарми ШКД шахри Рогун, собик ваколатдори гурухи мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадори ШКД шахри Рогун, маъюби гурухи 1-ум.

 

Огоз

            -Шахри Душанбе. Кучаи Ломоносов, гузаргохи 1, хонаи 58 утоки 6. Миёни хона ду курпачаи калон густурда шудааст. Онхо болои колин пахн шудааанд ва гуё майдончаи варзишианд. Миёни он пахлавонбачае гуё ракибашро мунтазир аст.  Атроф пур аз лавозимоти варзиши аст: зинаи девори, гантел, велотачхизот ва гайра. Як чевон дар ин хона пур аз китоб аст. Дар гушае китоби мукаддаси КУРЪОН, тасбех ва чонамозро мебинам. Кати хоб ороста аст. Вале Парвиз руи он хоб рафтану дароз кашиданро дуст намедорад. У руи хона болои хамон ду курпача гел мезанад, машк мекунад, харакат мекунад ва ба шифоёбиаш умед ва боварии зиёд дорад.  Мисли у кам нестанд нафароне, ки сутунмухраи шикаста доранду умед барои шифоёби на! Чизи бехтарин ва умедворкунандае, ки Парвиз дорад, хамон бовари барои зиндагии дубора ва талошу кушиши ба по рост шудан ва дубора рох рафтан аст….

Огози огоз

            -Рустам Холиков дар Донишкадаи хочагии кишлок тахсил мекард. Мисли имруз рохи онхо аз канори рохи Донишкадаи педагогии Душанбе буд. Муаллимаи ояндаеро дуст дошт. Он духтар зодаи дехаи Кулободи нохияи Файзобод буд. Кулободихо чанд бор хостгорхои Рустамро аз Файзобод ноумед ба Восеъ равон карда буданд. Волидонаш духтари худро ба бачаи восеъги ба шавхар додани набуданд.  Аммо кисмат  буда, ки он ду нафар ба хам оянд. Аз ин никох 4 писар таваллуд мешавад. Парвиз яке аз онхост. (11 03 1979) Писари нозпарвар ва шухи оила буд. Замони кудаки дар Восеъ бо бозиву даву тоз ва бегами сипари шуд. Соли 1985 мактаби миёнаи раками 10 уро ба огуш гирифт. Солхои мактаби хамзамон ба машки таблак мерафт. Як муддат ба толори машкии  якхарбахои шарки хам рафта буд.  Солхои охири мактаби ба даврони чанги шахрвандии Точикистон рост омад. Парвиз ба ёд меорад, ки чи гуна дар вазъияти «мухосираи иктисоди»-и кисмати чанубии кишвар зиндагии онхо душвор гашт.Он вакт падараш дар нохияи Рудаки кор мекард ва наметавонист, ки пайваста дар канори оила ва фарзадон бошад. Мехост онхоро ба Душанбе биёрад, аммо чи гуна? Он замон хатто чархболу тайёра хам аз хатар ва хавфи зиёд суи Душанбе ба парвоз намеомад.     Соли 1994. Парвиз бо аъзоёни оилаашон мачбур мешаванд, ки аз Кулоб бо тайёра аввал ба Хучанд ва баъд аз он чо ба Душанбе парвоз кунанд. Тахсилро дар синфи 10 ва 11 дар мактаби раками 60-и нохияи Синои шахри Душанбе давом медихад….

Донишгох. Факултае бо буйи махсус.

            -Парвиз Холиков соли 1995 ба факултаи кимиёи Донишгохи давлатии Миллии Точикистон (гурухи руси) дохил мешавад. Аммо хануз аз замони кудаки у орзуи милиса шуданро дошт. Худаш ба ёд меорад, ки кадом вакте як илоч карда фуражкаи милисагии як марди хамсояшонро ба хона оварда буду онро ба сар монда, худро тамоман дар дунёи дигар тасаввур мекард. У фикр мекард, ки дар куча агар бо он фуражка уро медиданд, чазояш медоданд ва ё ба хабсаш мегирифтанд. Аз ин хотир онро ба куча набароварда, дар хона пеши оина ба сараш монда, завк мебурд. Миёнаи тахсил дар соли 1998 рухсатии академии гирифта, як муддат ба мардикори ба Руссия хам рафт. Соли 2002 — як сол баъди он, ки хамсабакони аввалааш Донишгохро хатм карданд, Парвиз хам дипломи худро ба даст гирифт. Дар 5 соли тахсил хам ин факулта бо буйи махсус натавонист, майлу хохиш ва орзуи кудакии уро тагир бидихад. У бо доштани дипломи кимиёгар хам орзуи либоси милисагиро дошт. Ба орзуяш расид. Баъди хатм ба Раёсати хадамоти давлатии мухофизаи ВКД ба кор омад. Уро бо роххат ба шуъбаи мухофизаи шахри Норак ба хайси «навбатдори шуъба» фиристоданд. Холату хаводиси гуногунро аз сар гузарондааст…

 Коре ки дар он кислотаву ишкору моддахои кимиёви на он кадар заруранд, якчо бо ошноихои нав зиндагии уро ба самти дигар тагир дод…

Акаи милиса…

            -Баъди хатми ДДМТ ва 8 мохи кор дар Хадамоти Давлатии Мухофиза ба у рутбаи лейтенант медиханд. У акнун тачрибаи кори милисаги дошт. Хамон нафаре, ки як  замон Парвиз фуражкаашро ба хонаашон бурдаву ба сар гузошта завк мебурд, дуои некаш дода буду имруз хам ба аёдаташ меояд. Парвиз ба Оби Гарм роххат гирифт. Ваколатдори  кофтукови чинои оид ба ноболигон ва наврасони шуъбачаи минтакавии милиса буд. Дар ин маком аз соли 2002 то соли 2005 кор мекунад.  У аз руи талаботи кораш дар мактабхо бо мухассилин сухбату вохурихо баргузор мекард, конуни кавоиди заруриро ба онхо меомухт ва онхоро ба химояи конун ва риояи талаботи он даъват мекард. Хамон вакт ба у дар шахраки Оби Гарм як манзили 1 хучраги медиханд, ки кисмати ояндаи он 1 хонагиро поёнтар хохем гуфт.

            Соли 2005 у ба хайси ваколатдор ба Шуъбаи мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии ШКД шахри Рогун ба кор мегузарад. Хамкорони каблиаш Парвизро, ки аллакай  номзад ба макоми устоди варзиш оид ба гуштини юнони рими буд, чун чавони варзишгар, тануманд, ва дусти шухтабиату дидадаро ба ёд меоранд. Шароб наменушид. Харчанд, ки хамон шаби нахси 4-5 феврали соли 2005 баъди садама  бисёрихо тахмин мекарданд, ки шояд у махмур буд. Парвиз Холиков дар шахри Рогун тавонист, ки хамаги 6-7 мох ба зидди гардиши гайриконунии маводи мухаддира мубориза бараду халос…

Купруке дар «хаво!»

            -Он солхо рузи кормандони милиса 6 феврал тачлил мешуд. Парвиз ва хамкоронаш дар Рогун нишастро бахшида ба ин сана гузарониданд. У мебоист, барои супоридани хисоботи хармоха ба Душанбе меомад. Хамрохаш 3 хамкораш ва модари як  дусти дигараш буд. Шаби сарду барфие буд. Дар дехаи Гумбулок (хозира Мехробод)-и нохияи Файзобод болои хамон купруке, ки  он замон хатто монеахои пахлуи хам надошт, мошини тамгаи ВАЗ 2106 аз яхи болои рох аз итоати Парвиз, ки сари чамбар буд, мебарояд.  Онхо аз болои хамон купруки вайрона сарозер мешаванд. Парвиз ва хамрохони уро ба беморхонаи марказии Файзобод мебаранд. Яке аз хамкоронашро, ки ба гуфти Парвиз баъди садама худаш ба мошин нишаста буду ба беморхона рафта буд, табибон начот дода наметавонанд. Ду нафар аз ин садама чон ба саломат набурданд, чанд нафари дигар маъюбу шикаста шуданд. Парвиз аз зумраи онхобуд. У холо шаходатномаи нафака дорад, ки дар он уро маъюби гурухи 1 навиштаанд.

Дар он садама сутунмухраи у аз 2 чой шикаста, харроммагзи он зиён дидааст. Вобаста ба холатхои вазнини ин гуна чарохату зарбхо беморон аз 3 то 10 сол бояд табобату ташхис ва хатман харакат кунанд. Чарохати Парвиз хеле вазнин буд.  

У ба ёд меорад, ки то чанд сол пештар хар иду чашнхо ба аёдаташ меомадад, кумаки молиаш мекарданд. Аз хама мухим имруз барои Парвиз таваччух аст. У мегуяд, ки «хар боре ки ба аёдатам хамкоронам дар либоси милисаги меомаданд, ман худро хушбахту сихаттар эхсос мекардам, хаёл мекардам, ки дар хона хам муносибат боз хам  самимитар мегашт»

            Дар хамин гуна холатхо – яъне хангоме ки шахс дар макомоти кудрати кор карда истода, хангоми ичрои вазифаи хизмати бемор ва ё маъюб мешавад, барои мисол  дар Руссия имтиёзхои зиёдеро сохиб мешавад. Масалан, уро бо манзили алохида таъмин мекунанд, табобату нигохбониашро бу душ мегиранд, ба осоишгоху табобатгоххо роххат медиханд. Парвиз хамаи инро медонад…

Худо хеч касро ба…

            -«Худо хеч касро ба милиса ва беморхона гирифтор накунад». Ин маколро шумо хам гумонам, ки хазор бор шунидаед. Аммо тазодро бубинед, ки Парвизи милиса баъди садама як муддат мукими беморхонахо буд. Уро хамон нейрочаррохи машхур Чобулов чаррохи карда буд. Ду карат у дар Душанбе руи мизи чаррохи ба шикам заду як  карат уро дар шахри Новокузнецки Руссия табибон барои чаррохии сутунмухрааш ба пахлу хобонданд.

Вокеан хам дар тибби муосир усули аз пахлуи шикам чок кардану чаррохи кардани сутунмухра мавчуд будааст. Усулхои дигарро кухнаву кадима мегуфтаанд. Парвиз барои хамаи чаррохи ва табобаташ  пулро худаш пардохт кардааст. Замоне, ки барои чаррохии 3-юм  ба Новокузнецк рафтани шуд, дигар гайр аз хамон 1 хонагиаш дар Оби Гарм чизе надошт. Онро фурухту пулашро барои чаррохи ва идомаи табобат  сарф кард. Табибони рус баъди чаррохи тахмин задаанд, ки Парвиз шояд пас аз 2 соли машку табобат ба по рост шавад. Дар мачмуъ, инак 7 сол аст, ки Парвиз бистари аст…

Як умед, як эхсоси гуворои шифоёби Парвизро тарк намекунад, бурди Парвиз — бовариаш ба ояндаи рахшони худаш аст. У пайваста дар харакат аст, машк мекунад, лавозимоти гуногуни варзиши дорад ва мухимтар аз хама рухафтода намешавад, ханузам шух асту хандонру ва бо умед…

Зан об аст об, зан дарёст…

            -Замоне, ки у милиса буд ва дар макоми гуногун кор мекард, ба хонаашон – ба Душанбе мохе 1 ё 2 маротиба меомад. Дурустараш 1 ва ё 2 маротиба омада метавонист. У падари ду духтари нозанин аст, ки яке Мавзуна ном дораду дигаре Мафтуна.  Парвиз накл мекунад, ки «аз он, ки кариб дар хона набудам, кудаконам хатто маро БОБО мегуфтанд, бародарамро дада…»  Дар хавлие, ки холо Парвиз зиндаги мекунад, гайри уву хамсарашу ду духтарчааш, боз падару модараш ва  3 келини дигар бо бародарони Парвиз як чо зиндаги мекунанд.

            Хамсари Парвиз муаллима аст. Ба шогирдон дар мактаб аз фанни забон ва адабиёти точик дарс мегуяд. Хар руз илова ба машгулиятхои таълими, кору бори хона ва тарбияи фарзандон боз ба шавхараш кумак мекунад, пойхои кариб бехаракати уро махс мекунад, ба дилаш умед мебахшад, боварии уро ба зиндаги ва шифоёби  бештар мекунад. Дар 7 соли бемори бистари будани Парвиз, нав акнун нафакаи уро каме бештар аз 700 сомони кардаанд.  Аммо барои Парвиз мухим мухаббати хамсараш  нисбат ба у аст,  ки бо вучуди хама гуна азобу мушкиливу дарду гам кам нашуду тамом нагашт. Чандин нафар «маслихат» медодаанд, ки у зани чавон асту бехтараш Парвизро тарк карда, оилаи дигар бунёд кунад ва зиндагиашро дигарбора огоз созад. Аммо хамсари у дар хамин гуна мухит ба воя расидааст, ки эхтироми шавхарро ончо хатми ба чо меоранд. Парвиз ба ёд меорад, ки хусураш намегузоштааст, ки хамсари у бештар аз 3 руз мехмони хонаи падар бошад. «Рав, духтарам, хизмати шавхарата кун, вай ба дастгирии ту ниёз дорад…» — мегуфтааст. 

            Парвиз кисса мекунад, ки дар тули ин 7 соли бемори ва бистари будан, гайри машкхои доимии харруза, ки кам-кам натичаи хуб дода истодаанд, у чанд карат Куръони Мачидро хонд, чандин китоби бадеиро бо русси ва точики мутолиа кард. Пайваста  сабтхои амри маъруфи воъизонро  гуш мекунад ва аз шабакахои телевизонии махалли Сафинаро бо завк тамошо мекунад. У дар хона ноутбук ва Интернет хам дорад.

Мубориз

            -Парвиз Холиков бо вучуди бемории шадид ва чарохати сутунмухра, ки аз миён поёнашро фалачу бехаракат карда аст, муборизаро барои баргаштан ба зиндагии нав давом медихад, рухи кави ва иродаи мустахкам дорад. Андешахояш умедворкунанда ва дурустанд:

«Бо ин бемори факат хоб рафтану хурдан ва бехаракт будан окибати ногувору дахшатборе дорад. Ман хама гуфтаи табибонро ичро мекунам, хар руз речаи муайяни машку истирохат дорам. Ман бо аробаи маъюби пеши мардум баромадан намехохам. Бо ароба шахс одат мекунад ва дигар барои ба по рост шудан талош намекунад. Худованд такдиру кисмати хамаро як хел нанавиштааст. Фикр накунед, ки касе аз миёни шикаста вафот кард ва ё якумри бистари шуд, шумо хам хамон тавр хохед буд. На! Ба ояндаи нек бояд бовар кард, мушакхои баданро машк бояд дод ва мухимтар аз хама рухафтода ва дилсарду дилшикаста набояд шуд! Аз ин бемори ягон кас  рост аз  руи бистар намехезад, хар касе, ки аз ин бемори ба по хестааст, аз руи хона ва аз руи гуё хамон «майдончаи варзиши»-и руи хонааш бархестааст.»

Дардо, ки рози пинхон хохад шуд ошкоро…

  • Парвиз пинхон мекунад, ки шароиту имконияташ дар хонаи падари нафакагираш  бо чамъи оилаашон он гунае нест, ки мехохаду бояд бошад
  • Парвиз хамкорону хамкурсону дустонашро ёд мекунад, пазмон мешавад
  • Парвиз намехохад ошкор кунад, ки чандин номаву илтичову талабаш вобаста ба бехтар кардани шароиту имкониятхояш бечавобу бенатича мондаанд
  • Парвиз ба воситаи газетаву Радио ва ТВ намехохад, ки аз касеву аз чизе шикоят кунад
  • Парвиз бо тавсияи табиб мехохад, ки хар руз чанд соат дар хавзе оббози кунад. Аммо ки уро ба он чо бурдаву биёрад?
  • Парвиз хамкоронашро, ки як вакт ба аёдаташ меомаданду акнун намеояд, дидан мехохад, бо либоси милисаги дидан мехохад
  • Боз хамон гурури марди намегузорад, ки Парвиз аз касе кумак талаб кунад…

 

Хамин руз (11 март) Парвиз Холиков рузи мавлуд

дорад.

Парвиз, бародари азиз! Ман медонам, ки бароят аз хама киммат чи аст, ман медонам, ки ту он чиро 7 сол аст, ки мунтазири, ман медонам, ки ту барои ба дастовардани он чиз хама дору надоратро доди… Бароят шифо ва сихати мехохам, онро аз Худованд бароят талаб мекунам. Бо доштани он, Ту дигар хама чиз дори…

Зодрузат муборак бошад!!!

комментария 2

  1. салом бародари исломии мо акаи Парвиз!!! ба Шумо аз даргохи Худованд саломати ва шифои комил хохонам. Вокеъанхам кам хастанд нафароне ки зиндагиро дуст медоранду бо дили гарм ва бо чашми кушода ба он назар мекунанд. Худованд хамсари шуморо зани солихаву окила то охири хаётатон дар каноратон нигох дорад ва дилбардору хамсафари неки шумо дар зиндаги бошад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

  2. Салом акаи Субхон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: