Хушбовар ва сабур!

Амирчон Сабури хонанда, охангсоз ва шоири афгон, мутаваллиди вилояти Хирот (Афгонистон) аст. Вай точик аст ва ба забони форси/дарии лахчаи хироти мехонад ва дар Канада сукунат дошта ва акнун дар Узбакистон зиндаги мекунад. Сабури аз 16-солаги ба хунар ва овозхони руй овард.

Амирчон Сабури  таснифхои аглаб охангхояшро низ худаш сохтааст ва хамчунин таснифхои бисёре аз охангхоеро, ки барои дигарон сохта, низ аз сурудахои худи уст. Амирчон Сабури дар хонандагии худ вакфае тулони дошт, аммо дар соли 2005 бо албоме ба номи «Зиндаги хамин аст» ба сахнаи хунари бозгашт.

Сабури дар соли 1360 (такрибан 1982 мелоди) оркестри мусикии ба номи «Гули сурх» ташкил дод, ки дар он хунармандоне чун Фариди Растагор, Хафизи Висол, Кабири Матин, Шарифи Сохил, Наим ва дигарон буданд.

Амирчон Сабури сохиби се писар ва як духтар мебошад. Сабури пас аз 16 соли зиндаги дар хоричи кишвар, сафархое ба Афгонистон доштааст.

Мусохибаи Ахмад Зиё бо Амирчон Сабури:

Амирчон Сабури овозхон ва шоири хуби кишвар, дар мусохиба бо Ахмад Зиё «Ахмади», хабарнигори очонсии Бохтар, дар мавриди албомаш ба номи «Кафасхои тиллои» маълумот дода гуфт: «Ин албом шомили дах порча оханги чадид хохад буд, ки шеър ва охангхои он аз сохтахои худам мебошад».

Вай афзуд: дар аввалхо, ки овоз мехондам ашъори чанд шоир чун Аскарзода Хирави ва Бежанди Самандарро хондаам. Вале 25 сол мешавад, ки ашъор, таснифхо ва охангхои сохтаи худамро хондаам.

Сабури дар мавриди ин ки чанд порчаи шеър сурудааст ва оё мачмуаи шеъри дорад ё хайр, гуфт: ба сурати дакик наметавонам бигуям, ки чанд порчаи шеър дорам, вале мешавад, ки аз онхо як мачмуаи шеъри сохт. Тасмим дорам ба хамкории дустонам бахусус дар Канада бо кушиши яке аз онхо, ки мехохад ашъори маро танзим ва ба чоп бирасонад, мачмуаеро омода бисозам.

У гуфт: аввалин охангамро дар соли 1350 (такрибан 1972 мелоди) дар Фестивали милли ва махалли дар Кобул хондам, ки барандаи чоизаи савуми хамин фестивал шуд.

Вай дар мавриди зиндагии шахсии худ гуфт: муддати 11 сол дар Узбекистон зиндаги мекардам ва худуди якуним сол аст, ки дар Канада зиндаги менамоям. Чахор фарзанд дорам, се писар ва як духтар. Фарзанди калонам писар буда ва Али Сино ном дорад ва 23 сола мебошад.

Амирчон Сабури дар робита ба ин ки оё гохе ошик шудааст, гуфт: аз вакте ки худро мешиносам, ошик будаам, вале он ишке аст, ки ман барои худ сохтаам. Ишке, ки тавассути чашмонам пайдо нашуд, тавассути равони худ ва тавассути андешаи худ барои худ сохтаам, ки он ишки тахайюли аст. Хамеша дар чустучуи он ишке хастам, ки маро ба зиндаги пайванд бидихад. Маро ба хонавода, Ватан ва ба дустонам пайванд бидихад. Ошик шудан танхо ба ин мафхум нест, ки касе як духтарро дуст дошта бошад. Ба ин мафхум хеч вакт ман ошик набудаам. Хуш доштам касеро дуст бошам, ки маро бо зиндаги пайванд бидихад. Барои ман шеър бидихад. Барои ман илхом бидихад.

Аз як мусохибаи дигар:

— Охангхои албоми чадиди шумо ба номи «Зиндаги хамин аст», дар як калом аз як су киссаи гусса ва андух, аз чониби дигар чавлонгохи орзуву умед аст, чи ангезахое боиси офариниши ин асар шуд?  

— Дар сохтани албоми «Зиндаги хамин аст» дарди мардум ва аз суи дигар тасодуфан дар гурбат ва дури аз Ватан, доштани вакти кофи барои фикр кардан ва имконоти хуб барои офаридан, сабаб шуд то дарди мардумро ба забони оханге, ки худ наметавонистанд баён доранд, баён кардам. 

— Мусалламан иддаи зиёде аз алокамандони хунар дар мавриди шумо ва осоратон шинохт доранд, вале камтар касеро метавон ёфт, ки дар бораи зиндагии шахсии шумо чизе бидонад. Шояд ин фурсате бошад, то дустдоронатон каме хам дар бораи зиндагии шахсиатон бидонанд.

— Зиндагии шахсии ман бо лутфи Парвардигор хуб аст ва ман рози хастам. Чахор фарзанд, се писар ва як духтар дорам, ки хама маро дуст медоранд. Хамсарам бо мухаббати зиёд маро бо корхоям ташвик менамояд ва мо аз шуруи зиндагии муштарак то хамин акнун хамдигарро дуст дорем ва ба хамдигар эхтиром коилем.

— Бо иддае аз дустони дигар, ман ин саодатро дорам, ки бо шумо ошноии наздик дорам, вале барои касоне, ки шуморо аз наздик намешиносанд бигуед, ки Амирчон Сабуриро худ чи гуна мебинед?

— Амир Сабури шахси содаи хушбовар, аммо дар кашокаши зиндаги сабур аст.

Бархе аз охангхои Амирчон Сабури:

1. Зиндаги хамин аст.

2. Шаби ялдо.

3. Кух ба кух намерасад, одам ба одам мерасад.

4. Хамон вактхо, ки шахр шахри кухна буд.

5. Барои дилбари механ бихонам, ба ёди хушаву хирман бихонам.

6. Шахри холи.

7. Дилам чун мавч меларзад, чи мавче мавчи пурхасрат.

8. Бигу бо ман, бигу ёри мусофир.

9. Остини кухна доштем, аз мо гузашти.

10. Бирав, ки дилтангам.

11. Баргардам ба Хирот.

12. Дили ту аз мо хабар надорад.

http://fa.wikipedia.org/wiki  

http://www.afghanistan.fi  

http://afghanson.com

комментария 4

  1. Асалом ровии хушовози радиои Ватан. Авал шуморо бо Бахор табрик мегуем. Баъдан як хохиш доштем аз шумо. Дар бораи Вали сарояндаи эрони, ки баТочикистон меояд, дар бораи зидагии у менавиштед?

    • Саломалейк….Нарузу Бахори Шумо хам муборак бошад! Соли гузашта Вали дар мехмонии Радиои мо буд. Имсол дар Сафина мехмон буд. Сабти сухбати уро мо кучое дар хазина доштем…

  2. Cаломалейк…Аз руи шуниди ман А. Сабури як мусохиба дар ТВС дорад. Дар накшахои Радио ташкили ин гуна муохиба холо нест.

  3. Salom akai Subhon shunidem ki A.Saburi ba nazdiki ba Tojikiston meoyd. Ba radioi shumo ham ba mehmoni davat meshavad ?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: