Гугуш! Сиришта бо мусики ва наво!

    Фоика Оташин мулаккаб ба Гугуш дар 18-уми бахмани соли 1329 дар хиёбони Сарчашмаи Техрон ба дунё омадааст (5-уми майи соли 1950 http://ru.wikipedia.org). Аз хамон кудаки Гугуш садояш карданд. Номи Фоикаро бар асоси номи модараш, яъне Фоиза интихоб кардаанд. Аввалин фарзанди хонавода буд ва дорои як бародар ба номи Фаридун буд, ки як солу хашт мох аз Гугуш хурдтар буд ва дар синни 24-солаги бар асари як бемори даргузашт. 

 

Падараш Собир Оташин, аз Озарбойчони Эрон буд ва модараш аз Озарбойчони шурави ва дустонашон, яъне касоне, ки аз мухочирин буданд бештар армани – масехи буданд ва исми Гугуш байнашон бисёр марсум буд ва ба хамин далел падараш исми Гугушро барои духтарак интихоб кард.

Дар як сомонаи дигар омадааст, ки:

«Дар хамсоягии онхо як хонаводаи армани зиндаги мекарданд, ки уро аз кудаки бо номи Гугуш садо мезаданд ва бо ин ки Гугуш маъмулан исми марди армани аст, аммо ин исм барои хамеша мондагор шуд ва баъдхо ки у кори хунариро шуруъ кард хамин исмро ба худаш гузошт».

Гугуш бар тибки таърихе, ки дар шиносномааш сабт шуда, 18-уми бахманмохи соли 1329 ба дунё омад, аммо худи у мегуяд, ки бинобар гуфтаи модараш рузи 15-уми урдибихишт ба дунё омада. Падараш дар Техрон ва шахрхои бузургу кучак, барномахои хунари ичро мекард. Ду сола буд, ки хамрохи падар ба руи сахна рафт, аммо на барои овоз хондан.

Вакте Гугуш 2-сола буд, Собир Оташин аз хамсараш чудо шуд ва сарпарастии Гугуш ва бародари кучактарашро ба ухда гирифт. Ба ин тартиб, Гугуш ва бародараш бо падарашон зиндаги мекарданд ва ба хамин далел харчо ки Собир Оташин барнома дошт Гугуш хам хузур дошт.

Гугуши 3-сола руи сахна таронахои Дилкаш, Пурон ва Марзияро таклид мекард. Худаш мегуяд, ки маънии калимотро намефахмидам, факат мехондам. То муддате бо падараш дунафари барнома ичро мекарданд, аммо баъд падараш ба мурур корашро канор гузошт ва Гугуш аз синни 4-солаги ба шакли расми ноновари хона шуд.

Духтараки хурдакак вакте ба 6-солаги расид падараш барои бори савум издивоч кард, ки ин издивоч таъсири зиёде бар зиндагии Гугуш гузошт ва то рузи издивочи худи Гугуш, бо ин хонум, яъне хамсари падараш зиндаги мекард. Ин зан (хамсари падараш) сохиби ду писар буд, ки яке аз ин писархоро Гугуши хурдакак нигохубин мекард. Гугуш бо вучуди синни кам, хам мактаб мерафт, хам барнома ичро мекард ва замоне хам, ки дар хона буд масъули мурокибат аз додараш ва анчоми бархе аз корхои хона буд.

Идомаи тахсил барои Гугуш бисёр душвор буд, шабхо дер мехобид ва субх зуд бояд бедор мешуд ва ба мактаб мерафт ва ин аз ухда ва тавони дар синну соли у хорич буд. Дар айни хол, мачбур буд барои ичрои барнома бо падараш ба шахрхои мухталиф сафар кунад ва ба хамрохи ин бозигари филмхои синамои хам буд, бо ин мушкилот ва душворихо, тахсилоти ибтидоиро ба хар захмате буд тамом кард, аммо фаъолиятхои хунари ба у ин фурсатро надод, ки ба тахсилоташ идома дихад ва ба ночор мактабро тарк кард, аммо забони англисиро хеле хуб ёд гирифт.

Хабарнигори мачаллаи «Умеди Эрон», дар хамон рузхо менависад:

«Сардабир ногахони ва бо ачала аз ман хоста буд, ки репортажи муфассале аз Гугуш тахия кунам ва ба хамин далел, шабона ба пушти сахнаи театр рафтам. Гугуш дар канори ойина, пушти мизе нишаста буд ва ба дасти чап мушгули машк навиштан буд ва дар хамон чо ман гуфтугуро шуруъ кардам…»

Гугуш дар 7-солаги аввалин филми синамоии худро бози кард. Дар ин филм, ки «Бим ва умед» ном дошт Гугуши 7-сола ифогари накши аввали филм буд. Собир Оташин сарпарасти корхои духтараш буд ва у буд, ки карордод мебаст, ки Гугуш дар чи филме бози кунад. Худаш намедонист, чи касе накши мукобилашро ифо хохад кард? Киссаи филм чист?… Падараш карордод мебаст ва духтарак ичро мекард ва ба хамин далел дар он солхо, дар хар навъи филме бози кард.

Нахустин издивоч

Гугуш дар 17-солаги бо Махмуд Курбони ошно шуд ва ин ошнои дар 18-уми бахманмохи соли 1346 ба издивоч анчомид, 18-уми бахман дарвокеъ рузи таваллуди Гугуш низ буд. Дар обонмохи соли 1347 Гугуш модар шуд, модари 18-сола ва номи писарашро Комбиз гузошт. Баъд аз издивоч, Гугуш хамрохи хамсараш ба Амрико рафт. 

Бо дархости ширкати Barclay, ки мудири он Эди Бокли буд ва ин карордод дар соли 1970 имзо шуда буд, Гугуш бояд дар Париж икомат мекард то тавассути муаллимхои махсус омузишхои лозимро медид. Гугуш бо хамсар ва писараш ба Париж рафт ва хашт мох дар ин шахр икомат дошт ва дар тайи ин муддат лахчаи фаронсавиро омухт.

У ба Тунис сафар карда буд ва баъд аз он ба Эрон бозгашт… Дар хамин давра, байни Гугуш ва Махмуд Курбони ихтилоф ба вучуд омад ва ба дунболи он баъд аз панч соли зиндагии муштарак аз хам чудо шуданд. Пас аз чудои Гугуш дар Эрон монд.

Издивочи дувум

Дар таърихи 24-уми обонмохи соли 1354 Гугуш ва Бехрузи Вусуки издивоч карданд, издивоче бисёр сода ва бесару садо, ки факат чанд тан аз дустони бисёр наздикашон дар маросими акд хузур доштанд. Гугуш илова бар овоз хондан ва бозигарии синамо ба фаъолиятхои хунарии дигар низ машгул буд, монанди барномахои телевизиони ва радиои.

Издивочи севум     

Гугуш дар соли 1356 бо Хумоюн Мисдоки, ки сохиби чандин ширкати бима буд ошно шуд ва баъд аз муддате бо вай издивоч кард. То чандин мох кабл аз инкилоб ва дар рузхои хукумати низоми дар Эрон, ки корхои хунари ва ба вижа мусики таътил буд Гугуш ба хамрохи хамсараш ба Фаронса рафт.  Пас аз чанде ба Лос-Анчелес даъват шуд, ки икоматашон дар Лос-Анчелес дувуним мох тул кашид ва дар хамон замон низ низоми хоким бар Эрон дучори дигаргуни шуд. Авзои Эрон ба кулли тагйир ёфт. Чун дар низоми чадиди хоким бар Эрон овоз хондан барои хонумхо ба кулли мамнуъ буд. Гугуш ва хамсараш ба ночор бо ёрии яке аз дустонашон ба Нью-Йорк рафтанд ва дувуним мох дар Нью-Йорк икомат доштанд ва дар ин чо Гугуш бо як тасмими ногахони, касди бозгашт ба Эронро кард.  

Гугуш баъд аз 12 соли зиндагии муштарак бо Хумоюни Мисдоки дар соли 1368 аз хам чудо шуданд. У хамчунон дар сукут ва инзивои хеш зиндаги мекард, то ин ки дар соли 1370 бо Масъуд Кимиёи коргардони синамои Эрон издивоч кард.     

Вале дар яке аз сомонахои дигар чунин омадааст:

«Гугуш дорои як фарзанд ба номи Комбиз аст. У то соли 1379 дар Эрон буд ва дар соли 1379 (2000 мелоди) ба Амрико рафт. Гугуш се бор издивоч кардааст, хамсари аввали у Махмуд Курбони, падари Комбиз аст ва хамсари дувуми у Бехруз Вусуки, бозигари мохири кадимии Эрон аст ва хамсари севуми у Масъуд Кимиёи, коргардони эрони аст, ки аз ин се издивоч як фарзанд ба номи Комбиз дорад».  

http://nejatmanesh.blogfa.com

http://forum.irantrack.com  

http://30namairan.persianblog.ir  

комментария 3

  1. Cубхон, оличаноб! Ман лаззат бурдам аз ин макола, сурудхои Гугушро ва садои форамашро дуст медорам! Ана пас аз ин маколаро хондан фахмидам чаро хамкорам Мая, ки асалан аз Озарбочон аст писарашро Гугулик гуфта чег мезад (яъне ба саволи чаро Гугулик гуфт ки аслаш Гугуш номи мардхо аст аммо Гугулик ба фикрам хело нарм ва форамтар ба гуш садо медихад…)

  2. Субх ба хайр акаи Субхон. Мебинем, ки да блогатон дар бораи овозхоно хам менависед, мо ду се донишчу блоги шумоя хондестем, мехостем, ки аз зиндагии Бежан ва Муин ягон чи нависед?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: